Бахше аз васиятномаи Абуалӣ ибни Сино
Мактаби андеша
Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино (р) дар бахше аз васиятномаи маъруфи худ мегӯяд:
“Худованди Мутаол аввалин ва охирин мақсадест, ки инсон бояд бад-он биандешад ва чашми ҷони худро бо назар бар ӯ равшан созад ва дар пешгоҳи ӯ пешонаи хушӯъ ва бандагӣ бисояд. Пас ҳангоме ки ин ҳолат барои инсони солик малака мешавад, бо ҳазрати Ҳақ унс мегирад ва болотарин лаззатро насиб мебарад ва оромиш меҳмони ӯ мегардад, ба гунае ки бар аҳли олам шафқат меварзад… Ҳамоно бартарини ҳаракот – намоз, покизатарини асрор – сабр ва судмандтарини некиҳо – садақа ва беҳудатарини талошҳо – ҷидол аст… Ҳикмат модари фазоил, ва шинохти Худо аввалин маърифат аст.”
(Аъён: 6/78)
Қаламонлайн