Аз се як ҳиссаи тоҷикистониён ба Русия кучидаанд!
Ахбори минтақа
Аз се як ҳиссаи тоҷикистониён ба Русия кучидаанд – ин иддаоест, ки ҷаноби Шавкати Муҳаммад – рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, дар сафҳаи худ, дар Фейсбук навиштааст.
Шавкати Муҳаммад бо истинод ба хабари rf-smi.ru навиштааст:
«Аз се як ҳиссаи Тоҷикистониён ба Русия кучидаанд
Дар ҳамин ҳол, дар ин омор 336 ҳазор нафар муҳоҷироне, ки аз соли 2020, дар се соли охир шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва 128 ҳазор нафар иҷозаи иқомат гирифтаанд, дар ҳисоб нестанд. Агар ҳамаи нафароне, ки шаҳрвандии Русияро дар 15 соли охир гирифтаанд, ҳисоб кунем, аз 800 ҳазор нафар мегузаранд. Яъне тақрибан бо шумули онҳое, ки бидуни сабти ном дар Русия кору зиндагӣ доранд, наздик ба 4,5 миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳастанд.
3млн + 800 ҳазор +128 ҳазор + бидуни сабти ном будагон».
Шавкати Муҳаммад дар идомаи навиштаи худ таъкид намудааст:
«Агар кучидану муҳоҷирати тоҷикон ба соири кишварҳои ҷаҳонро ба ҳисоб гирем, ними Тоҷикистон аз одам холӣ шудааст, шояд бештар…»
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Шавкати Муҳаммад)
Қаламонлайн