Баёнияи неруҳои мусаллаҳи Яман дар бораи шаҳодати сарлашкар Муҳаммад Абдулкарим ал-Ғуморӣ
Баёнияи нерӯҳи мусаллаҳи Яман дар бораи шаҳодати раиси Ситоди муштараки артиши ин кишвар ҳамроҳ бо писараш
Ахбори байналмилал
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо судури баёнияе, аз шаҳодати сарлашкар Муҳаммад Абдулкарим ал-Ғуморӣ, раиси Ситоди муштараки артиши Яман ҳамроҳ бо писари 13-солааш хабар дод.
Дар ин баёния омадааст: “Набард бо душман ҳанӯз поён наёфта ва душмани саҳюнистӣ ба сабаби ҷиноёте, ки муртакиб шудааст, ба ёрии Худованди Мутаол, муҷозоти худро дарёфт хоҳад кард, то ба василаи он, озодии Қудс ва нобудии комили ин режим муҳаққақ шавад.”
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман тасреҳ кард: “Ин масири бузург, ки шуҳадои воломақоми мо дар роҳи он ба шаҳодат расиданд, ҳеч гоҳ поён намепазирад, балки роҳе аст, ки наслҳои оянда онро идома медиҳанд ва қаҳрамонон яке пас аз дигаре онро пеш мебаранд.”
qalamonline.net
Қаламонлайн