Ҷоҳилият – YI

Ҷоҳилият – YI

Бахши шашум

Сайидюнуси Истаравшанӣ

 Муаррифии ҷоҳилият барои подшоҳи Ҳабаша

7) Аз ахборе, ки метавонад чистии ҷоҳилиятро барои мо муаррифӣ кунад, ривоятест, ки тақрибан ҳамаи муҳаддисон ва таърихнигорони исломӣ бо санад нақл кардаанд ва дар бораи ҳиҷрати шуморе аз мӯъминон дар садри ислом ба Ҳабаша (Эфиопия) ва муаррифии ҷоҳилият аз забони онҳо ба Наҷҷошӣ, фармонравои Ҳабаша аст, ки масеҳӣ буд.

Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (р), яке аз ҳиҷраткардаҳо буд, ӯ дар дарбори Наҷҷошӣ ба таърифи ойини ислом пардохт ва ин ки ин дини ҷадид мардумро аз ҷоҳилият наҷот додааст. Вай гуфт:

“Ҷаноби Наҷҷошӣ! Мо мардуме нодон ва бутпараст будем. Аз хӯрдани мурдор худдорӣ намекардем ва аз фаҳшо рӯйгардон набудем. Бо хешони худ ба некӣ рафтор намекардем ва эҳтироми ҳамсоягонро нигоҳ намедоштем.

Инон (яъне намояндагони мушрикони Қурайш, ки ба назди Наҷҷошӣ омада буданд), ки аз ҷониби сарони мо ба манзури бозгардондани мо ба инҷо омадаанд, пайрави бадтарини ойинҳо ҳастанд: сангҳоро мепарастанд ва барои бутон намоз мегузоранд ва пайванди хешовандонро мегсаланд ва даст ба зулм ва ситам мезананд, маҳорими худро ҳалол мешуморанд, зӯрмандони мо саъй дар нобудии заъифон доранд ва ҳаққи якдигарро риоят намекунанд.

Мо чунин будем, то дар ин вазъи асафангез ва дунёи торик, Худованди олам пайғамбар дар миёни мо барангехт, ки насаб ва садоқат ва амонат ва покии ӯро ба хубӣ мешинохтем.

Ӯ моро ба парастиши Худованди якто ва итоати ӯ ва тарки он чи худ ва падаронамон мепарастем, фаро хонд. Ӯ моро аз парастиши сангҳо ва ҷисмҳои беҷон ва қиморбозӣ ва зулм ва ситам ва хунрезии бемаврид ва зино ва рибохорӣ ва хӯрдани мурдор ва хун барҳазар дошт ва ба адл ва эҳсон ва ростӣ ва дурустӣ ва амонатдорӣ ва некӣ нисбат ба хешон ва ҳамсоягон даъват фармуд ва аз хӯрдани моли ятим ва иртикоби фаҳшо ва мункар ва дурӯғ наҳй кард ва дастур дод, то Худои ягонаро парастиш кунем…

Мо низ, ки ин суханони нағз ва санҷидаро аз вай шунидем ва худи ӯро дар амал чунин дидем, ба вай имон овардем ва гуфтаи ӯро тасдиқ кардем. Ҳар чиро ҳалол карда буд, бар худ ҳалол карда ва он чиро ҳаром дониста буд, ҳаром шумурдем.

Қавми мо вақте вазъро чунин диданд, бо мо ба душманӣ бархостанд ва ба озору шиканҷаи мо пардохтанд ва саъй карданд, моро аз ин таъолими ҳаётбахш мунсариф созанд ва бори дигар ба парастиши бутҳо водоранд.

Чун корро бар мо танг гирифтанд ва монеъи диндории мо шуданд, ба дастури пайғамбар рӯ ба кишвари шумо овардем, то дар паноҳи адли шумо аз осеби онҳо рӯзгоре чанд дар амон бошем ва умедворем, ки дигар дар инҷо ситаме набинем.”

(Ин суханронӣ тақрибан дар ҳамаи китобҳои таърихӣ нақл шудааст, аз ҷумла метавонед ба Таърихи Табарӣ муроҷеа кунед.)

* * *

Хуб, комилан равшан аст, ки ин хӯйҳо ва рафторҳо, ки Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (р) барои Наҷҷошӣ бармешумурад ва ба унвони хислатҳо ва рафторҳои даврони ҷоҳилият маъруфанд – яъне нодонӣ, иртикоби фаҳшо, некӣ накардан ба хешон, эҳтиром нагузоштан ба ҳамсоягон, бутпарастӣ, зулму ситам, зӯргӯӣ ва ҳаққи ҳамдигарро риоят накардан, қиморбозӣ ва ғайра – чунин нест, ки дар он даврон фақат хӯю хислати араби пеш аз замони ҳазрати Паёмбар (с) буда ва мардумони сарзаминҳои дигар дар он даврон мисли Рум ва Форс ва ё ҷоҳои дигар, домонашон аз онҳо пок будааст. Ҳаргиз! Ва балки бино бар он чи таърих нақл мекунад, вазъашон аз ин назар басо бадтар ва вахимтар аз аъроб буда, ки дигар маҷол нест як-як нақл кунам мисли издивоҷ бо маҳорим ва иртикоби анвоъи фаҳшо ва ғайра.

Бинобар ин, агар дар имрӯз низ мо бо мардумоне рӯ ба рӯ шавем, ки ҳарчанд ба зоҳир олуфта буда, вале олуда ба анвоъи фаҳшо ва гирифтор ба ин хислатҳое, ки Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (р) бармешумурад бошанд, инҳо низ ҷоҳиланд яъне дар ҷоҳилият ба сар мебаранд.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷумалоти омӯзанда аз Суқрот
Ожонси мубориза бо коррупсия: 24 миллион сомонӣ (муодили ду миллион доллар) дар Вазорати дифоъ ба сирқат рафтааст

Матолиби пурбоздид