Ансоруллоҳи Яман: “Дар муқобила бо душмани исроилӣ, хатти қирмизе надорем”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Дар муқобила бо душмани исроилӣ, дигар хатти қирмизе надорем”

 “Омрико дар наслкушии Ғазза ва ишғоли гузаргоҳи Рафаҳ шарик аст”

Ахбори байналмилал

Almayadeen

Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, бо баёни ин ки амалиёти мо алайҳи киштиҳои исроилӣ ва омрикоӣ идома дорад, гуфт: “Мо гузинаҳои муҳим ва ҳассосе дорем, мо дар муқобила бо душмани исроилӣ дигар ҳеч хатти қирмизе намешиносем.”

Ба гузориши Алмаёдин, вай бо баёни ин ки агар Омрико бихоҳад ҳамла ба Рафаҳ мутаваққиф шавад, ин кор хоҳад шуд, аммо намехоҳад, гуфт: “Давлати Омрико ба тазоҳуроти эътирозӣ дар донишгоҳҳои ин кишвар алайҳи ҷанг дар Ғазза гӯш намедиҳад.”

Ҳусӣ бо таъкид бар ин ки ҳамла ба Рафаҳ бо ҳадафи афзоиши дарду ранҷи мардуми Фаластин ва эъмоли муҳосира ва таҳмили гуруснагии бештар анҷом мешавад, изҳор дошт: “Омрико тазоҳур ба эъмоли фишор бар душмани исроилӣ мекунад, аммо дар айни ҳол ин режимро бо маҳмулаҳои бузурги силоҳ таҷҳиз мекунад.”

Вай бо баёни ин ки набояд фиреби мавзеъи Омрикоро бихӯрем ва Вошингтун дар ҷинояти наслкушӣ дар Ғазза ва ишғоли гузаргоҳи Рафаҳ нақш дорад, гуфт: “Омрико ошкоро Исроилро ба ишғоли гузаргоҳи Рафаҳ ташвиқ мекунад ва шароитро бар он фароҳам кард ва дар ҳамаи ҷиноёти ин режим шарик аст.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман тасреҳ кард: “Ишғоли гузаргоҳ Рафаҳ чолише барои Миср ва таҳдиде барои амнияти ин кишвар ба шумор меравад ва тавофуқоти имзошударо нақз мекунад.”

Ҳусӣ бо баёни ин ки амалиёти мо алайҳи киштиҳои исроилӣ ва омрикоӣ идома дорад, гуфт: “Мо гузинаҳои муҳим ва ҳассосе дорем, мо дар муқобила бо душмани исроилӣ дигар ҳеч хатти қирмизе намешиносем.”

Almayadeen

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қиссаи падари Абдуллоҳ ибни Муборак
Озодии кӯдак дар фазои хонавода

Матолиби пурбоздид