Даҳани мактаб

Адаб

Даҳани мактаб

Ҳикоя

Шоҳмансури Шоҳмирзо

Даҳани мактаби мо маркази нашру пахши ҳамаи хабарҳои ҷаҳон буд. Агар қаблан дар кӯҳистон ба он “лофгаҳ” ё “чаллаки мачит” мегуфтанд, акнун дар Дилварзин даҳани мактаб ҷойгоҳи онро гирифт. Баъзе чун пояшон ба инҷо намерасиду мехостанд аз ахбори тоза бохабар шаванд, мепурсиданд: “Бибисаид чи мегӯяд?” (радиои “Бибиси”-ро мардум ингуна ном мебурданд) ва манзурашон даҳани мактаб буд.

Мактаб барои мо-шогирдон мақому манзалате ҳамонанди Академияи Гундишопурро дошт. Дари чӯбии содааш рубарӯи кӯчаи марказӣ боз мешуд ва дар атрофаш дӯкон ё ҳамон “магазини молҳои талаботи ҳаррӯза”, сартарошхона, ошхона, қалобурхона ва дӯкони гӯштфурӯшӣ қарор доштанд. Даҳани мактаб ҷои босафо ва ҳеч вақт аз одам холӣ набуд, ҳатто дар рӯзҳои истироҳат. Азбаски дӯкон пур аз молҳои хориҷӣ буд, русу тоторҳои Бекободи Узбакистон аксаран барои харид инҷо меомаданд. Қассоб низ ҳамеша гӯшт дошту муштарии зиёд. Пушти ҳамин дӯкон синфи “харчадорак” ҷой дошт, ки агар бихоҳам ҳамаи хотироту қиссаҳои марбут ба онро бигӯям, ҳафтод ман коғаз ниёз дорам. Дар ин саҳни босафо зери дарахтҳои тут-ёдгори рӯзҳои аввали муҳоҷират аз Масчоҳ ба Дилварзин, ду нимкати чӯбӣ гузошта буданд ва тамоми ахбору овозаҳо аз рӯи ҳамин нимкатҳо берун меомад. Ин нимкатҳо аз сангинии бори қиссаҳои бешумор ва гузари замон то андозае рангашон рафта, зери пӯст ва дар қабат-қабату сӯрохҳояшон ҳазорон нақши даст ва хотироти покнашуда ниҳон буд. Яъне фақат як чӯб барои нишастан набуданд, балки котибони бостониеро мемонданд, ки таърихро сабт мекарданд. Агар дасти ман мебуд, ин ду нимкатро ба осорхона таҳвил медодам, ки рӯҳи замону инсонҳои гузаштаро дар тору пӯди худ ҳифз намуда буданд. Нимкатҳо ҳамонанди оҳанрабо мардумро ба сӯи худ мекашиданд. Ин ҷо пули азим сохтани Рифъат Ҳоҷиев бар болои Сирдарё дар Хуҷандро таъриф мекарданду аз сарвати зиёди Малика Қаландарова мегуфтанд, ки зимистон бо гурӯҳаш дар гардана ҳезум намеёбанд ва бо пулҳои даҳсӯмаи ӯ шӯрбо мепазанд. Суҳбат дар ҳамаи мавзӯъҳо мечархид: сиёсӣ, иҷтимоӣ, танз, хотира, ғайбати мансабдорон….

Марди сиёҳчурдае, ки гӯӣ нимкатро ба иҷора гирифта буд, ҳамеша аз амалдорон интиқод мекард. Як рӯз, ки рӯи нимкатҳо холӣ буд ва ӯ омадани маро пай набурд, гӯӣ бо касе суҳбат мекарда бошад, мушташро боло дошта, хитоба мехонд: баччаҳои инҳо ҳиччи намешаванд, ҳамааш пули нашкуракдор мехӯранд, оҳи мазлум синаи осмонро шикоф мекунад. Мебинанд, вале намегараванд …

