Адаби Одам ва бахшиши Худованд
Мактаби инсоният
Гуфт Одам, ки “заламно нафсано”,
Ӯ зи феъли Ҳақ набуд ғофил чу мо.
Вале ҳазрати Одам (а) гуфт: Парвардигоро! Мо ба худ ситам кардем. Ва ӯ ҳамчун мо аз ҳикмати кори ҳазрати Ҳақ бехабар набуд.
Нукта: Ишорат аст ба ояти 23 сураи Аъроф:
قَالاَ رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنفُسَنَا وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ
“Одам ва Ҳавво гуфтанд: Парвардигоро! Ба худ ситам кардем. Ва агар бар мо омурзиш наёварӣ ва раҳмат раво мадорӣ, ҳар ойина аз зиёнкорон хоҳем буд”.
Манзури байт: Мавлоно мегӯяд, ҳазрати Одам (а) бо он ки медонист, холиқи ҳақиқии аъмоли бандагон Худованд аст, бо ин ҳол, лағзише, ки аз ӯ содир шуд, ба худ нисбат дод, на ба холиқ.
Дар гунаҳ ӯ аз адаб пинҳон-ш кард,
З-он гунаҳ бар худ задан ӯ барбих(в)ард.
Бо он ки ҳазрати Одам (а) медонист, ки холиқи афъоли бандагон Ҳақ Таолост, вале ба ҷиҳати риояти адаб онро бар забон наёвард ва пинҳон кард. Ва бо интисоби он гуноҳ ба худ, аз фазл ва раҳмати илоҳӣ бархурдор шуд ва мақбули даргоҳи Ҳақ гардид.
Барбихвард: Бархӯрдор ва комёб шуд.
Баъди тавба гуфташ: Эй Одам, на ман
Офаридам дар ту он ҷурму миҳан?
Пас аз он ки Одам (а) тавба кард, Ҳақ Таоло ба ӯ фармуд: Одамо! Оё он гуноҳе, ки муртакиб шудӣ ва он ранҷҳо, ки кашидӣ, магар онҳоро ман халқ накардам? (Пас, чаро онро ба худ мансуб доштаӣ?)
Миҳан: Ранҷҳо ва саъйҳо, ҷамъи миҳнат.
На ки тақдиру қазои ман буд он?
Чун ба вақти узр кардӣ он ниҳон?
Магар на ин буд, ки тақдир ва қазои ман сабаби он гуноҳ ва ранҷ шуд, пас чаро ҳангоми узрхоҳӣ ин масъаларо пинҳон кардӣ?
Нукта: Одам (а) ба ҷиҳати риояти адаб, гуноҳеро, ки тақдири илоҳӣ бар ӯ лозим карда буд, ба худ нисбат дод ва бад-ин тартиб шарти убудиятро баҷо овард, аммо Иблис онро ба Худо нисбат дод.
Гуфт: Тарсидам, адаб нагзоштам,
Гуфт: Ман ҳам поси онат доштам.
Одам (а) гуфт: Тарсидам, ки мабодо беадабӣ кунам. Ҳазрати Ҳақ низ фармуд: Ман ҳам ба ҳамин сабаб, поси адабат доштам ва туро бахшидам.
Нукта: Дар ҳикоят аст, ки яке аз орифон дар гуфтугӯи бо Ҳақ Таоло гуфт: Эй Худои ман! Ту гуноҳро муқаддар доштӣ, ту онро ирода кардӣ, ту онро дар нафси ман офаридӣ.
Он гоҳ ҳотифе дар посух ҳамегуфт: Ин шарти тавҳид аст, пас шарти убудият кадом аст?
Ориф посух гуфт, ки: Ман хато кардам, ман муртакиби гуноҳ шудам ва ман ба нафси худ зулм кардам. Пас ҳотиф гуфт, ки ман омурзидам ва ман афв кардам ва ман раҳмат овардам. (Шарҳи Фусусил-ҳикам, ба нақл аз Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ, ҷ.1, с.239-240)
Ҳар кӣ орад ҳурмат, ӯ ҳурмат барад,
Ҳар кӣ орад қанд, лавзина х(в)арад.
Ҳар кас, ки ба даргоҳи илоҳӣ эҳтиром гузорад, дар ивази ин кор, мавриди эҳтиром қарор мегирад. Ва масалан ҳар кас қанд биёварад, ҳалвои бодом мебарад.
Лавзина: Ҳалвое, ки аз мағзи бодом сохта бошанд.
Нукта: Мисраи дуввум аз ҳайси мазмун ишорат аст ба ояти 160 сураи Анъом:
مَن جَاء بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ عَشْرُ أَمْثَالِهَا وَمَن جَاء بِالسَّيِّئَةِ فَلاَ يُجْزَى إِلاَّ مِثْلَهَا وَهُمْ لاَ يُظْلَمُونَ
“Ҳар ки некӣ кунад, даҳ баробар подош гирад ва ҳар ки бадӣ кунад, фақат ба андозаи кори бадаш ба ӯ ҷазо дода шавад. Ва албатта, ки ба онон ситам наравад”.
Таййибот аз баҳри кӣ? Лит-таййибин,
Ёрро хуш кун, биранҷону бибин.
Занони покиза ба киҳо тааллуқ доранд? Албатта, ки ба мардони пок. Пас, дӯстро хушҳол кун ва ё ранҷ бидеҳ ва натиҷаи ҳар ду корро мушоҳида кун.
Таййибот: Ҷамъи таййиба, пок ва покиза.
Нукта: Мисраи аввал ишорат аст ба қисмате аз ояти 26 сураи Нур:
الْخَبِيثَاتُ لِلْخَبِيثِينَ وَالْخَبِيثُونَ لِلْخَبِيثَاتِ وَالطَّيِّبَاتُ لِلطَّيِّبِينَ وَالطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَاتِ
“Занони бадкор шоистаи мардони бадкоранд ва мардони бадкор сазовори занони бадкор ва занони покиза дар хӯри мардони покизаанд ва мардони покиза сазовори занони покиза…”
Мисраи аввали ин байт истидлоли тамсилӣ аст дар баёни матлаби байти пешин, ки ҳар кас ба наҳве ҷавоби амали худро мебинад. Дар мисраи дуввум дар бархе аз нусхаҳо ба ҷойи “хуш кун” “бар каш” омадааст. Ва “бар кашидан” ба маънои боло кашидан, истихроҷ кардан, чиндор кардан ва парвардан аст. Ваҷҳи аввал бо сиёқи мавзӯъ муносибтар меояд.
Манзури мисраи дуввум: Ҳазрати маъшуқро бо амали зишти худ ба ғазаб ор ё бо амали неки худ ба лутф ор ва натиҷаи ҳар ду амалро мулоҳиза кун. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.478-79)
qalamonline.net
Қаламонлайн













