Аввалин вокуниши Сипоҳи Посдорон ба ҳузури фармондеҳи CENTCOM дар Масқат
Ахбори байналмилал
Дар паи ҳузури фармондеҳи Ситоди фармондеҳии марказии артиши ИМА (CENTCOM) дар Масқат, ҳисоби корбарии марбут ба Сипоҳи Посдорон дар фазои маҷозӣ аввалин вокуниши худро баён кард.
Дар ин паём омадааст:
«Ниёзе ба эъзоми фармондеҳони низомӣ нест; ҳар ҷо ва ҳар замоне, ки лозим бошад, мо “Хайбар”-ро хоҳем фиристод».
Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки сафар ва таҳаррукоти ахири мақомоти низомии Амрико дар минтақа бо вокунишҳо ва ҳушдорҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯ ба рӯ шудааст. Паёми мазкур ба унвони ишорае ошкор ба омодагӣ ва тавоноии боздорандаи Сипоҳи Посдорон арзёбӣ мешавад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













