Ибни Сино ва Декорт

Ибни Сино ва Декорт
Мабоҳиси фалсафӣ
Агар инсон худашро бишносад, дигар ҳама чизро ба дурустӣ хоҳад шинохт. Мушкили умдаи инсон дар ин аст, ки ғолибан пеш аз он ки худашро дуруст шинохта бошад, саъй мекунад аввал ҷаҳонро бишносад. Дар ҳоле, ки калиди шинохти ҳама чиз пеши вай, ин шинохти худаш аст.
Албатта, шинохте, ки аз он мегӯям, шинохти бадан ва аъзо ва ҷавореҳ нест; шинохти бадан низ мисдоқи шинохти ҷаҳон аст, на худ. Манзур аз шинохти худ ин аст, ки саъй кунад бидонад:
– чаро дар ин олам ҳаст?
– чаро омаданаш ба ин олам ва рафтанаш аз он, дасти худи ӯ нест?
– чаро камолхоҳ ва камолдӯст аст? Яъне чаро мехоҳад масалан доно ва огоҳ бошад, на кавдан ва ҷоҳил? Чаро илмро дӯст дорад ва аз ҷаҳлу нодонӣ мутанаффир? Оё касе дар ин дунё ҳаст, ки бигӯяд, ман аз илму огоҳӣ хушам намеояд?
– чаро камолоти худро дӯст дорад? Яъне шумо дӯст доред аз ин ки олиматон бихонанд, вале агар ҷоҳилатон хонданд, нороҳат мешавед. Чаро?
– чаро аз ин ки камол ёбад, лаззат мебарад; лаззате, ки қобили қиёс бо лаззати ҷисмӣ нест?
– чаро ба ҳадде худ ва камолоташро дӯст дорад, ки мехоҳад пас аз маргаш ҳам номи ӯ боқӣ бимонад?
– чаро ба фарзандонаш алоқа ва дӯсташон дорад, дар ҳоле, ки фарзанди вай ҳеч фарқе бо фарзанди масалан ҳамсоя надорад, зеро ҳар ду иборат аз гӯшту пӯсту устухону ин ҷур чизҳоянд? Бахусус модар чаро ба фарзанди худ ба ҳадде алоқаманд аст, ки ҳозир аст ҷонашро аз даст бидиҳад, вале газанду осебе ба ҷигаргӯшааш нарасад? Сирри ин алоқа дар чист ва куҷост?
… ва садҳо ва шояд ҳазорон “чаро”-ҳое, ки замоне ки инсон посухи ин “чаро”-ҳоро ёфт, худашро шинохтааст. Ин шинохт, калиди соири шинохтҳо ва маърифатҳост.
* * *
Асосан, яке аз фарқҳои умда миёни фалосифаи исломӣ бо ғайри эшон дар ин аст, ки фалосифа ва ҳамчунин урафои исломӣ, мабнои ҳамаи маърифатҳо ва шинохтҳоро шинохти “худ” медонанд ва аз ҳамин нуқта ба фалсафидан оғоз кардаанд.
Масалан, Декорт, файласуфи фаронсавӣ, вақте хост як мактаби фалсафии ба гумони худаш муҳкамеро бино ниҳад, фарзро бар ин гузошт, ки ҳеч чиз пеши вай яқинӣ нест ва дар ҳама чиз шакк дорад, ҳатто фарзаш ин буд, ки ба вуҷуди худаш низ шакк дорад, то чӣ расад ба Худо ва ҷаҳоне, ки ӯро печонидааст. Сипас, гуфт, дар ҳар чиз ҳам, ки шакк кунам, вале дар шакки худам шакк надорам, яъне яқин дорам, ки ман шакк мекунам. Он гоҳ гуфт, ҳамин худаш як хишти аввалин аст барои бинои мактаб ва фалсафааш. Сипас, аз ҳамин як нуқтаи яқинӣ шурӯъ кард, то расид ба ин ки ман ҳастам, ҷаҳон ҳаст, Худо ҳаст ва ғайра… Ӯ ин гузораро ба ин сурат баён кард: “Ман меандешам, пас ҳастам”.
Ва ба сухани дигар, метавон гуфт, ин файласуфи барҷастаи ғарбӣ корро аз “худ” шурӯъ накард.
Бар хилофи фалосифа ва урафои исломӣ. Ибни Сино тақрибан 500 сол қабл аз Декорт, ин масъаларо тарҳ карда ва ишколи онро ҳам баён намудааст. Ибни Сино дар “Инсони муъаллақ дар фазо” мегӯяд, агар касе бигӯяд, ки ман ба худам аз тариқи осорам пай мебарам, ӯ иштибоҳ кардааст. Бӯалӣ мегӯяд, ту вақте мегӯӣ, “ман меандешам, пас ҳастам”, оё “андешаи мутлақ”-ро дар назар дорӣ, ё “андеша” бо изофа ба худатро? Яъне, “андеша+ам”-ро? Маълум аст, ки ту андешаеро дар назар дорӣ, ки мутаъаллиқ ба туст, яъне “меандеш+ам”. Пас, ту ин андешаро ба худат нисбат додаӣ. Яъне, аввал “худ”-и ту бароят мусаллам аст ва агар андешае аз ту сар мезанад, аз ту сар мезанад. Агар ба шаккат шакк надорӣ, ба он шакке шакк надорӣ, ки мутаъаллиқ ба “худ”-и туст. Пас, чӣ гуна мегӯӣ, ман меандешам, пас ҳастам”? Ту бояд бигӯӣ, “ман ҳастам, пас меандешам”.
Хулоса, худшиносӣ пеши фалосифаи исломӣ ба хусус урафои мо, хеле аҳаммият дошт.
Сайиднуси Истаравшанӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натонёҳу таслим шуд 
Як сабад хушбахтӣ

Матолиби пурбоздид