Фаластин: Аз ҳимоятҳои Ансоруллоҳ ва мардуми Яман қадрдонӣ мекунем

Фаластин: Аз ҳимоятҳои Ансоруллоҳ ва мардуми Яман қадрдонӣ мекунем

Муқовамати Фаластин: “Аз ҳимоятҳои амалии Ансоруллоҳ ва мардуми Яман қадрдонӣ мекунем”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Гурӯҳҳои муқовамати Фаластин зимни қадрдонӣ аз ҳимоятҳои амалии мардуми Яман ва Ансоруллоҳ аз Ғазза, аз соири кишварҳои арабӣ ва мусалмон хостанд, ки монанди ин мардум аз масъалаи Фаластин ҳимоят кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, гурӯҳҳои муқовамати Фаластин имрӯз (ҷумъа, 3 май) аз тазоҳуротҳои ҳимоятии мардуми Яман қадрдонӣ карданд ва ин иқдомотро мояи ифтихор ва мубоҳот донистанд ба наҳве, ки яманиҳо бо ин тазоҳуротҳо, “асолат ва шуҷоати худро нишон доданд”.

Хабаргузориҳои мутаъаллиқ ба муқовимати Фаластин, зимни нақли баёнияи ин гурӯҳҳо, гузориш дод, мардуми Яман масъалаи Фаластинро масъалаи аввали ҷаҳони ислом медонанд ва таҷаллии мавозеъ ва гуфтаҳои худро ба сурати амалӣ нишон додаанд; чаро ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз оғози марҳилаи ҷадиде аз ҷанг бо Исроил ва талош барои қатъи роҳҳои имдодрасонӣ ба ин режимро эълом карданд.

Дар ин баёния омадааст: “Ҳамаи арабҳо ва мусалмонон бояд чунин мавозеъи шуҷоъона ва қаҳрамононае дошта бошанд. Мо дар гурӯҳҳои муқовамат, аз мардуми Яман бавежа Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳ ва аъзои ин ҷунбиш қадрдонӣ мекунем.”

Ин гурӯҳҳо дар поён аз ҳамаи ақшори мусалмон ва миллатҳои озодаи ҷаҳон, ки дар баробари режими саҳюнистӣ, аз миллати Фаластин ҳимоят мекунанд, қадрдонӣ карданд.

Гуфтанист, миллионҳо нафар аз мардумм устонҳои мухталифи Яман бо баргузории тазоҳуроти пуршӯр ва густарда, барое чандумин бор, ҳимояти бедареғи худро аз миллати Фаластин нишон доданд ва дар ин замина бо донишҷӯён ва асотиди донишгоҳҳои Омрико ва Урупо, ки аз Ғазза ҳимоят карданд, ибрози ҳамбастагӣ доштанд.

Мардуми Яман зимни истиқбол аз иқдомоти мусбати кишварҳои офриқоӣ барои раҳоӣ аз султаи Омрико, аз нерӯҳои мусаллаҳи худ хостанд, ки доманаи амалиётҳои ҳимоятии худ аз мардуми Ғаззаро густариш диҳанд.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Яҳё Синвор тавофуқи оташбаси бидуни замонатро намепазирад
Туркия равобити тиҷории худро бо Исроил қатъ кард

Матолиби пурбоздид