Нигоҳе гузаро ба тамаддуни исломӣ-1

Таърих

Нигоҳе гузаро ба тамаддуни исломӣ

Бахши аввал

Тамаддуни исломӣ ба лиҳози пешинаи 14 қарн ҳаёт, аз решадортарин тамаддунҳои инсонӣ ба шумор меояд ва аз ҷиҳати доманаи густариши он, бояд ин тамаддунро аз густардатарин тамаддунҳо аз назари ҷуғрофиёӣ ба ҳисоб овард.

Он чи имрӯза ба унвони тамаддуни исломӣ мешиносем, дар воқеъ фароянд ва маҳсули чаҳордаҳ аср ҳузури мустамир ва фаъоли ислом дар арсаи зиндагии фардӣ ва иҷтимоии мусалмонон аст. Чаҳордаҳ аср аст, ки мусалмонон бо ислом зиндагӣ мекунанд, яъне саъй намудаанд то дидгоҳашон роҷеъ ба ҷаҳони ҳастӣ ва холиқи ҷаҳон, ниёишҳояшон, одоби муошират ва муомилоташон, издивоҷ ва зоду валадашон, ҷашнҳо ва мотамҳояшон…-ро бар пояҳое аз эътиқодот ва дастуроти исломӣ танзим намоянд.

Тамаддуни исломӣ, аз поёни футуҳоти муслимин то зуҳури муғул, қаламрави исломро аз лиҳози назму инзиботи ахлоқӣ, бартарии сатҳи зиндагӣ, сиаи садр ва иҷтиноби нисбӣ аз таассуб ва тавсиъаю тараққии илму адаб тайи қарнҳои дароз, пешоҳанги тамоми дунёи мутамаддин ва мураббии фарҳанги олами инсоният қарор дод. Бешак он чи фарҳанг ва тамадуни ҷаҳони имрӯз ба он мадюн аст, агар аз дайне, ки ба Юнон дорад бештар набошад камтар нест, бо ин тафовут, ки фарҳанги исломӣ ҳарӯз дар дунёи ҳозир, таъсири маънавӣ дорад ва ба ҷазаба ва маънавияти он нуқсон роҳ надорад.

Саргузашти пайдоиши ин тамаддун ва фарҳанг, суръати пешрафт ва тавсиъа, азамату камол, густардагии домана ва ширкати табақоти мухталифи иҷтимоӣ ва милали гуногун умуре ҳастанд, ки эъҷобҳоро дар мавриди тамаддуни исломӣ сахт барангехтааст. Ҷорҷи Зайдон пажӯҳишгари масеҳӣ мегӯяд: “Арабҳо (мусалмонон) дар муддати каме бештар аз як аср, матолиб ва улуме ба забони худ (арабӣ) тарҷума карданд, ки румиён дар муддати чандин аср аз анҷоми он оҷиз буданд. Оре, мусалмонон дар эҷоди тамаддуни шигифтовари худ ба ҳамин суръат пеш рафтаанд”.

Ҳамчунин ӯ мегӯяд: “Мусалмонон бахши умдаи улуми фалсафӣ, риёзӣ, ҳайъат, тиб ва адабиёти милали мутамаддинро ба забони арабӣ тарҷума ва нақл карданд ва аз тамоми забонҳои машҳури он рӯз (бештар аз юнонӣ, ҳиндӣ ва форсӣ) китобҳое тарҷума карданд ва дар воқеъ беҳтарин маълумоти ҳар миллатеро аз он миллат гирифтанд. Масалан, дар қисмати фалсафа, тиб, ҳандаса, мантиқ ва ҳайъат, аз Юнон истифода намуданд. Аз эрониён торих, мусиқӣ, ситорашиносӣ, адабиёт, панду андарз ва шарҳи ҳоли бузургонро иқтибос мекарданд ва аз ҳиндиён тиб, ҳисоб, нуҷум, мусиқӣ, достон ва гиёҳшиносӣ омӯхтанд, аз калдониён ва набатиҳо кишварзӣ, боғбонӣ, сеҳр, ситорашиносӣ ва тилисм фаро гирифтанд ва шимӣ ва ташреҳ аз мисриён ба онон расид ва дар воқеъ арабҳо (муслимин) улуми ошуриён, бобулиён, мисриён, эрониён ҳиндиён ва юнониёнро гирифта ва аз худ чизҳое бар он афзуданд ва аз маҷмӯаи он улум, саноеъ ва одоб ва тамаддуни исломро падид оварданд”.

Доктор Абдулҳусейни Зарринкӯб дар пажӯҳише перомуни тамаддуни исломӣ аз саргузашти пайдоиши ин фарҳанг, азамат ва камоли он, ба унвони мӯъҷизаи ислом ном мебарад, ки таъбири зебо ва дурусте аст.

Вижагиҳои тамаддуни исломӣ

Тамаддуни исломӣ дар канори соири тамаддунҳо, тамаддуни инсониро падид овардааст; ин тамаддун аз хусусиёт ва шохисҳое бархурдор аст, ки онро аз тамаддунҳои дигар мутамоиз мекунад ва ба гунае ки ҳар гуна раҳёфте ба тамаддуни исломӣ дар гарави таваҷҷӯҳ ба ин хусусиёт аст:

1 – Тамаддуни исломӣ вақте ки по ба арсаи вуҷуд гузошт, нисбат ба тамаддунҳои гузашта мавзеъи хоссеро пеш гирифт; ба ин сурат, ки на дар муқобили онҳо сафороӣ намуд ва на дар баробари он тамаддунҳо мунфаъил шуд, балки дастовардҳои мусбати онҳоро гирифт ва дар худ ҳазм намуд ва ҷиҳоти манфиро ҳам напазируфт.

Доктор Зарринкӯб дар ин бора мегӯяд: “Тамаддуни исломӣ на тақлидкунандаи сирф аз фарҳангҳои собиқ буд, ва на идомадиҳандаи маҳз, балки таркибкунанда ва такмилсозанда буд”.

2 – Тамаддуни исломӣ бо меҳварияти Қуръон аз оғоз дидгоҳи ҷаҳонӣ ва фаромиллиятӣ дошт ва ҳеҷ гоҳ худро мунҳасир дар як қавму нажод нанамуд, бинобар ин дар ҳавзаи васеъи дунёи исломӣ, ақвоми мухталифи араб, эронӣ, турк, чинӣ, муғул ва африқоӣ ба ҳам омехтанд. Ҳамин нукта сабаб шуд, ки мусалмонон аз ҳар қавм ва миллате, ки будаанд, худро мунодии ислом бидонанд. Яъне мояи аслии ин маъҷун, ки тамаддун ва фарҳанги исломӣ хонда мешавад, дар воқеъ ислом буд, на шарқию на ғарбӣ.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нобудии мошинҳои зиреҳпӯши исроилӣ
Инҳидоми 24 худрав ва ҳадаф қарор гирифтани 26 низомии исроилӣ

Матолиби пурбоздид