Худбохта

Адаб

Худбохта

Юнуси Имомназар

Ҳикоя

Пӯшаи ҳуҷҷатҳояшро бо зарда ба рӯйи миз ҳаво доду ҷуссаи сангини худро ба курсии роҳатӣ. Ошӯбталаб аз гиреҳи тавқи қаҳваиранги гарданаш дошта ба поён кашид. Бо алам «уҳ-ҳ» гӯён аз таҳи дил овоз баровард ва беҳолона бо пушти дасти чап пешонии арақшорашро пок кард. Гӯё ки оташе сари синаашро месӯзонд, аз бехи чашмонаш ҳаври доғ мебаромад, беихтиёр даст ба чойники чой бурд. Даҳнаки чойник шулуқ ба поин уфтод, аммо чое аз ҷумакаш наомад. Бо зарб чойникро ба сари миз гузошт.

– Дар ин хона одами зинда ҳаст ё не?! – худро дошта натавониста дод зад ӯ. – Яқинан, ҷони одам барояд ҳам касе хабар намеёбад…

– Чӣ шуд? Ин қадар доду фарёд мезанӣ, осмон омада ба замин часпид? – дари ҳаммомро кушода, бо бандҳои дароз ду домани хилъати пурпурзи сапедро рӯйи ҳам баста, бо садои баландтар ҷавоб гардонд зани малламӯйи болобаланд. – Худат нотавон бошӣ, айби мо чӣ?

– Ҳо, мо нотавон, зани хона шуда ақаллан як чойи сард гузор бар сари ин тахтаи лаънатӣ!

– Забон баровардӣ? – кам наомад зан. – Намедонам, агар ду-се сӯми изофа меовардӣ чиҳо мекардӣ пас. Ман чӯриат нестам, ки бароят чой дуруст кунам, Аҳмад! Дониста гап зан!

Сукут ба миён нишаст. Ба дарде нахӯрдани хашму ғазаби худро пай бурда Аҳмад аз ҷо хест, бо нимнигоҳи қаҳромез аз канори зан гузашта ба тарафи ошпазхона по ниҳод. Хост, ки ҳадди ақал обе нӯшаду сари ҳаври дилашро бишканад. Дар пушт ногаҳон садои мӯхушккун баланд шуд. назаре ба ҷониби оинаи қаддӣ андохту ингор ҷалоҷинеро дид – қабза-қабза мӯҳои парешони фах-фахӣ аз дасти боди шадид парешон шуда тамоми сару сурату гардани занро пинҳон мекард. Кароҳатомез дубора ба қафо гашт, аз даббаи бистлитрии рӯйи дастгоҳ як истакон оби сард хӯрду ба ҷойи худ баргашт. Ба чизе майл надошт, ҳатто барои кашидани либосҳои тозааш ҳавсала накард.

Дар сурате ки биниаш осмонро мехарошид, зан пас аз итмоми ороишу фарқу ҷамол омаду дар муқобили шавҳар нишаст. Бо оҳанги нописандона гуфт:

– Бемористона гап задам, одами миёнрави вазорат ҳама корҳоята анҷом дод, фақат монд луқмаата фурӯ барӣ, боз чӣ иддао дорӣ?

– Нашуд, раҳбарон тасдиқ накарданд!

– Чӣ намерасидаст, нагуфт миёнарав?

– Ин вакили ношудат аз ман кори ғайримумкинро мехоҳад…

– Нагӯ, ношуд! – ба ғазаб омад зан. – Ин ту ношудӣ, ки аз гардани Саҳбон* мегирию коре аз дастат намеояд!

– Корат бизнеси хона ҳам бошад, Саҳбонро мешиносӣ – ту бало.

– Сари сухана ба дигар ҷо набар, чӣ мушкилӣ пеш омад? Чиро хост, ки ту аз уҳдааш намебароӣ?

Аҳмад нигоҳашро гурезонд. Як дасташро мушт карда беист ба кафи дасти дигараш задан гирифт. Мехост ҳарфе гӯяд, аммо маҷоли гуфтан надошт. Зан бештар ба хашм омад, бо дуруштӣ дод зад:

– Гӯ, охир! Шояд фармудааш аз дасти ман ояд!

