Ҷумлае бо ҳамразмони собиқам дар АОТ

Ҷумлае бо ҳамразмони собиқам дар АОТ

Паёми Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бо камоли эҳтиром ба яко-яки азизони аъзо дар Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ), ба иллати носозгорӣ бо мавозеъи сиёсӣ, дигар дар ин ҷунбиш нестам. Яъне ҳамон тавре, ки пештар, аз Шӯрои раҳбарии ПМТ берун омадам ва ба ихтиёри худам, инак аз Шӯрои раҳбарии созмони Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) хориҷ мешавам.

Ва аз ин ки чандин сол бо ҳам ҳамкорӣ ва фаъолият доштем, ба яко-яки дӯстон миннатдорам.

Ва дар охир, ин тавсияи бародаронаро аз ман дошта бошед: саъй кунем, сиёсат моро аз одаму одамгарӣ берун накунад, мавозеъи сиёсӣ доштан як чиз аст, аммо ИНСОН будан чизе дигар.

Дуо мекунам, аз ин озмоишҳои ахир, ки тамоми дунёро фаро гирифта сарбаландона берун ойед; алъон замон замони бисёр сарнавиштсоз аст, сиёҳро аз сафед ва чоҳро аз роҳ ҷудо месозад ва дар ҳоли бардоштани ниқобҳо аз чеҳраи инсонҳост.

Худо қувват!

Бо камоли эҳтиром, Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сайиднуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фирор кунед то зинда бимонед
Сахттарин ҳамла

Матолиби пурбоздид