Аз ахлоқи Расули Худо пайравӣ кунем
Маърифатнома
Расули гиромии Ислом(с) дорои хулқу хўи зебо ва муомилаву муоширати некў буданд;
бо ҳар касе рў барў мешуданд, салом мекарданд хоҳ тавонгар бошаду хоҳ дарвеш, хоҳ хурду хоҳ калон.
Хушсухану хушчеҳра буданд ва бидуни ин ки биханданд, ҳамеша табассуме бар лаб доштанд ва бидуни ин ки чеҳраашонро қаҳролуд ва хашмгин кунанд андуҳгин ба назар мерасиданд.
Бидуни ин ки аз худ зиллату хорӣ нишон диҳанд, ҳамвора мутавозеу хоксор буданд.
Дилнозук ва ба ҳамаи мусалмонон меҳрубон буданд.
Чизе аз он ҳазрат дархост нашуд, ки ҷавоби рад диҳанд, ҳаргиз ҳоҷати дигаронро рад накарданд; агар барои ҳазрат мумкин буд ҳоҷати ўро бароварда мекарданд вагарна бо забони нарму ширине ўро розӣ менамуданд.
Қаламонлайн