Дар ҳоле ки аз ноҳинҷории дарунӣ чеҳрааш суп-сурх шуда буд, мард лоилоҷ таракид:

– Мехоҳад миллатамро иваз кунам! – ӯ бо ҳаяҷони бештар чашмонашро ба ҳар сӯ гурезонда афзуд: – «Бояд паспорти нав бигирӣ», мегӯяд номард. Зайнаб, ту ки медонӣ, ин корест ношуданӣ.

Зан ба худ омад. Ду лабаи хилъаташро ба рӯйи синаҳояш бештар кашида бо мулоимат гуфт:

– Бубин, дар ин ҷаҳони равшан зиндагӣ бояд кард! Чӣ фарқе дорад, ки дар паспортат чӣ менависанд? Ин гуна омад ҳар рӯз ба кафи даст намеояд. Мане, ки аслан бароям муҳим набуд, миллатамро дар паспорти нав дигар кардам, магар ягон ҷоям кам шуд?

– Суханҳои дадоям аз ёдат рафт?

– Аҳ-ҳа, дадои миллатчиат як бор пешпо зад, боз ҳам ӯро фикр мекунӣ?

– Дониста гап зан, ӯ миллатчӣ нест, миллатшинос аст, ба ному забони аҷдодаш содиқ аст.

– Туф ба он худшиносӣ! – аз нав хурӯшид зан. – Бо кисаҳои пури бод аз садоқат меандешанд. Агар ман намебудам, ту ҳам ба монанди дадои қашшоқат мемондӣ. Имрӯз аз пули ман сатанг шуда мегардӣ – дар таҳат мошини иномарка, шиму костюмат ҳазордулорӣ, хонаат пури анҷоми замонавӣ. Боз чӣ даркор ба ту?

– Ҳамин бизнесат кофӣ нест? Ман ҳам мудири як шуъбаи калони ҷарроҳӣ, ба ҳар ҳол, чизҳое меорам ба хона… Сардухтурӣ чӣ лозим?

– Дониста мон, мардак! Главврач кардани ту ҳам як шохаи бизнеси ман аст. Як бемористони калони Нурафшона ба ту медиҳанд, ин гапи сода нест. Он ҷо наздики бист шуъба дорад. Яъне, ин даромадат бист баробар бештар мешавад!

– Ман намехоҳам миллатамро дигар кунам…

– Аз дадои пират метарсӣ?

– Ӯ маро оқ мекунад.

Зайнаб ёрои шунидани ин ҳарфҳоро надошт. Намехост ба ин осонӣ кори оғоз кардаашро дар нимароҳ гузорад. Вале медид, ки шавҳари якрав мехоҳад ақибнишинӣ кунад, бо ин ҳол ба ҳаво рафтани ҳама талошҳояш аҷаб нест. Беихтиёр ҳилаи занона ба мағзаш чира шуд. Сари ғазабро шикаста, ба чеҳра ранги мулоимат дод ва сари по хест. Бо нозу ишва дар канори Аҳмад нишаста, сари дилашро ба дӯши ӯ часпонд. Кафи дасти росташро аз рӯйи сари каммӯйи мард кашида бо мулоимат гуфт:

– Аҳмадҷон, ту маҷбур нестӣ ҳар чӣ дадоят гӯяд гӯш кунӣ. Ҳар кӣ аробаи худашро мекашад, агар дар ин замона аз пайи пул надавӣ, на ба ҷое мерасию на чизе ба кафат меояд.

– Бошад, ҳар чӣ ту мегӯйӣ… Вале як бори дигар мепурсам, шояд ин дафъа дадоям шир фурораду розӣ шавад?

Аҳмад накалавида гӯшии ҳамроҳашро ба даст гирифт. «Аздусар дадои пират ризоят намедиҳад, – аз хаёл гузаронд Зайнаб, – суҳбат кун, маслиҳат гир, дар ҳар сурат, гуфтаи ман мешавад. Фармудаамро накуну ҳам бин!»

Бо як чидан падар гӯширо бардошт. Чун телефон дар баландгӯ буд, садои ӯ равшан омад:

– Ало, писарам, худатӣ?

– Ман, ман дадо. Сиҳату саломатед, очаам хубанд, хоҳарон омада меистанд?

– Ҳама хуб, гаштаем. Ҳамин ҳозир бо очаат ёди туро мекардем, корҳоят хуб аст, чӣ хабарҳои нав?

