Раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон: Содироти нафт ва гоз ба кишварҳои ҳомии Исроил қатъ шавад!

 

Раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон: Содироти нафт ва гоз ба кишварҳои ҳомии Исроил қатъ шавад!

Ахбори байналмилал

Alaraby

Алӣ Муҳйиддин Қарадоғӣ, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон эълом кард: “Ин иттиҳодия тайи ҳафтаи байналмилалии Байтулмуқаддас, ки аз ҷумъа (2 феврал) оғоз мешавад, 9 ибтикори амал матраҳ мекунад, ки бархе аз онҳо ба давлатҳо ва баъзе хитоб ба мардум ва бахше низ дар робита бо асҳоби расона аст.”

Қарадоғӣ дар гуфтугӯ бо пойгоҳи Алъарбӣ ал-ҷадид тасреҳ кард: “Яке аз муҳимтарин ибтикори амалҳои иттиҳодия, марбут ба раҳбароне аст, ки дар муқобили ҷиноёти анҷомшуда дар Ғазза сукут кардаанд, мо аз раҳбарони сиёсӣ мехоҳем кишварҳои ҳомии ишғолгарони исроилиро аз тариқи қатъи нафт ва гоз, таҳрими иқтисодӣ кунанд.”

Раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон ҳамчунин хостори баргузории нишасти сарони кишварҳои мухолифи наслкушӣ дар Ғазза аз сӯйи яке аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ шуд ва афзуд: “Бояд дар ин иҷлос, як эъломияи байналмилалии башардӯстона барои ҳимоят аз мазлумон бавежа дар Ғазза содир шавад. Мо ҳамчунин хостори ҳифозат аз сафар ба мақсади Ғазза ҳастем ва ин ки аъзои ин иттиҳодия иҷозаи вуруд ба Ғаззаро дошта бошанд.”

Бар асоси омору арқоми мавҷуд, нафти тавлидии кишварҳои арабӣ ҳудуди 30 дарсади маҷмӯъи тавлиди нафти 100 миллион бушкаии рӯзонаи кишварҳои ОПЕК-ро ташкил медиҳад.

Арабҳо нуфузи зиёде дар ниҳодҳои байналмилалии танзимкунандаи бозорҳои энержӣ дар саросари ҷаҳон монанди ОПЕК доранд, ҳамчунин кишварҳои арабӣ беш аз 57 дарсад аз захоири ҷаҳонии нафти хом ва беш аз 26.5 дарсад аз захоири ҷаҳонии гази табииро дар ихтиёр доранд.

Кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс аз ҷумла Арабистон пеш аз ин, содироти нафти худро ба кишварҳои ҷаҳон бавежа кишварҳое, ки дар ҷанги октябри 1973 аз ишғолгарон ҳимоят карда буданд, қатъ карданд; амре, ки мунҷар ба ҷаҳиш дар қимати нафт шуда ва натоиҷи чашмгире назири фишори шадиди ғарб ба унвони ҳомии Исроил бар Телавивро ба ҳамроҳ дошт.

Alaraby

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бритониё: “Эҳтимол дорад базудӣ кишвари Фаластинро ба расмият бишносем”
Раҳбари Ансоруллоҳ: “Нафарини Ғазза, гиребони Омрико ва Исроилро мегирад”

Матолиби пурбоздид