Ҷосуси Эрон дар Вазорати хориҷаи Амрико

Ҷосуси Эрон дар Вазорати хориҷаи Амрико

Ахбори байналмилал

Бузургтарин расвоии амнияти миллии Омрико; Роберт Мэллӣ, намояндаи вежаи Вазорати умури хориҷаи Омрико ҷосуси Эрон будааст
Як сенотури омрикоӣ дар бораи ҳузури чанд нафар дар давлати Бойден, ки ба иддаои ӯ, барои Эрон ҷосусӣ мекунанд, ҳушдор дод ва онро яке аз бузургтарин расвоиҳои амнияти миллӣ тавсиф кард.
Ба гузориши New York Post, Тед Круз, сенотури ҷумҳурихоҳ аз иёлати Тегзос, бо лаҳне тунд дар бораи чанд нафар дар давлати Бойден (раисиҷумҳури Омрико), аз ҷумла касоне, ки ба иттилооти табақабандишуда дастрасӣ доранд, сӯҳбат ва иддао кард, ки онҳо барои Эрон ҷосусӣ мекунанд.
Бар асоси ин гузориш, манзури Тед Круз аз ин ҳарф, Роберт Мэллӣ, намояндаи вежаи Вазорати умури хориҷаи Омрико дар умури Эрон аст.
Сенотур Тед Круз дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News таъкид кард: “Он чи ки шумо дар хусуси Роберт Мэллӣ ба он ишора кардед, яке аз бузургтарин расвоиҳои амнияти миллӣ дар таърихи кишвари мост.”
Вай дар идома муддаӣ шуд: “Акнун мо ҳамчунин медонем, ки дар миёни масоили дигар, се тан аз мушовирони аршади Роберт Мэллӣ, ки ҳалқаи наздики ӯ буданд ва ба онҳо такя мекард, омилҳои Эрон буданд. Онҳо тавассути давлати Эрон истихдом шуданд.”
Изҳороти Круз дар ишора ба гузориши ҷанҷолбарангези пойгоҳи хабарии Semafor дар моҳи гузашта аст. Дар гузориши Semafor иддао шуда буд, ки Вазорати умури хориҷаи Эрон як шабакаи махфиро эҷод кардааст. Бар асоси ин гузориш, ҳадди ақал ду нафар ба унвони дастёри аршади Роберт Мэллӣ истихдом шуданд ва нафари севвум низ дар утоқи фикре, ки замоне ӯ мудирият мекард, фаъолият дошт.
Яке аз ду дастёре, ки дар ин гузориш ба ӯ ишора шуда буд, Ориёна Таботабоӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир ба унвони раиси Ситоди Пентогун (Вазорати дифоъи Омрико) кор мекунад. Таботабоӣ барои Роберт Мэллӣ кор мекард ва қабл аз ин ки дар симати феълии худ дар Пентогун мансуб шавад, ба ӯ дар тими музокиракунандаи ҳастаӣ кӯмак кард.
Тед Круз дар бораи ӯ гуфт: “То он ҷо, ки мо медонем, яке аз онҳо то ба имрӯз бо дастрасӣ ба асноди табақабандишудаи раиси Ситод дар Вазорати дифоъ боқӣ мондааст”.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Washington Post: Амрико омодаи фарохони густардаи шаҳрвандони худ аз Ховари Миёна аст
Амири Қатар: “Сиёсати як бому ду ҳаворо намепазирем” 

Матолиби пурбоздид