Аҳамияти сангнавиштаи Бобур  дар сари чашми Оббурдони Масчо

Таърих

Аҳамияти сангнавиштаи Бобур  дар сари чашми Оббурдони Масчо

  1. Сангнавиштаи Бобур аз поёни ғамангези ҳукумати муғулони Темурӣ дар Вароруд бо шикасти сангинашон аз Шайбониёни узбак ривоят мекунад;
  2. Гуфтоварди Бобури Темурӣ аз «Бӯстон»-и Саъдӣ гувоҳ бар ҷойгоҳи фохири забону фарҳангу адаби форсӣ дар Мовароуннаҳр то шибҳиқораи Ҳинд ва бозтоби донишу муҳаббати амиқу самимии Темуриён, аз ҷумла Бобур ба ин фарҳанги ҷаҳоншумул аст.

Ҳам «Шоҳнома» ва ҳам «Бӯстон» дар ҷаҳони маънавии Бобури император асаргузор будаанд. Таҳмурасу Таҳмоспҳо, Фаридунҳову Рустаму Суҳробҳо… ва Фирдавсиҳову Саъдиҳои номдору бузургвор аз тимсолҳои ормонӣ, аз машоиху муаллиму муршидҳои маънавии ӯ будаанд;

  1. Салотини Темурӣ, аз ҷумла Бобур, дар ҳар ҳолу аҳволу авзоъ бо руҳияву маърифати эронӣ ё худ тоҷикӣ дам мезадаанд ва маҳаку милоки маънавияшон дар зиндагӣ донишу адаби форсию исломӣ будааст.
  2. Нақли қавли Бобур аз Ҷамшед, аз «Бӯстон»-и Саъдӣ бар сари чашмаи Оббурдон, ҳовии руҳияи парешону афсурдагии ин император дар айни шикасту сарнагунии тахту тоҷаш дар Самарқанд аст, ки он вақт пойтахти Эронзамин буд.
  3. Ин чашмаву ин сангнавиштаи Бобур ҳамзамон шоҳиди тохтутозу кашмакашҳои саҳроиёни муғули ғосиб дар сарзамини мост.
  4. Бобур дар «Бобурнома» аз Масчо ёдовар мешавад (на Мастчоҳ, ки вожаи бемаъною ғалат аст), ки ӯ мушоҳида кардааст, масчоиён дар рӯйи сангҳо абёти ҷаззоб ва ё чизҳои дигареро кандакорӣ мекунанд. Бобур дар пайравӣ бо ин суннати кӯҳистониён, дар санг ин се байти Шайх Саъдиро ба дасти худ кандааст.
  5. Сангнавиштаи аз Масчо пайдошуда ягона хаттест, ки бо дасти Бобур Мирзо канда шуда ва ин ёдгорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Бобур барои такмили дониши худ аз мероси гузаштагони бузурги адабиёти форсӣ ба таври вофир баҳраҳо бурдааст.

(Манбаъ: Сафҳаи шахсии Обид Шакурзода дар паёмрасони иҷтимоии Фейсбук)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пирӯзӣ дар авҷи нобоварии худи мусалмонон
Номаи Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҷавонони Амрико

Матолиби пурбоздид