Калидҳо ва сарчашмаҳои сарватмандӣ 

Муҳоҷират

Калидҳо ва сарчашмаҳои сарватмандӣ 

Назм

Дунё ҷоест, ки ҳама дарон, дар паи ин ҳастанд, ки дар зиндагиашон, аз назари молӣ таъмин бошанд ва зиндагии осоиштаву саршор аз сарвату бениёзӣ дошта бошанд.

Барои расидан ба ин ҳадаф, донистани хусусиёти сарватмандон ба мо кумак мекунад. Сарватманди воқеӣ касест, ки аввалин қадамро барои тағйири боварҳо ва бардоштҳои иштибоҳи худ аз зиндагӣ мебардорад ва саъй мекунад дар хусусиёти худ таҷдиди назар кунад ва онро ба хусусиёти як фарди сарватманд табдил намояд.

Бояд бидонем, ки дигарон ин шароитро пушти сар гузоштаанд ва чизе, ки ба даст овардаанд, муваффақият, шодмонӣ ва сарват будааст.

Яке аз ин шароит доштани назм дар умури зиндагист.

Бештари афроди сарватманд як хусусияти муштарак доранд ва он чизе нест, ҷуз муназзам  будан.

Вақте ба сару вазъ ва ё зиндагии онҳо нигоҳ мекунем, ки ҳама чиз сари ҷои худаш қарор дорад. Ҳар чизе ҷои мушаххас дорад. Ин нишондиҳандаи назми зеҳнии онҳост. Қудрати назм дар зеҳн боис мешавад то фард онро дар зиндагии воқеии худ низ амалӣ кунад.

Вақте ки шумо мисли як фарди сарватманд муназзам бошед, дигар на аз озмуне ҷо мемонед ва на замони арзишманди худро ҳадар медиҳед. Қудрати назм ба шумо ин имконро фароҳам мекунад, ки дар муҳитҳои иҷтимоӣ беҳтар амал кунед ва ин муҳимтарин нукта барои расидан ба сарват аст.

Муназзам будан боиси ба вуҷуд омадани сифоти зер дар шумо мешавад:

Мизони баҳравариатон афзоиш меёбад.

Корҳоятонро бо ҳисси беҳтар анҷом медиҳед.

Чизеро фаромӯш намекунед.

Ба тааҳҳудоти худ пойбанд хоҳед буд.

Дар вақти худ сарфаҷӯӣ мекунед.

Саломатии ҷисмӣ ва руҳиатонро беҳбуд мебахшед.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳиссу ҳоли хуб дар зиндагӣ – эҳсосоти мусбат
Дониш ва донишмандон дар каломи нуронии Паёмбар(с)

Матолиби пурбоздид