– Мамнунам, дадоҷон. Дубора маро ба кори калон гирифтанианд…

– Агар мисли дафъаи пеш набошад рафтан гир, писарам. Донишат ҳаст, таҷрубаат ҳам мерасад, ба ту омад мехоҳем!

– Росташро гӯям, дадоҷон, бояд паспорти нав гирам. Чӣ кунам, ҳамин хати «миллат» боз садди роҳам шуд. Зоҳиран, қонунҳои нонавиштае амал мекунад, агар дар кишвар аз миллатҳои дигар бошӣ, ба корҳои калидӣ намегирифтаанд…

– Агар ин хел аст, ҳеч мақому мансаб лозим нест! Эй писар, аз пайи пулу ҷоҳ шири модарата ба худат ҳаром накун!

Аҳмад хомӯш монд. Чанд бори дигар аз пушти хат садои «ало, ало» гуфтани падар омад. Зайнаб бо зарб гӯширо аз дасти ӯ гирифту тугмаи қатъро зер кард ва ба рӯйи миз ҳаво дод. Сари по баланд шуда гуфт:

– Ин дадои муаллимат фақт мисли Саъдӣ насиҳат кардана медонад. Афсонаша ба об гӯяд!

***

Кори нави Аҳмад аз шуғли пештарааш тафовути калон дошт. Агар қаблан пӯстаки беморони мискинро афшонда пул ҷамъ мекард, инак сарварони шуъбаҳо бо дасти адаб кисаи ӯро пур мекарданд. Ҳар моҳ як бор говсандуқашро сабук карда, мояи ҷамъшударо оварда ба раиси хона месупурд. Мисли ин ки аз димоғи фил уфтода аст, Зайнаб бо такаббур пули расидаро дудаста мегирифту таҳи остин мекард. Ӯ аз бизнеси нав бениҳоят розӣ буд, парвое надошт, ки шавҳари раҳбар чӣ тӯре барои худ мебофад.

Рӯз аз пайи рӯз омаду як сол чун бод гузашт. Майдон барои сарварони шуъбаҳои бемористон танг шуд. Аз беморони коруфтода пули изофӣ ситондан ба мисли зарбаи чаккуше буд, ки шишаи виҷдонро шикаста чилпарчин мекард, корд то устухон расид…

Яке аз рӯзҳои баҳорӣ, рӯзи аввали ҳафта буд. Офтоби камнур аз миёни тасмаҳои пардаи киркираӣ ба дохил роҳ ёфта, дуруст ба сурату пешонии Аҳмад мезад. Бо ҳаловат камару поҳои худро бар рӯйи курсии роҳатӣ дароз карда, хамёзаи ширине кашид. Чойи кабуди пиёларо, ки андаке пештар котиби қадкӯтоҳи чеҳрагирди мӯҷингила рехта бо ноз аз дар хориҷ шуда буд, бо ду нафас ошомиду нигоҳе хаёломез ба берун дӯхт. Манзараи табиати озод аз оғози зиндагӣ дарак медод. Осмон софу беғубор буд, аз як гӯшаи он офтоб беохир нур мепошид, дарахтони зардолуи боғчаи бемористон кӯрак баста буданд. «Ду-се рӯзи дигар ҳаво гарм шавад, зардолуҳо мешукуфанд, – аз хаёл гузаронд ӯ ва ба се ниҳоли шукуфтаи бодоми гӯшаи боғ дида дӯхта хеле тӯлонӣ нигоҳашро аз онҳо наканд, – зимистони имсол гарм омад, бодом ин қадар зуд гул намекард…» Ҳамин дам телефони рӯйимизии дохилӣ занг хӯрд, ӯ бо шаст гӯширо бардошт.

– Аҳмад Раҳматович, раиси шуъбаи ҷарроҳӣ омаданд, – хабар дод бонуи котиб.

Гуфт:

– Бигӯ, дарояд.

Аҳмад аз ҷо такон нахӯрд. Ҳамкори солмандро дар худ гирифтаю ором дид, аз тамаллуқҳои пешина осоре дар ӯ набуд. Кинояомез гуфт:

– Ҳабибака, шумо ҳам ҳастед дар рӯйи олам?