Манзурашро нафаҳмидам, аммо гумонам ин буд кадом мансабдореро мехойид. Ҳамаи суҳбатҳо барои ман маъқул буд, илло баҳсҳои сиёсӣ. Чунончи, боре як нафар мегуфт: ба қарибӣ Хитой ба Иттифоқи советӣ ҳамла мекунад, хитойиҳо ҳамаи ҷунбанда-сагу гурбаю хар… ро мехӯранд. Аз шунидани ин хабари шум муддатҳо хоб надоштам. Бимам фақат ин буд, ки агар онҳо биёянд, хари сафедамро, ки зиёд дӯсташ медоштам, кушта мехӯранд ва ман бе хар мемонам. Вале пирамарди ҳамсояамон ҳарфе заду дар дилам шамъи рӯшан пайдо гашт. Вай гуфт: хитоиҳо майдапихаканд ва чун биринҷи зиёд мехӯранд, косахонаи сарашон ковок аст ва бо як мушт пора-пора мешавад. Хушҳол шудам, ки агар ҳуҷум кунанд, мо метавонем онҳоро шикаст диҳем. “Қиёмат”-ро ҳам бори нахуст аз забони яке аз ҳамин нимкатнишинҳо шунидам, ки бо лаҳни ҷиддӣ мегуфт: “қиёмат қоил мешавад”, ки баъдҳо рӯшанам шуд “қоил” ҳамон “қоим” будааст.

Қалобурхона аз маконҳои сертараддуди даҳани мактаб маҳсуб мешуд. Як бор барои маҳсиҳои бобоям вориди он шуда будам, ки бӯи тунди сигор ва чарми кӯҳна чашму димоғамро сӯзонд. Кати чӯбие дошт, ки зераш пур аз мӯзаю кафши дарида буд. Нигаҳбони он Мирзои кӯҳнадӯз-аз шатранҷбозҳои мумтоз бисоташро онҷо паҳн мекард. Ҳамбозиҳояш-муаллим, тракторчӣ, бригадир, пизишк… то поси шаб шарақ-шарақ бозӣ доштанд ва баъзе аз онҳо барандаи ҷоизаи мусобиқаҳои маъруфи вилояту ҷумҳурӣ буданд. Ҳар гоҳ аз канори он мегузаштам, садояшон ба гӯш мерасид, ки яке аспашро зорӣ мекард: “ҳа гузат дар тоқим, ин аспи ман наррайо”. Ва ин таркиби сари забонии яке аз онҳо ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳад, ки ба сарбози пиёда мегуфт: “пеш буро, ки ҳолӣ ту вазир мешавию сари шоҳро дар кафан мепечӣ”. Каме баъд, овози ӯ дубора баланд мешуд: “Аробаро биёреду маитро баред”, ки манзураш аз “маит” ҳарифи мағлуб буд. Гоҳ-гоҳ Мулло Боқӣ-нависандаи машҳур аз роҳи дур меҳмони ин даргоҳ мешуд ва “Жигули”-и сафедашро канори дӯкони қассоб мегузошт. Мегуфтанд ӯ аз директори мактаб муаллимони ҳарифашро ҷавоб гирифта, то соатҳои яку дуи шаб бозӣ мекард.

… Як рӯз аз дарс ҷавоб шудему бо чанд ҳамсинфам дидем рӯи нимкат Бобои Адҳам-ҷанговари ҳамдеҳаамон танҳо нишаста ва гӯӣ ҳамсуҳбат меҷуст. Гирдаш ҳалқа задем ва чун моро мешинохту боре муаллими таърих дар рӯзи Ғалаба ба дарс даъваташ карда буд, инони суҳбатро ба даст гирифт:

– Шумо наврӯид, ҳичиро надидаед. Давраҳои мо дигар буд. Вақте маро ба ҷанг бурданд, сагам Алобарс то даштҳои Қазоқистон дунболи поезд медавид. Суръати поезд зиёд буд ва саг қафо монд, нафаҳмидам чи кор кард. Моро ба Белоруссия бурданд. Як рӯз командир омада пурсид дар байни шумо кӣ деҳқонӣ метавонад? Дастамро боло кардам. Замини бефарёдеро нишон доду гуфт: ҳамаи ҳамин дар ихтиёрат, ту медонию давви аспат. Шаст коргарро ҳам ба ихтиёрам супурд. Ҳамон шабу рӯз фронт гуруснагӣ мекашид. Бояд ҷанговаронро наҷот медодем. Фикре ба сарам зад: картошкаро бо харбуза пайванд кардам. Як мевае шуд, ки ҳам ҷои нонро мегирифту ҳам гӯштро ва мазааш ҳам ширин буд, ҳам туруш, ҳар кадом ба андозаи халтаи орд. Номашро кархар гузоштам.

