Баёнияи Вазорати хориҷаи Уммон дар бораи музокирот
Ахбори байналмилал
Баёнияи Вазорати хориҷаи Уммон дар бораи музокироти ғайримустақими Эрон ва Омрико
Вазорати умури хориҷаи Уммон эълом кард, вазири хориҷаи ин кишвар дар ҷараёни мизбонии музокироти ғайримустақими марбут ба парвандаи ҳастаии Эрон дар Масқат, бо ҳайатҳои эронӣ ва омрикоӣ ба сурати ҷудогона дидор ва бар зарурати фароҳамсозии шароити муносиб барои азсаргирии музокироти диплумотик ва фаннӣ таъкид кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати умури хориҷаи Салтанати Уммон, имрӯз (ҷумъа), эълом кард: “Бадр бен Ҳамад Бӯсаидӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар, дар чорчӯби мизбонии музокироти ғайримустақими муртабит бо парвандаи ҳастаии Эрон, ройзаниҳои ҷудогонае бо ҳайатҳои эронӣ ва омрикоӣ дар Масқат анҷом додааст”.
Бар асоси баёнияи мунташиршуда аз сӯйи Вазорати хориҷаи Уммон, ҳайати эронӣ ба риёсати Сайидаббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати омрикоӣ ба риёсати Стив Уиткофф, фиристодаи вежаи раисиҷумҳури Омрико ва Ҷаред Кушнер, домоди Дунолд Тромп, тоҷири омрикоӣ, дар ин музокирот ҳузур доштанд.
Бар асоси ин баёния, ин гуфтугӯҳо бо ҳадафи фароҳамсозии шароити муносиб барои азсаргирии музокироти диплумотик ва фаннӣ миёни ду тараф анҷом шудааст.
Вазорати хориҷаи Уммон эълом кард, ин ройзаниҳо бар аҳаммияти тадовуми масири гуфтугӯ ва талош барои муваффақияти музокирот таъкид дошта ва ҳадафи он кӯмак ба таҳаққуқи амният ва суботи пойдор дар минтақа унвон шудааст.
Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шудааст, ки вазири умури хориҷаи Уммон бори дигар бар тааҳҳуди кишвараш барои идомаи нақши миёнҷигарона ва ҳимоят аз гуфтугӯ миёни тарафҳои мухталиф таъкид карда ва эълом кардааст: Масқат ба ҳамкорӣ бо шуракои минтақаӣ ва байналмилалӣ барои дастёбӣ ба роҳи ҳаллҳои сиёсии мавриди тавофуқ идома хоҳад дод.
farsnews
Қаламонлайн
qalamonline.net