– Худоро шукр, ҳастем барин. Саломатиатон хуб аст?

– Мамнун. Мо-ку нағз, вале аз поёни моҳ се рӯз мегузараду аз шумо дараке нест. Як замон мо ҳам дар шуъбаи ҷарроҳӣ кор мекардем. Ҳиммату карами беморон чун оби равон буд…

Ҳамкор маънидор абрӯ боло кашиду дарҳол даст ба ҷайби дохилии костюмаш бурд ва лифофаи сабзрангеро берун оварда ба рӯйи миз гузошт. Бо каме заҳрханд гуфт:

– Магар мешавад шуморо фаромӯш кард? Ин ҳам аз лутфу карами беморон аст, ба рӯзҳои нек насиб кунад.

– Э қоил ба шумо, Ҳабибака, марди бафаҳм ҳастед, – гуфт Аҳмад ва ёзида покатро гирифту дар кашуи миз андохт. – Бо ман ки дигар кор надоред?

Ҳамкори куҳансол аз ҷо хест, бо нигоҳҳое мармуз ба давру бари раҳбар дида дӯхта гуфт:

– Не, инҷо корам тамом шуд, дар амони Худо бошед.

Аз рафтани сарвари шуъбаи ҷарроҳӣ вақти зиёде нагузашта, дар сурате ки Аҳмад ҳанӯз дастмояи додаи ӯро нашумурда буд, дубора бонуи котиб занг зад. Ин дафъа сарвари шуъбаи бемориҳои дил ба ҳузури ӯ омад. Пизишки миёнсол зани ширинкоре буд, ҳар гоҳ саъй мекард бо сухану шӯхиҳои намакин дили раҳбарро ёбаду боварашро ба худ қавӣ гардонад. Ин бор мисли ҳамеша хандаҳои хушомадомез надошт. Ӯ чун муроҷиатҳои қаблиаш бо шӯхӣ нагуфт, ки «ба дили дардманди шумо даво овардам», балки бо чеҳраи каме гирифтаю нигоҳҳои тараҳҳумзо лифофаи вижаро аз кифи хурдакаш бароварда рӯйи миз гузошт ва пас аз ҳолпурсии кӯтоҳ бадар рафт.

Ин лифофа ҳам сабзранг буд. Аммо Аҳмад ба зоҳири покат таваҷҷуҳ накарда, бо тасаллути ҳирси ботинӣ беихтиёр онро кушод. Ҷилои «барга»-ҳои кабуд чашмашро бурд, онҳоро аз покат дар наоварда, бо нӯки ду ангушт шумурд – расо ҳазорто. Сари ҷо тела дода, ба паҳлу гашт ва лифофаи қаблиро низ аз кашуи мизаш гирифта, ҳар дуро дар говсандуқ гузошт. Бо ин гирумон дар саҳни зеҳнаш чеҳраи падар падид омад. «Эҳ дадо, дадо! Шумо аз куҷо ҳам донед, ки зиндагӣ ин гуна бозиҳо дорад! Охир ҳамин пул роҳати ҷону қуввати тан аст, ки моро ба марраи мурод мерасонад, наход ки намефаҳмед… «Агар миллататро иваз карда бошӣ дигар ба хонаи ман наё, ман ягона писар доштам, аз баҳри вай ҳам баромадам!» гуфтани шумо беҳуда буд. Бе он ҳам рафтанӣ набудам, фақат худатонро аз як дунё сармоя маҳрум кардеду бас. Занам дуруст мегӯяд, бо ҳамон қашшоқиатон, ҳаловати дунёро надида мемуред-меравед…»

Офтоби баҳорӣ торафт гарм мешуду дафтари кории Аҳмад гармтар: ҳам аз нуру дурахшиши Хуршед ва низ аз марҳамати ҳамкорон. Ҳанӯз то вақти завол нарасида, Аҳмади умедвор аз сари нав ба «лутф»-и ҳамкори дигар сазовор гардид. Ин бор дасти ӯро Нодирҷон – сарвари шуъбаи дарунрезшиносӣ** фишурд. Бале, ба фишурдан фишурду, ногаҳон…

Ба маҳзи ин ки мехост лифофаи сабзранги навро дар говсандуқи ҳоҷатбарор қоим кунад, дари утоқи кориаш беиҷоза бо зарб боз шуда рафт. Бо дидани ду марди формапӯшу як марди қоқинаи баландқомат, ки баробари даромадан дар рӯ ба рӯяш гувоҳиномаи қирмизрангеро нишон дода худро муаррифӣ кард, Аҳмадро гӯё барқ гирифт, дар як дами кӯтоҳ ба мисли шохи қоқ сари ҷо хушк шуд. Вақте ки ба банди дастҳояш дастбанд мезаданд, чизеро ҳис накард, аксуламале нишон надод.

