Ба таъхир афтодани ҳамла ба Эрон

Ба таъхир афтодани ҳамла ба Эрон

Ахбори байналмилал

Тромп тасмим дошт, рӯзи сешанбе ба Эрон ҳамла кунад ва ин тасмим ба таъхир афтодааст.

Дунолд Тромп дар ин бора дар Truth Social навишт:

“Амири Қатар, Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, валиаҳди Арабистони Саудӣ, Муҳаммад бен Салмон Оли Сауд ва раиси Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Муҳаммад бен Зоид Оли Наҳён, аз ман хостанд, ки ҳамлаи низомии барномарезишудаамон алайҳи Эронро, ки барои рӯзи сешанбе, таъйин шуда буд, ба таъвиқ биандозем, зеро акнун музокироти ҷиддӣ дар ҷараён аст ва ба ақидаи онон, ба унвони раҳбарони бузург ва муттаҳидон, тавофуқе ҳосил хоҳад шуд, ки ҳам барои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва ҳам барои ҳамаи кишварҳои Ховари Миёна ва фаротар аз он, бисёр қобили қабул хоҳад буд.

Ин тавофуқ ба таври муҳим шомили ин шарт хоҳад буд: Эрон ҳеч силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт!

Бар асоси эҳтироме, ки барои раҳбарони мазкур қоилам, ба вазири ҷанг, Пит Ҳегсет, раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳ, женерол Дэниел Кейн ва нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳида дастур додаам, ки ҳамлаи аз пеш барномарезишуда ба Эронро фардо анҷом надиҳем, аммо ҳамчунин ба онон дастур додаам, ки дар сурати адами ҳусули тавофуқи қобили қабул, омода бошанд, то дар ҳар лаҳза, як ҳамлаи тамомаёр ва густарда ба Эронро анҷом диҳанд. Аз тавваҷӯҳи шумо ба ин мавзӯъ сипосгузорам!”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Далели аслии Тромп барои сарфи назар кардан аз ҳамла
Роберт Малли: Меъёрҳои Тромп иштибоҳ аст

Матолиби пурбоздид