Ӯ маслиҳати ту беҳтар донад…

Адаб

Ӯ маслиҳати ту беҳтар донад…

Саъдӣ дар баёни ҳикояте мегӯяд:

Мӯсо (алайҳис-салом) дарвешеро дид аз бараҳнагӣ ба рег андар шуда.

Гуфт: Эй Мӯсо! Дуо кун, то Худои азза ва ҷалла маро кафофе диҳад, ки аз бетоқатӣ ба ҷон омадам.

Мӯсо дуо карду бирафт.

Пас аз чанд рӯз, ки бозомад, мардро дид гирифтор ва халқе анбӯҳ бар ӯ гирд омада.

Гуфт: Ин чӣ ҳолат аст?

Гуфтанд: Хамр хӯрдааст ва арбада карда ва касеро кушта. Акнун ба қисос фармудаанд.

وَلَوْ بَسَطَ اللّه ُالرِّزْقَ لِعِبادِهِ لَبَغَوَ فِی الارْضِ

“Агар Худованд дари ҳар навъ рӯзиро бар бандагонаш мегушуд, дар замин ситам пеша мекарданд”. (Сураи Шӯро, ояти 27)

Мӯсо ба ҳикмати ҷаҳонофарин иқрор кард ва аз таҷосури хеш истиғфор.

Паёми достон:

Он кас, ки тавонгарат намегардонад,

Ӯ маслиҳати ту аз ту беҳтар донад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳофиз ва маю шароб
Носазогӯӣ ва посухи ҳаким

Матолиби пурбоздид