Роберт Малли: Меъёрҳои Тромп иштибоҳ аст

Роберт Малли: Меъёрҳои Тромп иштибоҳ аст

Ахбори байналмилал

Намояндаи вежаи Омрико дар умури Эрон дар давлати Бойден: “Тавофуқ бо Эрон ба тарзи фикри Тромп бастагӣ дорад”

 “Шояд равоншносон аз коршиносон муфидтар бошанд”

 

Роберт Малли, намояндаи вежаи Омрико дар умури Эрон дар давлати Бойден ва дастёри раиси ҷумҳур дар давлати Убомо, ба Алҷазира гуфт: “Вақте раиси ҷумҳур Тромп муваффақиятро бо шумориши теъдоди раҳбарони эронӣ, ки Омрико ва Исроил куштаанд ё теъдоди қоиқҳо ё мушакандозҳои эронӣ, ки нобуд шудаанд месанҷад, ин меъёри иштибоҳ аст”.

Вай таъкид кард: “Танҳо роҳи хуруҷ аз ин ҷанг, тавофуқест, ки ба манофеи аслии мо ва ҳамчунин манофеи онҳо (эрониҳо) эҳтиром бигузорад.”

Малли бар ин бовар аст, ки барои кӯмак ба эҳтимоли дастёбӣ ба чунин тавофуқе, равоншносон мумкин аст муфидтар аз коршиносон бошанд, чун “ин воқеан ба тарзи фикри раиси ҷумҳур Тромп бастагӣ дорад”.

 Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ба таъхир афтодани ҳамла ба Эрон
Bloomberg: Талоши Аморот дар тӯли ҷанг барои тарғиби кишварҳои арабӣ ба вокуниши низомӣ алайҳи Эрон

Матолиби пурбоздид