Ҷузъиёти ҳамлаи мушакии густардаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли Исроил
Ахбори байналмилал
Ҳизбуллоҳи Лубнон аз марҳилаи аввали амалиёт дар вокуниш ба терури Фуод Шукр бо шиллики 320 рокет ва паҳпод ба сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.
Ба гузориши Исно, дар пайи ҳамлаи мушакии густардаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли сарзаминҳои ишғолӣ, Йоав Галлант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ барои 48 соати оянда, “вазъияти изтирорӣ” (фавқулъода) дар Исроил эълом кард. Тамоми савоҳили Ҳайфо ба далели вазъияти амниятӣ, ба рӯйи исроилиҳо баста шуд.
Манобеъи хабарӣ гузориш доданд, ки 320 рокет аз хоки Лубнон ба самти Алҷалил ал-ғарбӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ шиллик шудааст. Дар Исроил тахмин зада мешавад, ки Ҳизбуллоҳ омодаи шиллики ҳудуди 1000 мушак ба умқи Исроил шудааст.
Хабарнигори Алмаёдин гузориш дод, ки муқовамат дар вокуниш ба таҷовузи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон, умқи Алҷалил ал-ғарбӣ ва Ҷулони ишғолиро ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор додааст.
Дар пайи ин ҳамалот, Ҳизбуллоҳ дар аввалин баёнияи худ эълом кард: ”Дар саҳаргоҳи арбаъини Имом Ҳусайн алайҳис салом, сарвару солори шаҳидон, имоми озодагон ва мазҳари фидокорӣ ва навъдӯстӣ ва сарбаландӣ ва дар чорчӯби вокуниши аввалӣ ба таҷовузоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Бейрут, ки мунҷар ба шаҳодати Фуод Шукр раҳматуллоҳи алайҳ ва теъдоде аз мардуми шарифи кишвар шуд, размандагони муқовамати исломӣ, марокиз, подгонҳо ва гунбади оҳанини душман дар шимоли Фаластини ишғолиро бо теъдоди зиёде мушак ва ба самти як ҳадафи хосси низоми режими саҳюнистӣ, ки мутаъоқибан эълом хоҳад шуд чӣ ҳадафе аст, ҳадаф қарор доданд. Муқовамати исломӣ дар Лубнон ҳамакнун ва дар ин лаҳазот, дар болотарин омодагии худ қарор дорад ва ҳар гуна таҷовузи режими саҳюнистӣ бавежа дар сурати осеб дидани ғайринизомиён, ҳамроҳ бо муҷозоти сахт ва бисёр шадид хоҳад буд.”
Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияи дуввуми худ эълом кард: “Бо истиъонат аз Худованди Мутаъол марҳилаи аввал бо муваффақияти комил ба поён расидааст. Ин марҳила ҳадаф қарор додани подгонҳо ва маконҳои исроилӣ барои инҳидоми мавонеъ дар масири мушакҳо ва паҳподҳо барои аҳдофи амиқтар буд. Сониян, теъдоди мушакҳои партобшуда ба самти мавозеъи душман то кунун аз 320 фаротар рафтааст. Севвум, марокизе, ки ба ёрии Худованди Мутаъол ҳадаф қарор гирифтанд ва осеб диданд, шомили:
1) Пойгоҳи ҳавоии Мирун;
2) Оромгоҳи Нифи Зев;
3) Пойгоҳи Зотун;
4) Истабли Зоъуро;
5) Поядашт;
6) Подагони Кило дар Ҷулони ишғолӣ;
7) Подагон UF дар Ҷулони ишғолӣ;
8 ) Пойгоҳи Нафоҳ дар Ҷулони ишғолӣ;
9) Пойгоҳи Йордан дар Ҷулони ишғолӣ;
10) Маркази Айн Зитим;
11) Подагони Ромут Нафтолӣ.
– будааст.
Артиши саҳюнистӣ низ эълом кард, дар як соати гузашта ҳудуди 150 партоби мушак аз Лубнон ба самти сарзаминҳои ишғолиро расад кардааст.
Нишасти вежаи амниятӣ дар Вазорати ҷанги Исроил
Дар пайи ин ҳамалот, нишасти вежаи амниятии режими саҳюнистӣ бо ҳузури Бенёмин Натонёҳу, нахуствазир, Йоав Галлант, вазири ҷанг ва Ҳертси Ҳолевӣ, раиси Ситоди кулли артиши саҳюнистӣ дар маҳалли Вазорати ҷанг дар минтақаи амниятии Кириё баргузор шуд.
Шабакаи 13 телевизиони режими саҳюнистӣ аз баста шудани ҳарими ҳавоии Фаластини ишғолӣ бар рӯйи кулли парвоз хабар дод.
Ҳамзамон бархе аз манобеъи маҳаллӣ аз ихлол дар системи GPS дар бисёре аз манотиқи Фаластини ишғолӣ хабар доданд.
New York Times низ ба нақл аз Шон Саут, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Омрико гузориш дод, Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико аз наздик вазъияти Ховари Миёнаро, ки дар он Исроил ва ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон табодули ҳамалот анҷом доданд, зери назар дорад ва ба мақомоти омрикоӣ дастур дода, ки дар тамоси доимӣ бо тарафи исроилӣ бошанд.
РӯзномаиTimes of Israel ҳам навишт, Йоав Галлант, вазири ҷанги Исроил, дар ин хусус, бо Ллойд Остин, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯ кард.
Галлант дар ин гуфтугӯ гуфт: “Мо ҳамалоти дақиқеро дар Лубнон анҷом додаем, то таҳдиде қарибулвуқӯъ алайҳи шаҳрвандони Исроилро хунсо кунем. Мо таҳаввулоти Бейрутро аз наздик дунбол мекунем ва мусаммам ҳастем, ки аз ҳамаи абзорҳои дар ихтиёр барои дифоъ аз шаҳрвандони худ истифода кунем.”
Ин рӯзнома аз забони Шое Саут таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба ҳимоят аз Исроил идома хоҳад дод.
Қаламонлайн