Асабонияти “Исроил” аз дабири кулли СММ тааҷҷубовар нест
Бешармӣ, ҳарфи аввал дар қомуси мақомоти саҳюнист
Таҳлил
Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм” ва аз таҳлилгарони ҷаҳони араб, ба ҳамлаи вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ ба дабири кулли Созмони Милал пардохт ва аз бешармии мақомоти Телавив сухан гуфт.
Ба гузориши “Раъюл-явм”, Абдулборӣ Атвон дар матлабе бо ишора ба ҳамлаи Эли Коэн, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ ба Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал ба сабаби суханонаш дар ҷаласаи Шӯрои амният перомуни Ғазза навиштааст:
“Ҳамлаи вазири хориҷаи режими ишғолгар ба Гутерриш ва ин ки “ӯ дар дунёи дигаре ба сар мебарад”, тааҷҷубовар нест, зеро бешармӣ ҳарфи аввалро дар қомуси мақомоти исроилӣ мезанад, он ҳам дар ин рӯзҳо ва пас аз шикасти бузург ва хоркунанда дар шаҳракнишинҳои атрофи Ғазза ба дасти ҷунбиши Ҳамос ва афзоиши интиқодҳои ҷаҳонӣ аз куштори ҷамъӣ, ки дар Ғазза алайҳи кӯдакон ва ғайринизомиён ба роҳ андохтааст.
Иллати ин ҳамлаи вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ ба Гутерриш, интиқоди дабири кулли СММ аз поксозии нажодӣ аст, ки режими ишғолгар дар Ғазза ба роҳ андохтааст; интиқоди бисёр қавӣ аз сӯйи Гуттериш, ки нигаронӣ ва хашми Коэнро ба ҳамроҳ дошт ва намоёнгари инзиҷори фазояндаи ҷаҳонӣ аз иқдомоти режими ишғолгар ва нақзи ҳуқуқи башар аз сӯйи он, зӯргӯӣ, куштани кӯдакон ва занон ва солхӯрдагон тавассути ин режим аст. Гуттериш гуфт: “Иқдомоти Ҳамос дар шаҳракҳои исроилинишин бе далел набудааст, фаластиниҳо 56 сол аст, ки дар маърази ишғолгарии шадид қарор доданд. Ҳеч тарафе дар як низоъи мусаллаҳона фаротар аз қонуни инсонии байналмилалӣ нест”.
Гутерриш ҳамчунин хостори оташбас, вуруди кӯмакҳои инсонӣ шуд ва кӯмакҳои воридшударо ба манзилаи як қатра донист. Ин мавозеъи шуҷоъона аз сӯйи дабири кулли Созмони Милал нишондиҳандаи тағйироти сареъ дар ниҳодҳои байналмилалӣ ва афкори умумии ҷаҳонӣ ҳамзамон бо вуруди ҷанги Ғазза ба ҳафтаи севвуми он аст.
Ин дигаргунӣ дар биниши ҷаҳонӣ дар дараҷаи нахуст ба куштор, вайронӣ ва хунрезии бесобиқаи Исроил ва ҳамчунин ба муқобилаи озодаҳои ҷаҳон бо ахбори дурӯғини Исроил дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва низ мудирияти набарди инсонӣ ба шакли бориз аз сӯйи Ҳамос марбут мешавад, ки рафтори нек бо асирон дошт ва асирони беморро озод кард ва онҳо аз рафтори неки Ҳамос дар ҳангоми асорат сухан гуфтанд.
Ин раванд яъне мавозеъи иттихозшуда аз сӯйи дабири кулли Созмони Милал нишонгари оғози шумориши маъкус барои дуввумин шикасти режими ишғолгар пас аз шикасти нахуст дар 7-уми октябр аст.
Омрико дар нигаронӣ ва ваҳшат аз бими густариши доманаи ҷанг дар Ғазза ва тӯлонӣ шудани он ва мушорикати бозуҳои муқовамат дар он ба сар мебарад. Натоиҷи маъкуси ҳамлаи хунини Исроил ба Ғазза ва кушторҳое, ки ба роҳ андохтааст, хашми ҷаҳон ва вайронии ҳамаи тавофуқоти хиёнатбори созиши Иброҳим (Авраам)-ро ба ҳамроҳ доштааст.
Ин хунҳои поки рехташуда дар Ғазза ба ҳадар нахоҳад рафт ва оғозе бар поёни режими ишғолгар ва бозтарсими нақшаи Ховари Миёна ва чӣ басо дунёи бидуни ин режим хоҳад буд. Иншоаллоҳ!”
Қаламонлайн