Ҷулонӣ хостори халъи силоҳи гурӯҳҳои фаластинӣ шуд

Ҷулонӣ хостори халъи силоҳи гурӯҳҳои фаластинӣ шуд

Ахбори байналмилал

Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари Таҳрири Шом, ба гурӯҳҳои фаластинии ҳозир дар ин кишвар гуфт, ки бояд силоҳи худро таҳвил диҳанд.

Eremnews ба нақл аз як манбаъ дар “Ҷабҳаи мардумӣ барои озодсозии Фаластин” хабар дод, ки гурӯҳҳои фаластинӣ бо Муҳаммад ал-Ҷулонӣ (Аҳмад аш-Шаръ), раҳбари Таҳрири Шом, дидоре баргузор карда буданд.

Бар асоси ин гузориш, ин дидор дар урдугоҳи Ярмук дар Димишқ баргузор шудааст.

Ин манбаъ гуфт: “Идораи амалиёти низомӣ (вобаста ба Таҳрири Шом) аз гурӯҳҳои фаластинӣ хостааст, ки пойгоҳҳои низомии вобаста ба худро таҳвил диҳанд.

Дар ин нишаст намояндагоне аз “Ҷабҳаи мардумии озодии Фаластин”, “Ҷабҳаи демукротик барои озодии Фаластин”, “Ҷиҳоди Исломӣ” ва “Ҷабҳаи муборизаи мардуми Фаластин” ҳузур доштанд.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғулҳои расонаӣ ва афкори умумӣ
Ҳамалоти паҳподии Яман ва муқовамати Ироқ ба мавозеи исроилӣ

Матолиби пурбоздид