Баёнияи севвуми Ҳизбулоҳи Лубнон дар мавриди ҳамлаи густарда ба Исроил

Баёнияи севвуми Ҳизбулоҳи Лубнон дар мавриди ҳамлаи густарда ба Исроил

Ахбори байналмилал

Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар баёнияи шумора 3-и худ, эълом кард, паҳподҳои таҳоҷумии ин ҷунбиш аз тамоми ошёнаҳо бо муваффақият партоб шудаанд ва бо убур аз марзи Лубнон аз чанд масир, ба аҳдофи мавриди назар расидаанд ва дар натиҷа амалиёт ба итмом расидааст.

Муқовамати исломии Лубнон дар идома изофа кард:

“Иддаоҳои артиши режими саҳюнистӣ дар бораи иқдоми пешдастона барои ҷилавгирӣ аз амалиёти муқовамат пуч буда ва бо рӯйдодҳои майдонӣ дар таноқуз аст.”

Ҳизбуллоҳ ишора кард, ки Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли ин ҷунбиш дар суханронии ояндаи худ ба иддаоҳои душман ишора ва воқеиятҳоро хоҳад гуфт.

Гуфтанист, муқовамати исломии Лубнон, дар посух ба шаҳодати Фуод Шукр, фармондеҳи аршади худ, бо садҳо рокет ва мушак мавозеи артиши режими саҳюнистиро ҳадафи ҳамла қарор дод.

Ҳизбуллоҳ эълом кард, дар ин амалиёт ба манзури тасҳили ҳаракати паҳподҳои таҳоҷумӣ ва ҳаракати онҳо ба самти аҳдоф дар умқи хоки Фаластини ишғолӣ, пойгоҳҳо ва мавозеи режими саҳюнистӣ ҳадаф қарор гирифтанд ва бо парандаҳои бидуни сарнишин бо муваффақият ба аҳдоф расиданд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷузъиёти ҳамлаи мушакии густардаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли Исроил
Cенотури амрикоӣ: “Омрико ва Исроил бояд Эронро бомбборон кунанд”

Матолиби пурбоздид