Ансоруллоҳ: “Амрико ва Англис хоҳанд фаҳмид, ки ҳамла ба Яман, бузургтарин ҳамоқати онҳо будааст”

Ансоруллоҳ: “Ба зудӣ Амрико ва Ангилис хоҳанд фаҳмид, ки ҳамлаи мустақим ба Яман, бузургтарин ҳамоқати онҳо дар таърихашон будааст”
Ахбори байналмилал
Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, бомдоди ҷумъа (12 январ) гуфт: “Ба зудӣ Омрико ва Ангилис хоҳанд фаҳмид, ки ҳамлаи мустақим ба Яман, бузургтарин ҳамоқати онҳо дар таърихашон будааст.”
Ба гузориши Ирно ба нақл аз Алмаёдин, Ал-Бухайтӣ гуфт: “Омрико ва Ангилис дар ҳамла ба Яман иштибоҳ карданд ва аз таҷориби гузаштаи худ дарс нагирифтанд.”
Аз сӯйи дигар Фазл Абӯтолиб, узви дигари дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳ низ Омрико ва Ангилисро таҳдид кард ва гуфт, ки ин иқдом бидуни посух нахоҳад монд ва кишварҳои мутаҷовиз паёмадҳои онро хоҳанд дид.
Аз сӯйи дигар Насриддин Омир, раиси ҳайати иттилоърасонии Ансоруллоҳ гуфт, ки ҳар гуна посухи Яман ба таҷовузи мутаҷовизонро нерӯҳои мусаллаҳ ба сурат расмӣ эълом хоҳанд кард.
Гуфтанист, Омрико ва Ангилис бомдоди ҷумъа )12 январ) чандин минтақаи Яманро ҳадафи ҳамалоти мутаъаддид қарор доданд.
Мақоми омрикоӣ дар гуфтугӯ бо Reuters муддаӣ шуд, ҳамалоти Омрико ва Ангилис дар Яман, бо ҳавопаймо, киштӣ ва зердарёӣ анҷом шудааст.
Риши Сунок, нахуствазири Ангилис, бомдоди ҷумъа (12 ноябр) дар дифоъ аз таҷовузи низомӣ ба Яман эълом кард: “Нерӯи ҳавоии салтанатӣ ҳамалоте ҳадафманд алайҳи таъсисоти низомии мавриди истифодаи Ҳусиҳои Яман анҷом додааст.”
Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико низ дар пайи таҷовузи низомии кишвараш ба Яман, эълом кард: “Ба дастури ман нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ҳамроҳ бо Бритониё ва бо ҳимояти Устролиё, Баҳрайн, Конодо ва Ҳуланд (Нидерланд) ҳамалоти муваффақиятомезе алайҳи чанд ҳадаф дар Яман анҷом додем.”
Хабаргузории Associated Press ба нақл аз чанд мақоми омрикоӣ гузориш дод, ки артишҳои Омрико ва Ангилис “беш аз 12 маркази мавриди истифода тавассути Ҳусиҳои Яман”-ро ҳадаф қарор доданд.
Ин аҳдофи низомӣ шомили марокизи луҷестикӣ, сомонаҳои дифоъи ҳавоӣ ва амокини анбори таслеҳот будааст.
CNN низ гузориш дод, ки мушакҳои “Томагавк” аз саккуҳои ҳавоӣ, заминӣ ва зерсатҳӣ шиллик шуданд ва ҳадаф аз ин ҳамалот, костан аз ҳамалоти мудовими Ҳусиҳо ба киштиҳо дар баҳри Сурх буд.
Ин гузориш афзуд, ки аҳдофи мавриди ҳамла шомили сомонаҳои родорӣ, маҳалли нигаҳдории паҳподҳо ва марокизи парвози онҳо, анбори мушакҳои болистик ва круз ва марокизи шиллики онҳо буд.
Қаламонлайн
Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷузъиёти таҷовузи низомии Англис ва Амрико ба Яман
Паёми нерӯҳои артиши Яман

Матолиби пурбоздид