Мо ҳамсинфон, ки ин нақли ҷанговарро нашунида будем, ба якдигар ҷафстар ва кӯшиш мекардем худро ба ӯ наздик созему сокит бошем, ки ҳамаи калимаҳояшро бишнавем.

Ровӣ аз сукуту диққати мо хушаш омада буд, ки қиссаро идома дод:

– Кархарҳо вазнин буданд ва коргарон онҳоро бо мушкил бармедоштанд. Панҷ дона кархарро ба мошине бор карда, ба рафиқ Сталин фиристодем. Ун кас хӯрда, супориш доданд то сари полези ман роҳи оҳан кашиданд. Ман носкаш будам ва аз барги бурсҳои сӯзанбаргу пӯстлохашон нос дуруст мекардам. Як рӯз дидам дар полез баччаи хирсе кархар мехӯраду сарашро метакконад. Аз каллааш гирифтаму зери забонаш ба андозаи як қошуқ нос рехтам. Андаке нишасту баъд тарафи ҷангал давид. Бегоҳӣ ҳамон баччахирс бо модараш омад, ки бандҳои дасташ ба андозаи танаи ҳамин тут буд. Заҳраам кафид, гуфтам мехӯрадам. Омаду кафи дасташро тарафам дароз кард. Ҳайрон мондам: ҷонвар чи мехоста бошад? Меларзидам. Якбора ба сарам зад, ки нос мехоҳад. Кафи дасти ҳардуяшро пур аз нос кардам. Зери забон андохтанду ҷасту хезкунон дар ҷангал нопадид шуданд. Рӯзи дигар аз хоб хезам чил-панҷоҳ хирс сари полез саф кашидаанду ҳама дастҳо ба пеш дароз. Халтаҳои носро овардаму ҳамаашонро зиёфат додам. Баъд, модари ҳамон хирс, ки раиси қабила буд, таъзиме карду ишора намуд, ки мо дар хизмати ту.

Вақте Худо диҳад, намегӯяд баччаи кӣ мешавӣ-гуфт ҷанговар ва ришашро хориду панҷаҳояшро ба нишони ризоят молиш дод ва афзуд:

– Ба сардори қабилаи хирсҳо гуфтам: гап ҳамин, нос аз ман, кор аз шумо, ҳар вақт ридан хостед, дар бехи кархарҳо анҷом диҳед. Порӯи хирс хеле фоиданок будааст, кархарҳо ба андозаи танӯр шуданд. Коргарҳоро бо маслиҳати командир ба фронт фиристодем.

Мулломирсиддиқ-фарроши мактаб, ки дуртар аз мо тухмаи офтобпараст мефурӯхт, халтаашро бардошту наздики мо омад. Вай аз нӯки шохаҳо тут канда, ба даҳон мегузошту вале ҳушу ёдаш ба нақли ҷанговар буд.

Бобои Адҳам дид, ки шунавандаҳояш меафзоянд, бо шӯру шавқ идома дод:

-Кори ман нос дуруст кардан буду кори онҳо кашондани кархарҳо ба вагон. Сад вагон кархар барои сарбозон фиристодем. Користон шуд. Бароям аз Сарфармондеҳи Олӣ раҳматнома омаду як рӯз дидам вертолёте дар пеши капаам нишасту аз дарунаш се нафар поин омаданд: Рафиқ Сталин, Молотоф ва Жукоф. Як қад паридам. Рафиқ Сталин омада буданд барои наҷоти Армияи советӣ аз гушнагӣ ба ман миннатдорӣ баён кунанд. Ордени “Ҷанги Бузурги Ватанӣ”-ро дар бари синаам часпонданду ҳамин вақт чизе пушти шинеламро кашид. Баргашта бинам Алобарс дар даҳонаш як гулдаста. Баъд Доҳӣ дар бораи корномаи ман суханронӣ карданд.

Марди паҳлӯии ман, ки ба ҷамъи мо пайваст ва калӯши нав ба по дошт, пинҳонӣ аз чашми ноқил панҷаи кушодаашро ба зери гулӯяш мебурд, ки дар деҳаи мо нишони иғроқу дурӯғро дорад ва ҳар аз гоҳе ҳарфҳои ҷанговарро об медод. Вай пурсид:

-Рафиқ Сталин бо МИРКАФОН гап заданд?

