Дабир бояд…

Дабир бояд… 

Усули рӯзноманигорӣ дар баёни Арӯзии Самарқандӣ

Арӯзии Самарқандӣ дар “Чаҳор мақола” дар бораи дабирӣ (нависандагӣ, рӯзноманигорӣ) аз ҷумла гӯяд:
“Пас дабир бояд, ки каримуласл, шарифулъирз, дақиқунназар, амиқулфикр ва соқибурраъй бошад; аз адабу самароти он қисми акбар ва ҳаззи авфар насиби ӯ расида бошад; ва аз қиёсоти мантиқӣ баъиду бегона набошад; ва маротиби абнои замона шиносад ва мақодири аҳли рӯзгор донад; ва ба ҳутоми дунёвӣ ва музахрафоти он машғул набошад; ва ба таҳсину тақбеҳи асҳоби ағрозу арбоби иғмоз илтифот накунад ва ғарра нашавад…”
Тавзеҳи кӯтоҳи ин ҷумлаҳо ба забони имрӯз. Мегӯяд:
Як нависанда ё рӯзноманигор бояд, ки наҷибзода, бообрӯ, борикбин, дурандеш ва дурустназар бошад; аз адабиёту меваҳои он, дорои бештарину фаровонтарини баҳраҳо буда ва аз қиёси мантиқӣ (қоъидаҳои дуруст андешидан) бегона набошад. Ӯ бояд бо мардуми замона ва ҷойгоҳу манзилати онон ошно бошад. Машғули моли дунё ва андӯхтани он набошад. Ӯ ба таҳсини ғаразварзон аз ӯ ва ё сарзаниши онҳо аз вай эътино накунад ва фиреб нахӯрад. (Яъне дар навиштани матлаб, бояд бетараф бошад; на таҳсини касе ӯро моил ба тарафдорӣ аз ӯ созад ва на сарзаниши касе ӯро водор ба бадгӯӣ аз ӯ намояд.) (С.И.)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муаллим ва мутааллим
Шукрона

Матолиби пурбоздид