Дигар, ҳар як манзарае, ки дар пешорӯйи Аҳмади гиҷ ба чашм мехӯрд, шабеҳи саробе буд хираю тирафом. Гӯё ки фалак дар атрофи сараш давр мезад. Аранг-аранг медид, ки мардҳои формапӯш аз говсандуқи боз лифофаҳои сабзрангро гирифта бар рӯйи миз мегузоштанд, баргаҳои сабзи дохили онҳоро, ки ҳар яке аломати махсус дошт, ба берун кашида қатор-қатор паҳн мекарданд. Яке дасткорӣ мекарду дувумӣ ҳар як амали ӯро ба акс мегирифт. Севумӣ низ дар курсии мизбон нишаста коғазҳоеро пур мекард…

Ниҳоят, пас аз он ки дар баённома имзо гузошт, Аҳмад ба худ омад. Вақте ки ӯро дастбаста мебурданд, ба қафо сар гардонда, ба котиби даҳонбоз мондааш, ки нимғурма «хӯҷаин, хӯҷаин»-гӯён забон мехоид, гуфт:

– Ба хона занг зан… гӯй, ки аз дунболи ман ояд… гӯй, ки хӯҷаина каппааш сӯхт…

***

Аҳмад бо таноби пӯсида ба чоҳ рафт. Ин ҳоли ӯро дида дар ҷони Зайнаб алов уфтод. Ин рӯ давид, он рӯ давид, билохира, бар ивази пули калоне бо як вакил*** қарордод баст. Барои ӯ сарнавишти шавҳар ба қадри арзан арзиш надошт, аммо аз мусодира шудани молу манолашон мурданивор метарсид. Қасдаш бар он буд, ки Аҳмад ҳама гуноҳро ба дӯши худ гирад ва зану хонаашро аслан даргири кофтукову пурсуҷӯ насозад. Бо ин ҳадаф ба вакили ҳуқуқдони худ ваъдаҳои болохонадор дод.

Аҳмад бошад, ба ҳамсараш умед мебаст, бо итминон орзуҳое дар дил мепарварид, ки зани зираку ҳушёр ҳатман ӯро аз сиёҳчол берун мекашад. Нахустин шаби асорат дар пушти панҷара падари муаллимашро хоб дид. Ӯ дар канори гӯри даҳанбозе сархаму беҳаракат менишаст. Кафи дасташро ба пешонӣ часпонида ғарқи фикру хаёл буд, аз сӯрохии гӯр, ки мисли даҳонаи табақ бозу ба монанди пушти дег сип-сиёҳ ба чашм мехӯрд, нигоҳи худро намеканд. Ҳарчанд садои тап-тапи помонӣ ва хишир-хишири беохири алафҳои хушки сари роҳ равшан шунида мешуд, ӯ такон нахӯрд. «Барои чӣ ба ман нигоҳ намекунӣ, дадо? – то назди як асла дарахти тути лаби гӯр омада овоз дод Аҳмад. – Ман чӣ кори хато кардам?» Падар боз ҳам аз ҷо наҷунбид. Аҳмад ба самти ӯ қадам бардошт, мехост аз дасти ӯ бигирад, аммо ҳар қадар роҳ мерафт ба ӯ наздик намешуд. Ногаҳон дар дили сиёҳӣ ду дасти қавӣ муҳкам аз ду китфи ӯ гирифтанд. Ҳарчанд дасту по зада худро раҳо карданӣ мешуд, аз уҳдааш набаромад. Билъакс дастҳои қавӣ ӯро баланд бардошта бо зарб ба сӯрохии гӯр заданд. Ӯ бараъло медид, ки аз балояш хок мекашанд, вале бо вуҷуди ҳар гуна талвоса наметавонист ҷуссаи фалаҷшудаи худро наҷот диҳад… Дар авҷи ин ҷонканиҳо баногоҳ баданаш сард шуда рафт, аз ғояти яхзадагӣ парида аз ҷо хест. Дар фазои ширгун чеҳраи тирафом ва пагонҳои йилдирросии нигаҳбони маҳбасро дар рӯ ба рӯйи худ дид. Ӯ чойники дасташро, ки зоҳиран аз он оби сард ба сару гардани Аҳмад рехта буд, алвонҷ дода омирона гуфт: «Эй маҳбус, нолаҳоят ба ҷон расид! Нафасатро кашида бихоб, ки ба даҳонат латта тиққонда намонам!» Аҳмад ба сони мирзодикак яке сару танаашро боло карда, поҳояшро аз тахтхоби тахтаӣ ба зер кашол дода, дар ҷойи худ нишаст. Ҳушу хаёлаш на дар ҳошияи суханҳои нигаҳбон, балки перомуни хоби дидааш давр мезад…

