Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳҳои Омрико

 

Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳҳои Омрико

Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳҳои Омрико дар Сурия

Ахбори байналмилал

Alalam

Муқовамати исломии Ироқ дар баёнияе эълом кард, пойгоҳҳои Омрико дар Сурияро ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Ба гузориши Алъолам, муқовамати исломии Ироқ дар баёнияе эълом кард, дар вокуниш ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза, ду пойгоҳи ишғолгарони омрикоиро дар Сурия ҳадаф қарор додааст.

Тибқи ин баёния, пойгоҳи Омрико дар “Баладулхазро” ва майдони гозии “Кунику” ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Гурӯҳҳои муқовамати Ироқ дар вокуниш ба ҳимоятҳои Омрико аз тадовуми ҷанг дар Ғазза, рӯзона чандин бор пойгоҳҳои Омрикоро дар минтақа мавриди ҳамла қарор медиҳанд.

Муқовамати исломии Ироқ, Омрикоро масъули аслии ҳамалоти артиши Исроил ба навори Ғазза медонад ва таъкид кардааст, то замони тадовуми ҳамалот ба мардуми Фаластин, ба амалиётҳои худ алайҳи пойгоҳҳои душман идома хоҳад дод.

Асри ҷумъа муқовамати исломии Ироқ бо интишори баёнияе таъкид кард, ки қарори порлумон ва ҳимояти мардумӣ аз ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ, тайи солҳои гузашта ба хотири фиребкории Омрико, роҳ ба ҷойе набурдааст.

Дар ин баёния омадааст: “Омрико ба дунболи иҷрои нақшаҳои палидонаи худ дар Ироқ ва минтақа аст ва ин ки Вошингтун ба дархости давлати Ироқ барои таъйини таклифи нерӯҳои худ тан дода, ба хотири ҳамалоти муқовамат аст.”

Муқовамати Ироқ бо таъкид бар ин ки “Омрико ҷуз забони зӯр намефаҳмад”, тасреҳ кард: “Мо тайи солҳои мубориза, ба ҷуз фиреб ва зӯргӯӣ, чизе аз душмани омрикоӣ надидем ва “ин кишвар) ҳамеша дар талош будааст, ки барои анҷоми ҳар чи бештари тарҳҳои шайтонии худ, замон харидорӣ кунад.

Alalam

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чанд кишвари ғарбӣ иқдоми Эрон дар партоби моҳвораро маҳкум карданд
Баргузории ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ дар мавриди Ғазза

Матолиби пурбоздид