Алиев: Тромп ҷангро оғоз накардааст

Алиев: Тромп ҷангро оғоз накардааст

Ахбори байналмилал

Илҳом Алиев: “Тромп танҳо раиси ҷумҳуре аст, ки ҷангеро оғоз накарда!”

Раиси ҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев, дар изҳороте, ки бо воқеиёти мавҷуд дар тазод аст, ҳамтои омрикоии худро марди сулҳ ва поёндиҳандаи ҷангҳо тавсиф кард ва гуфт: “Тромп танҳо раисиҷумҳуре аст, ки ҷангеро оғоз накарда!”

Аҷиб он ки Тромп ин суханони вайро дар сафҳаи худ дар шабакаи маҷозӣ гузоштааст.

Зарбулмасале ҳаст ба форсӣ, ки мегӯяд: “Қасами ҳазрати Аббосро бовар кунам ё думи хурӯсро”. Ин масал ба афроде ишора дорад, ки саъй мекунанд ҳақиқатеро пинҳон кунанд, дар ҳоле, ки шавоҳид ва нишонаҳо ба вузуҳ хилофи онро нишон медиҳанд.

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё беҳиҷобӣ нишонаи тамаддун аст?
Чолишкон: Шарм бар давлати Эрдуғон!

Матолиби пурбоздид