Ансоруллоҳи Яман ба Саудӣ ва Аморот: “Агар ба эътилофи Исроил бипайвандед, майдонҳои нафтиатонро мезанем!”

Ансоруллоҳи Яман хитоб ба Саудӣ ва Аморот: “Агар ба эътилофи Исроил бипайвандед, майдонҳои нафтиатонро мезанем!”
Ахбори байналмилал
Яке аз раҳбарони Ансоруллоҳи Яман дар паёми ҷадиде ба эътилофи саудӣ-аморотӣ нисбат ба саранҷоми мушорикат дар ҳар гуна эътилофи ҷадиде барои таҷовузи низомӣ ба Яман ҳушдор дод.
Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, дар мусоҳиба бо шабакаи France24 гуфт: “Агар Арабистон ва Аморот бахше аз ҳар гуна эътилоф барои таҷовуз ва ташдиди таниш алайҳи Яман бошанд, майдонҳои нафтӣ ва гозии онҳоро мунҳадим хоҳем кард”.
Вай ин суханонро баъд аз он гуфт, ки дар пайи кӯмаки Ансоруллоҳ ба Фаластин бо ҳамла ба Илот дар ҷануби Исроил ва низ тавқифи киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх, замзамаҳое аз ташкили эътилофе байни Исроил ва Саудӣ ва Аморот барои ҳамла ба Яман, аз сӯйи расонаҳои исроилӣ матраҳ шуд.
Ал-Бухайтӣ гуфт, Ансоруллоҳ ҳар гуна набарде алайҳи Яманро бо оташ задани ҳамаи чоҳҳои нафтӣ ва гозӣ посух хоҳад дод ва ҳеч чоҳи нафтӣ ё гозиро солим боқӣ нахоҳад гузошт ва ба ҳеч киштии саудӣ ё аморотӣ иҷозаи убур аз Бобулмандиб надода ва онҳоро мавриди ҳамла қарор хоҳад дод.
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба мафҳуми ирфон ва ориф
Эй ашк…

Матолиби пурбоздид