Дар ин миён Зайнаб орому қарори хешро аз даст дода буд. Ҳар рӯз гӯшу ҳуш ба дар менишаст, бо шунидани ҳар як тапу тиқи пушти дар гумон мебурд, ки одамони додситонӣ ба суроғаш меоянд. Аз байн ду ҳафта гузашту тайи ин муддат ӯ корҳои зиёдеро анҷом дод. «Офарин ба ақли вакилам! – рӯйи курсии мулоим нишаста бо худ ба гуфтугӯ даромад Зайнаб. – Сари вақт маро аз дастпочагӣ раҳо кард. Ҳар чи пулу зару зевар доштам, дар хонаи додар қоим кардам. Кортҳои плостикӣ холӣ шуд. Хуб шуд, ки хонаҳо ба номи ваю ман нест. Агар гиранд ҳамин оҳану отанги хонаро мебаранд. Бало ба пасаш, боз меёбам…» Ногоҳ садои занги гӯшии ҳамроҳаш баланд шуду риштаи хаёлоташро барканд. Гӯшашро ба гӯшӣ часпонд:

– Ало?

– Келин, худатӣ? Додарам дар куҷост?

– Ман шуморо нашинохтам, – бо ҳайрат пурсид Зайнаб.

– Амаки Аҳмад мешавам – Баҳром, – аз овозаш оҳанги нороҳатӣ ҳис мешуд, – бандагӣ, келин, мо бародарамро бой додем, имрӯз баъд аз зуҳр қазо кард. Ҳарчанд ба хотири носипосии Аҳмад бародарам сахт гиламанд буд ва зану духтаронаш низ аслан раводор нестанд, ки шумо хабар ёфта ба ҷаноза биёед, дилам тоқат накард, аз пеши худ ба касе нагуфта занг мезанам. Додарам телефонашро набардошт, маҷбур шудам ба ту буроям, келин. Биёед, фардо вақти пешин ба хок месупорем.

Пайкари Зайнаб ларзид. Гӯё яхпорае аз сар то поҳояш лағзида фуромад. Бо ин ҳол, барқосо сахтгирӣ ва мухолифатҳои падаршӯяшро ба хотир оварду хунсардона дурӯғ гуфт:

– Аҳволи додаратон вазнин, дар бемористон хобанд. Ман ҳам ба он кас менигарам, рафта наметавонем.

– Э, наход… Дар ҳар сурат, хабар кун… Агар дер шунавад, як умр дар армон мемонад.

– Хуб, мегӯям.

Гӯшӣ қатъ шуд. «Дуои бад карду рафт, пири фартут, – зери лаб пичиррос зад Зайнаб, – кош тезтар мемурду ин мурдааш зиндонӣ намешуд…» Аз ҷо хеста ба хонаи хоб гузашт. Либосҳояшро накашида бар рӯйи бистари хоб дароз кашид. Симои падаршӯи мӯсафед ҳеч аз пеши чашм дур намешуд. Дар ёдаш ҳаст, ӯ танҳо як бор – ҳамон соли аввали хонадоршавӣ ба манзилашон омада буд. Аз он дам инҷониб вайро чашми дидан надорад, пирамард низ. Он замон Зайнаб аз пушти дари ошхона поида ба суҳбати падару писар гӯш медод, ки падар мегуфт: «Чашмони занат беҷо, бекор бо ин издивоҷ кардаӣ. Ҳамон Қумриат нағз буд, аз ӯ ду писар ҳам дорӣ. Аз ин эҳтиёт шав, агар сустӣ кунӣ, ба теппаи сарат мебурод. Ду рӯз дар хонаат истодаму хуб санҷидам, аз раҳу рафтораш ҳеч хушам наомад…» Зайнаб паҳлу зад. Пешониашро пурчин карда нафаси дароз аз сина баровард: «Бо он ҳама насиҳатҳоят дар дӯзах бисӯз, марди ғаддор. Миллатдӯст будаанд он кас! Додатро, акнун, дар он дунё гӯй!»