Ҷанговар, ки маънии вожаро нафаҳмид ё фаҳмиду худро ба нодонӣ зад:”дар унҷа куҷо микрафон буд?”-гуфту идома дод:

-Меҳмонон азми бозгашт ба Маскав доштанд. Гуфтам: мо тоҷикон мақоле дорем, ки “омадан бо иродату рафтан бо иҷозат”. Вале дидам кӯрпаю болин надорам.

Чун ҳикояти ҷанговар ба ин ҷо расид, саре ҷунбонду халтаи носашро берун овард ва як каф ба зери забон андохт. Лабонашро поину боло ва ҷамъ карду идома дод:

-Се кархарро пӯст кандам, ки ҳар кадом ба андозаи гилеме буд. Зери пояшон андохтам. Ин ҳал шуд, аммо болишт надоштам. Чанд тарбузро пӯст карда, дарунашонро пур аз биёра намудаму зери сари меҳмонон мондам. Рафиқ Сталин сарашонро рӯи “болишт” гузоштанду мӯйлабашонро тоб дода, тарафам чашмак зада “молодес” гуфтанд. Пурсиданд: “шаб хунук намехӯрем?”. Таҳи гапашонро фаҳмидам. Рафтаму қотҳои олучаиро, ки ҳар кадом ба андозаи намади туркманӣ буд, овардаму рӯи меҳмонон андохтам. Ташаккур карданду хобиданд, вале рафиқ Сталин бедор буданд-ғарқи фикр чупуқ мекашиданд. Гуфтам барои меҳмонон хӯрок омода кунам, ки нохӯрда аз ин ҷо нараванд. Ду биёраи кархарро тоб дода, ресмон дуруст кардаму беша рафтам. Ҳаво додам, ки ду гавазн ба дом афтод. Аз шохҳояшон кашола карда овардам. Гардани гавазнро мехостам бурам, ки намешуд, кордам кунди калахт буд. Рафиқ Сталин корҳоямро зери назар доштанд. Аз миёнашон кордеро гирифтанду тарафам андохтанд.

Ҷанговар аз ҷой хесту корди нақшдореро аз ғилофи миёнаш гирифт ва бо эҳтиёти тамому ифтихор аз ду тарафаш дошту ба мо нишон дод. Сипас афзуд:

-Гавазнҳоро аз пӯст баровардаму шӯрборо андохтам. Ба худам гуфтам инҳо меҳмонони муътабар, як ғизо кам. Палавро сар кардам. Дидам рӯған нест. Пинҳонӣ аз чашми Сталин аз баки вертолёт як кафлес керосин овардаму зирбакро сар кардам. Бахти бадро бинанд, ки сабзӣ надоштам. Эҳтиёҷ халлоқият меоварад. Чархи эҳтиётии вертолётро кандаму ба андозаи донаҳои гӯгирд майда кардам. Зирбакро чашидам, ки сабзиҳо сахту хом, як мушт барги зуфу ҳулбӯ ва як коса асал изофа кардам, ки хуб пазанд. Сталинро хоб бурд. Саҳар шуд. Шӯрборо пеши меҳмонони олиқадр гузаштам. Бо иштиҳо тановул карданд. Ошро кашидам. Рафиқ Сталин гуфтанд қаламфур надорӣ?

Ҳамаи мо шунавандаҳои нақли мӯйсафед саропо чашму гӯш шуда будем ва касе пилк намезад, ҳарчанд марди паҳлӯии ман гоҳ-гоҳе панҷаашро зери гулӯ мебурд. Бобои Адҳам як-як ба мо нигарист, ки вокунишамонро бинад. Онгоҳ идома дод:

