Ансоруллоҳи Яман: “Ҷумҳурии Исломии Эрон қавитар аз тамоми тавтиаҳост”

Ансоруллоҳи Яман: “Ҷумҳурии Исломии Эрон қавитар аз тамоми тавтиаҳост”

Ахбори байналмилал

Masirahtv

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар баёнияе инфиҷорҳои теруристии Кирмонро ба шиддат маҳкум кард ва онро ҷинояткорона хонд.

Ба гузориши шабакаи Алмасира, дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, бо судури баёнияе дар вокуниш ба инфиҷорҳои теруристии Кирмон, зимни маҳкумияти шадиди он, гуфт, ки ин гуна иқдомот дар ростои муқобила бо нақшофаринии Эрон дар мувоҷеҳа бо истикбор аст.

Дар ин баёния омадааст: “Ба шиддат инфиҷорҳои ҷинояткоронаи шаҳри Кирмони Эронро, ки даҳҳо шаҳид ва маҷрӯҳ дар пай дошта аст маҳкум мекунем ва ба раҳбарӣ, давлат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хонаводаи қурбониён таслият мегӯем.”

Ансоруллоҳи Яман афзуд: “Инфиҷорҳои Кирмон дар имтидоди талошҳо барои шикасти Эрон ва аз миён бардоштани нақшофаринии ин кишвар дар мувоҷеҳа бо истикбор ва ҳимояташ аз уммати исломӣ ва муқовамат аст; мо мутмаиннем, ки Ҷумҳурии Исломӣ қавитар аз тамоми тавтиаҳост ва тамоми талошҳои Омрико ва Исроил барои бесуботӣ ва ноамнсозии ин кишвар иншоаллоҳ бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.”

Masirahtv

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҷинояткорон бидонанд, ки аз ҳамакнун омоҷи қатъии муҷозоти одилона хоҳанд буд”
Эрдуғон шаҳодати шаҳрвандони эронӣ дар ҳодисаи теруристии Кирмонро таслият гуфт

Матолиби пурбоздид