Ҷулонӣ: Мо таҳдиде барои Исроил нестем!

Ҷулонӣ: Мо таҳдиде барои Исроил нестем!

Байналмилал

Reuters муҳтавои номаи Ҷулонӣ ба Омрикоро фош кард: “Ҳеч таҳдиде алайҳи Исроил нахоҳем буд!”

“Мо дигар таҳдид нестем!” Ин паёми возеҳи ҳуккоми Димишқ ба Вошингтун аст. Reuters гузориш дод, ки Сурия дар номае катбӣ, ба аксари шартҳои Омрико барои коҳиши таҳримҳо ва оддисозии равобит посухи мусбат дод.

Хабаргузори Reuters бо интишори гузорише фош кард, ки давлати шӯришиёни ҳоким бар Сурия, дар як номаи катбӣ, ба феҳристи шартҳои омрикоӣ барои коҳиши бахше аз таҳримҳо ва оддисозии равобит миёни Димишқ ва Вошингтун посух дода ва аксари шартҳоро пазируфта, аммо бархе дигар ниёзманди “тафоҳумоти мутақобил” бо Вошингтун аст.

Бар асоси ин гузориш, аз ҷумлаи мавориди матраҳшуда дар ин нома, ташкили як кумита барои “назорат бар фаъолиятҳои ҷиноҳҳои фаластинӣ” ва иҷоза надодан ба ҳеч гурӯҳи мусаллаҳи фаластинӣ аст.

Ин нома танҳо чанд рӯз пеш аз боздошти масъули ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар Сурия, Холид Холид ва масъули Кумитаи созмондиҳӣ, Абӯалӣ Ёсир дар Димишқ барои тарафи омрикоӣ ирсол шудааст.

Дар номаи мазкур ҳамчунин омадааст: “Бо вуҷуди имкони идомаи баҳс дар мавриди ин мавзӯъ, мавзеъи куллӣ ин аст, ки мо иҷоза нахоҳем дод Сурия ба манбаъи таҳдид барои ҳеч тарафе, аз ҷумла Исроил, табдил шавад.”

Гай Элстер, хабарнигори исроилӣ низ дар паёме дар сафҳаи Х ба нақл аз Reuters таъйид кард, ки давлати шӯришиёни ҳоким бар Сурия, дар номае ба Иёлоти Муттаҳида таъаҳҳуд кардааст, ки Исроилро таҳдид накунад. Иттилооте низ дар мавриди фаъолиятҳои муртабит бо силоҳҳои шимиёӣ ироа кардааст. Бо ин ҳол, пешрафти чандоне дар хусуси барканории ҷангҷӯёни хориҷӣ аз маносиби калидӣ мушоҳида нашудааст.

Reuters навишт, ки Димишқ эълом карда, ки масъалаи ҷангҷӯёни хориҷӣ дар артиш ниёзманди ҷаласаи машваратии густардатар аст. Бо ин ҳол, судури дараҷоти низомӣ барои онҳо ба ҳолати таълиқ даромадааст.

Моҳи пеш Иёлоти Муттаҳида феҳристе шомили 8 шарт ба Сурия ироа дод, ки хостори таҳаққуқи онҳо аз сӯйи шӯришиёни ҳоким бар ин кишвар буд. Ин шурут шомили тахриби ҳар гуна захоири боқимонда аз таслеҳоти шимиёӣ ва итминон аз адами тахсиси маносиби раҳбарӣ ба афроди хориҷӣ дар давлати ҷадид буд.

Аз сӯйи дигар, намояндаи Кунграи Омрико Марлен Штутсман низ шомгоҳи панҷшанбе гуфт, ки Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ, саркардаи шӯришиёни Сурия хостори пайвастан ба тавофуқи оддисозии равобит бо Исроил аст.

Ин намояндаи Кунграи Омрико ба ҳамроҳи Кори Миллс, яке дигар аз намояндагони Омрико дар ҳафтаи ҷорӣ барои дидор бо саркардаи шӯришиёни Сурия ба Димишқ сафар карда буд.

Кори Миллс гуфта буд, ки паёмеро аз тарафи Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ ба Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико мунтақил хоҳад кард.

Бар асоси гузориши расонаҳо, Ҷулонӣ дар муқобили оддисозии равобит бо Исроил, хостори таваққуфи ҳамалоти Исроил ба Сурия ва ҷилавгирӣ аз таҷзияи ин кишвар шудааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тромп эълом кардааст, омодааст бо Раҳбари Эрон ё Пизишкиён дидор кунад
Таъкиди Оятуллоҳ Хоманаӣ дар мавриди пайгирии авомили оташсӯзӣ дар Бандар-Аббос

Матолиби пурбоздид