Аз ҳамнишинӣ бо аҳмақ дурӣ кун
Сабки зиндагӣ
(Ҷумалоте ҳикматомӯз аз ҳазрати Алӣ (а))
Дӯстӣ бо аҳмақҳо монанди сароб зуд аз байн меравад ва монанди абр зуд пора-пора мешавад.
* * *
Аз ҳамнишинӣ бо аҳмақ дурӣ кун; зеро аҳмақ мехоҳад судат расонад, вале зиёнат мезанад.
* * *
Ҳамсӯҳбат шудан бо аҳмақ руҳро ранҷ медиҳад.
* * *
Дӯсти шахси аҳмақ ҳамеша дар ранҷ аст.
* * *
Дӯсти аҳмақ ҳамеша дар лаби партгоҳи табоҳӣ аст.
* * *
Ҳарчи метавонӣ, аз инсонҳои пасту аҳмақ фирор кун.
* * *
Касе ки аз ҳамнишинӣ бо аҳмақон парҳез накунад, ба зудӣ ба ахлоқи онон низ гирифтор шавад.
* * *
Дӯстӣ бо аҳмақ ҳамчун дарахте аст, ки оташ гирифтааст, ки баъзе аз қисматҳои он баъзе қисматҳои дигарро мехӯрад.
Қаламонлайн