Аз борон гурехта ба жола гирифтор нашавем!

Таҳлили хабарӣ

Аз борон гурехта ба жола гирифтор нашавем!

Таҳлили коршинос

Ҳамон тавре ки медонед, ахиран яке аз пурбоздидтарин видеоҳои ҷаҳон дар фазои мафозӣ, видеои суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва интиқоди ӯ аз сиёсатҳои хориҷии Русия буд. Суханроние, ки дар он Эмомалӣраҳмон босароҳат дар муқобили Путин зибон ба гилоя ва интиқоду шикоят боз мекунад.

Видеое, ки беш аз 6 миллион бор дида мешавад.

Ин табиист, ки дар аввалин тамошои видео, момардуми тоҷик аз ин ки мебинем раиси ҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз иззати умумии мардум дифоъ мекунад, эҳсоси ғурур шодмонӣ мекунем. Аммо агар каме воқеъбин бошем ва дар бораи ин иттифоқ ва иттифоқоти атрофи он бештар биандешем ва онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, авзоъ фарқ мекуад.

Мо мардуми тоҷик, солҳост, ки аз бемеҳриҳо ва сахтиҳое, ки барои муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар кишвари Русия вуҷуд дошту дорад, бисёр дилозурдаву ранҷидахотир ҳастем.

Аммо кофист, як бор аз худамон бипурсем, ки чӣ шуд, якбора давлати Тоҷикистон, пас аз солҳо инчунин мавзеъгирӣ мекунад?

Оё ин мавзеъгирии холисона фақат барои дифоъ аз мардуми шарифи Тоҷикистон аст?

Агар ҳаст, то ба имрӯз ин давлатмардон куҷо буданд?

Ва ё ин ки моҷарое дар паси ин мавзеъгирӣ нуҳуфтааст?

Барои посух ба ин пурсишҳо, кофист вазъияти чанд моҳи ахири Тоҷикистонро баррасӣ кунем.

Дар тӯли чанд моҳи ахир, сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон дар баробари давлати Русия тағир кардааст.

Аз сӯи дигар, дар тӯли шаш моҳи ахир, сафорати Амрико дар Тоҷикистон беш аз пеш фаъолият мекунад ва хадамоти чашмгире ироа додааст. Хаамоте ҳамчун тасҳили судури визои кори Амрико барои тоҷикҳо, бахшидани ҳавопаймоҳои хориҷшуда аз Афғонистон ба Тоҷикистон, бозсозии посгоҳҳои марзӣ, таҷҳизоти низомӣбарои артиши Тоҷикистон ва ғайра.

Аз сӯи дигар, мушаххас аст, ки дар моҷарои ҷанги Украина ва Русия, ҳақиқатин Амрико аст, ки дарбаробари Русия меҷангад.

Ҳоло дар ин бурҳаи ҳассоси торихӣ, ки Русия тамоми тамаркузаш ба самти Украина аст, Амрико бо таваҷҷуҳ ба нуфузе, ки дарТоҷикистон ба даст оварда ва хадамоте, ки ироа кардааст ва мо медонем, ки ин гуна хадамот ҳазинаҳои сангине доранд, ба иборати дигар, Амрико қасд дорад, бо дахолатҳои худ аз тариқи Тоҷикистон ба Русия зарба бизанад ва давлати Тоҷикистонро абзор ва бозичаи дасти худ барои расидан ба аҳдофаш мавриди истифода қарор медиҳад.

Ба назари ман, агар Русия борон буд, Амрико жола аст. Агар бо чашми боз қадам набардорем, мо низ ҳамчун дигар кишварҳое, ки мавриди таҷовуз ва дахолат ва ҳузури Амрико қарор гирифтаанд, асири доми тавтиаҳо ва фитнаҳои шуми Амрко мегардем. Кишварҳое, ки мардуми он сарнавиште ҷуз саргардонӣ, ҷангзадагӣ, фақр, ғорат в оворагӣ надоштанд ва дар иваз, Амрико рӯз ба рӯз манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии калонеро насиби худ кардааст.

Пас огоҳ бошем, ки мабодо аз борони мушкилоти мавҷуд дар муносиботамон бо Русия берун омада ба жола ва чоҳи амиқи  сиёсатҳои касифи Амрико гирифтор нашавем.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мӯъмин Қаноат
Тавсиаи робитаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон

Матолиби пурбоздид