Афсари баландпояи исроилӣ: “Яҳё Синвор Салоҳуддини замона аст”

 

Афсари баландпояи исроилӣ: “Яҳё Синвор Салоҳуддини замона аст”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Офер Винтер, афсари собиқ ва баландпояи артиши режими Исроил, бо интиқод аз фармондеҳони исроилӣ ба далели наҳваи идораи ҷанги Ғазза, тасреҳ кард, ки фармондеҳи Ҳамос дар Ғазза Салоҳуддини муосир ва дорои ҷойгоҳи ҷаҳонӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Офер Винтер, афсари собиқи артиши режими саҳюнистӣ гуфт, ки ташхиси дастгоҳи амниятии Исроил дар ҷанги Ғазза, ташхиси иштибоҳӣ аст ва шевае, ки барои бархӯрд бо ин мушкил дорад ва низ таҳаррукоти амалиётии артиш дар ин масир, на танҳо мушкилеро ҳал накарда, ки мӯҷиби бадтар шудани авзоъ шудааст.

Офер Винтер, бо ҳамла ба шеваи идораи умури ҷанг аз сӯйи фармондеҳони исроилӣ афзуд, ки артиш авзоъро дар навори Ғазза хатарноктар мекунад ва натавонист Ҳамосро ба вазъияте бирасонад, ки ба оташбаси матлуби Телавив тан бидиҳад. Аз сӯйи дигар, фармондеҳи Ҳамос дар навори Ғазза, Яҳё Синвор, ба як ҷойгоҳи ҷаҳонӣ расида ва дигар “Салоҳуддини муосир” аст.

Гуфтанист, Салоҳуддин Айюбӣ аз фармонравоёни бузурги исломӣ дар нимаи дуввуми садаи шашуми ҳиҷрӣ аст, ки қудрат ва футуҳоташ забонзади ҳама аст. Вай пас аз муттаҳид кардани ҷаҳони ислом, дар соли 1187 мелодӣ озими Байтулмуқаддас шуд ва тайи севвумин ҷанги салибӣ, муваффақ ба фатҳи Қудс ва Масҷидулақсо шуд ва ағлаби сарзаминҳои таҳти ишғолии салибиҳоро озод кард.

Farsnews

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ду ракъат намоз ва биҳишт
Давои дардҳо

Матолиби пурбоздид