Зайнаб наметавонист хомӯш гардад. Ӯ субҳи рӯзи дигар вакилашро фаро хонд. Ҳамроҳи якдигар ба маҳбас рафтанд. Пас аз асорати Аҳмад бори аввал меомад. Агар марги падаршӯ намебуд, шояд қадам ҳам намегузошт. Ба ҳар ҳол, виҷдонаш роҳ надод, мебоист «дайн»-и мусалмониро адо кунад!

Вакил дарҳол иҷозаномаи вуруд гирифт. Зайнаб ба хонаи мулоқот даромада, дар пушти панҷарае, ки рӯ ба рӯяш шишаи калоне қарор мегирифт, мунтазири шавҳар истод. Ниҳоят, дар пушти шишаи баланд сурати Аҳмад намудор шуд. Либосҳои васеи кабудранг ба тан дошт, аз сару гардани фарбеҳаш асаре намонда буд, лоғару низор ба назар мерасид. Ба маҳзи дидан, садои Аҳмад аз тариқи баландгӯ омад:

– Бод овардаро бод мебарад, мегӯянд, дар ҳаққи ман шуд. Маро ба ҷар тела додӣ, Зайнаб! – садои мард ғазаболуд меомад, бе салому алайк мехост ҳама қаҳрашро ба сари зан резад. – Ба ҳар роҳе бошад, маро аз ин ҷо барор!

– Воҳима накун. Агар камтар он ақли пӯсидата кор мефармудӣ, ба даст намеуфтодӣ. Ношуд будӣ, ҳамон хел мондӣ!

– Дониста мон, агар гирифтори зиндон шавам, ҳатман аз пойи ту ҳам мекашам!

Зан даҳонашро ба ду ҷониб ёзонида заҳрханда кард, бо хашм гуфт:

– Ҳар чӣ ба сарат омадааст, ба ман дахле надорад. Ман ба дидани сумоти манфурату шунидани қаҳру дашномат зор намондаам, ки инҷо биёям. Фақат хостам як хабари шумро ба ту ҳам расонам.

Бо нигаронӣ садои Аҳмад баланд шуд:

– Чӣ хабар?!

– Дадои пират ба ҷаҳаннам рафтааст. Амакат гуфт, имрӯз ҷанозааш будаст…

Дар ҳоле, ки чашмонаш мисли коса ало шуданд, Аҳмад сари ҷо беҳаракат монд. Пас аз чанд фурсати карахтӣ ду дасташро ба фарқи сараш гузошт. Дигар на бо садои омиронаи қаблӣ, балки хӯриомез гуфт:

– Э вой! Худо ҷазои мани худбохтаи бадбахтро дод! Маҳбусиям сад сол ҳам бошад мегузарад, аммо ин армон маро мекушад… Наход ки аз пойи тобути падарам намегирам…

Аҳмад бо ин дарди дил пушт гардонда, дар он сӯйи шишаи калон нопадид шуд. Зани шаддод аз рафтори ӯ ба шигифт омад. Бо тинате, ки дошт, аслан намефаҳмид, ки шавҳараш чаро чунин армоне дорад…

____________________

* Саҳбони Воил – хатибе аст, ки дар баёну фасоҳат ва суханварӣ машҳур гардида

** Дарунрезшиносӣ – ғадудшиносӣ, эндокринология

*** Вакил – мушовири ҳуқуқӣ, адвокат

Юнуси ИМОМНАЗАР

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳиммат ва ҷавонмардӣ
Кӯдаки боназми ман

Матолиби пурбоздид