– Бо ангуштон чашмонамро молидам, ки Алобарс манзурамро фаҳмид. Бо суръат рафту аз қисми ҳарбии ҳамсоя як сумка қаланфур дар даҳон баргашт. Сталин ангушти ишораташонро боло карда, сарашонро ҷунбонда, бо завқ гуфтанд: “А ту тоҷикбала, кайкро ахта мекунӣ!”. Даҳони рафиқ Сталин гӯё чехол дошт, ки қаламфурро дарза-дарза мехӯрданду табассум дар лаб доштанд. Он кас бо иштиҳо ош хӯрданду фақат гуфтанд: “ман палав хӯрда будам, вале сабзии сиёҳро акнун мебинам”. Меҳмонон ба тамошои полез рафтанд. Ҳосилро дида ба сӯи якдигар сар меҷунбониданд. Алобарс тарафи ҷангал давиду бо хирсе қад ба қад шуд. Давида рафтам, ки халосаш кунам. Як вақт овози вертолёт шуду давида биёям аз замин азми парвоз дорад. “Агар аз ҳаминҳо пештар ба Кремл нарасам, бачаи Раҷаби Бодпо набошам”-гуфтаму ҷаҳидам ва думашро гирифтам. Алобарс ба шинелам маҳкам часпида буд. Вертолёт дар Кремл нишаст. Пеш аз меҳмонон ман фуромадам. Сталин маро дида аввал ҳайрон, баъд хурсанд шуданд. Сонӣ илтимос карданд Алобарсро ба он кас диҳам. Хоҳиши Роҳбари давлатро ду кардан мешавад? Ман як тараф мегиристаму Алобарс тарафи дигар. Сталин ҳардуямонро ором намуданд. Баъд ба гӯши Молотоф чизе гуфтанд, ки як вақт аспи самандеро оварданд. Сталин лаҷомашро ба дастам дода: “ин ёдгорӣ аз ман ба ту” гуфтанду Алобарсро пуштора карда бурданд …

Марди паҳлӯиям бо калӯшаш ба поям зад. Фаҳмидам ба ҳарфҳои ҷанговар шак дорад, вале барои ману ҳамсинфонам ин қиссаҳо ҷолиб буд ва ба ростию нодурустиаш коре надоштем. Барои мо муҳим он буд, ки ин мард ҳар чи бошад, сина сипар карда, дар шикасти душмани ғосиб нақш доштааст. Ба пиндори мо размандагон ҳамон Рустами гурду Спитамену Бобаки Хуррамдин ва Темурмалику Восеъ буданд, ки бӯи шуҷоат, ҷасорат ва садоқат медоданд. Насли мо ҷанговаронро мояи ифтихор, намоди муқовимат ва ватандӯстӣ медонист ва сидқан эҳтиромашонро ба ҷо меовард. Ҳоло ҳам канораш нишаста будем ва бо эҳтиром гӯшу ҳуш будем.

Бобои Адҳам аз онҳое набуд, ки аз ин бодҳо биларзад.Саргузашташро ингуна идома дод:

– Савори асп ба дашти қазоқ расидам. Сармои хунук. Шаб гӯристонро мемонд. Ситораҳо дар осмон гум буданд. Ҳамин вақт сӣ-чил гурги гурусна даврам карданд. Бо корд гулӯи даҳ-бисттоашро бурида будам, ки ҷонам тамом шуд. Аз асп поин шудам. Аспи сафедам бо лагад гургҳоро мезаду аз по меафтонд. Як вақт садои хандаю ҳою ҳу шуд, бинам албастиам бо ҷӯраҳояш оташ ба по кардаанду нишастаанд, вале либосҳояш дарида.

Ҳамин вақт Мулломирсиддиқ баргашту ба Бобои Адҳам нигаристу: “ҳе Бобо, як гапҳое мегӯед, ки… Албастӣ чи хел либоси дарида доштааст?”

Ҷанговар ҳанӯз ҷавоб надода, марди паҳлӯи ман гуфт:

– О монед, нақлашонро гӯянд, албастӣ ҳам бою камбағал дорад-дия.

Ҳама хандиданд, вале Бобои Адҳам мижааш таҳ намехӯрд.

Бо инки нақлҳои ҷанговар ҳамаи шунавандаҳоро маҷзуб мекард, аз ҷумла маро, ва ҳама бо даҳони боз мунтазири шунидани давоми он будем, дидам баччаи ҳамсояамон давон-давон омаду гуфт:

-Ҳо хез, ки харат аз мех хато карда, пушти канали Узбакистон гузашт.

Аз шунидани поёни саргузашти дӯсти самимии Сталин маҳрум шуда, бо дили кашолу гардани шикаста бархостам ва дунболи хар роҳи саҳроро пеш гирифтам.

Шоҳмансури Шоҳмирзо

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ленин кӣ буд?
Акашариф Ҷӯраев

Матолиби пурбоздид