Алоқамандсозии навҷавон ба мутолиа

Фарҳанг

Алоқамандсозии навҷавон ба мутолиа

Муаррифии китоб ба навҷавонон ва алоқамандсозии онон ба мутолиа равишҳои хоссеро металабад.

Вазифаи мактаб, фақат омӯзиш додани хондан ба кӯдакон нест, балки омӯзиши шеваҳои иҷтимоӣ шудан ва бахше аз иҷтимоъ будан, узве аз ҷомеа будан аст, ки аз тариқи мутолиаи китобҳои ғайридарсӣ сурат мегирад.

Бар асоси натоиҷи як таҳқиқ дар Ню-Зеланд, бо унвони рушди истиқлол, навҷавононе, ки аз мутолиа лаззат мебаранд, дар мактаб ва дар таомулоти худ бо дигарон дар ҷомеа, муваффақ хоҳанд буд.

 

Мавзӯоте, ки ба навҷавон барои мутолиа тавсия мешавад

Тибқи таҳқиқоти ба амал омада, мавзӯоте, ки навҷавонони 12 то 17 сола ба хондани онҳо алоқа нишон медиҳанд, ба шарҳи зер аст. Огоҳӣ аз ин феҳраст метавонад, ба падару модарон ҳангоми муаррифии китоб ба навҷавонон роҳнамои хубе бошад.

Мавзӯоте, ки онҳоро механдонам.

Мавзӯоте, ки боиси истифода аз тахайюл мешавад.

Мавзӯоти муаммоие, ки ниёз ба ҳалли як роз ё мушкил дошта бошад.

Дорои шахсиятҳое бошад, ки орзу мекунанд ба ҷои онҳо бошанд.

Бо мӯҳтавои як достон бошад.

Чизи ҷидиде ба онҳо биомӯзад.

Ғайридостонӣ, мубтанӣ бар зиндагии воқеии шахсиятҳо.

Каме тасрнок бошад.

Дар мавриди чизҳое бошад, ки онҳо дар зиндагии худ таҷриба мекунанд.

Дорои шахсиятҳое бошад, ки ошиқ ҳастанд.

Шахсияте шабеҳ ба худи онҳо дошта бошад.

 

Нукоте барои ташвиқ ба мутолиа

Барои ташвиқи навҷавон ба мутолиа, шароитро бояд омода кунем. Ҳама чизро воқеӣ кунем. Байни тавоноии хондани фарзанди худ ва гузинаҳои ояндаи ӯ, дар зиндагӣ, иртибот барқарор кунем. Агар ӯ дар мавриди донишгоҳ ё масири шуғлии худ фикр мекунад, дар мавриди равишҳои мутолиа барои муваффақияти ӯ мабоҳиси содиқона дошта бошем. Сармашқҳо ва улгуҳоеро биёбем, ки алоқае ба хондан надоштанд, аммо босаброна идома доданд ва муваффақ шуданд. Фақат мувозиб бошед, ки сӯҳбатҳоятон ба насиҳату мавъиза табдил нашавад. Фарзанди худро ташвиқ кунед, то бо шумо дар як масъалаи фикрӣ ширкат дошта бошад ва бархе аз идеяҳоеро, ки мавриди баҳс қарор медиҳед, ба баҳс бикашад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳзиби нафс
Парҳез аз одоби ҷоҳилӣ

Матолиби пурбоздид