Бизан, ки хуб мезанӣ!

Таҳлили хабарӣ
Бизан, ки хуб мезанӣ!
Ёддошти Ҳусайни Шариатмадорӣ, сардабири рӯзномаи Кайҳон (Эрон):
1) Гиора Айленд, раиси пешини Шӯрои амнияти режими саҳюнистӣ, баъд аз эъломи оташбаси 4-рӯза, бо нигаронӣ аз идомаи ҷанги Ғазза гуфта буд: “Яман барои Исроил як таҳдиди роҳбурдӣ (стратегӣ) аст… Мушкили мо бо яманиҳо ин аст, ки онҳо дар даҳонаи ҷанубии баҳри Сурх қарор доранд ва ин мушкил, бисёр бузургтар ва хатарноктар аз мушакҳои онҳост… Мушкили бузургтар замоне аст, ки яманиҳо тасмим бигиранд, ҳар киштии исроилиеро, ки аз Бобулмандиб ё баҳри Сурх мегузарад, тавқиф кунанд”.
2) Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман панҷшанбешаб ва дар ҳоле, ки идомаи оташбас ва ё шурӯъи дубораи ҷанг, дар ҳолае аз ибҳом буд, бар омодагии худ барои аз саргирии ҳамалот ба сарзаминҳои ишғолӣ таъкид кард ва дирӯз, баъд аз шурӯъи дубораи ҷанг, бо таъкид бар ин ки “ҳамалотамон ба саҳюнистҳоро аз сар мегирем”, эълом кард: “Амалиётҳои мо дар хушкӣ ва дарё, шомили аҳдофе хоҳад буд, ки режими саҳюнистӣ фикрашро ҳам намекунад”.
Амнияти Бобулмандиб ва баҳри Сурх ҳамвора яке аз аслитарин нигарониҳои режими саҳюнистӣ буда ва ҳаст.
3) Инқилобиҳои Яман бар баҳри Уммон, Бобулмандиб ва баҳри Сурх, ки маҳалли убури киштиҳои тиҷорӣ ва нафткашҳо аз ғарби Осиё ба баҳри Медитарона (Миёназамин) ва аз онҷо ба қорраи Урупо ва Омрикост, ишрофи комил доранд. Ва дар ҷараёни ҷанги Ғазза илова бар шиллики даҳҳо мушаки болистик ба бандари Илот дар ҷануби Фаластини ишғолӣ, ду фарванд киштии тиҷории мутаъаллиқ ба режими саҳюнистиро низ тавқиф ва ба ғанимат гирифта буданд, зимни он ки як киштии дигари исроилиро ба оташ кашида ва хасорати сангине ба он ворид сохта буданд.
4) Омрико ва Исроил барои муқобила бо инқилобиҳои Яман, тақрибан аз ҳеч қудрати боздорандае бархӯрдор нестанд. Омрико ва муттаҳидони ғарбӣ ва минтақаии худ яъне Арабистон ва Аморот ва бо ҳамкории эъломшудаи режими саҳюнистӣ, наздик ба 8 сол бо инқилобиҳои Яман даргир будаанд ва аз ҳеч ҷинояте алайҳи онон худдорӣ накарданд, вале бар хилофи он чи интизор доштанд, на фақат ба ҳадафи аслии худ, ки ҳазфи инқилобиҳои Яман буд нарасиданд, балки имрӯза давлати инқилобии Яман ба яке аз қудратҳои матраҳ ва нақшофарини минтақа низ табдил шудааст.
Набояд аз ёд бурд, ки дар аввалин рӯзи оғози ҷанг аз сӯйи эътилофи Арабистон ва Аморот бо пуштибонии Омрико ва Урупо ва Исроил алайҳи Яман, сухангӯи артиши Арабистон бо табахтур ва ғурур эълом кард, ки зарфи се рӯз ё ниҳоятан як ҳафта, кори Яман тамом аст!
5) Ваҳшати саҳюнистҳо аз ишрофи қудратмандонаи инқилобиҳои Яман бар Бобулмандиб ва баҳри Сурх, мунҳасир ба дастандаркорони кунунии режими саҳюнистӣ нест. Ин нигаронӣ кобуси ҳамешагии арозил ва авбоши ҳоким бар Фаластини ишғолӣ будааст, то он ҷо, ки Дэвед Бенгурён, бунёнгузори режими ҷаълии Исроил, борҳо аз тасаллути кишварҳои исломӣ бар Бобулмандиб, баҳри Сурх ва тангаи Ҳурмуз, ибрози нигаронӣ карда ва ҳаёти режимро вобаста ба он дониста буд.
6) Чархаи тиҷории солонаи убури киштиҳо аз Бобулмандиб – вуруд ба баҳри Сурх ва гузар аз канали Суэз – беш аз 750 миллиард доллар аст. Ҳамарӯза ҳудуди 4 миллион бушка нафт аз ин танга убур мекунад. Теъдоди киштиҳои убурӣ аз Бобулмандиб, 25 ҳазор фарванд дар сол аст. Гардиши тиҷории солонаи режими саҳюнистӣ дар баҳрагирӣ аз Бобулмандиб ва баҳри Сурх, ҳудуди 18 миллиард доллар аст…
Бо як муҳосабаи сариангуштӣ метавон дарёфт, ки ҳамла ба киштиҳои тиҷории режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни омрикоӣ ва урупоии он, барои ин режими кӯдаккуш ва ҷиноятпеша ва ҳампаймононаш, чӣ фоҷеае дар пай хоҳад дошт!
7) Омрико ва муттаҳидони урупоӣ ва саҳюнистӣ ва арабии он, ҳамон гуна, ки дар ҷанги 8-сола бо инқилобиҳои Яман тарфе набастаанд, акнун ҳам аз муқобила бо давлати инқилобии Яман нотавон ва ба маротиб осебпазиртаранд; камо ин ки дар муқобили тавқиф ва мусодараи ду киштии исроилӣ, коре аз онҳо сохта набуд. Махсусан он ки имрӯза инқилобиҳои Яман илова бар руҳияи инқилобӣ ва шуҷоати мисолзаданӣ, аз таслеҳоти пешрафтае бархӯрдоранд, ки ҳариф ба қавли Яҳё Сареъ, сухангӯи артиши Яман, “фикрашро ҳам наметавонад бикунад”. Ҳаминҷо гуфтанӣ аст, ки ду ҳафта қабл Пентогун эълом кард Ансоруллоҳ дар халиҷи Адан қасди тавқифи киштии Central Park-ро дошт, ки як размнови омрикоӣ монеъи он шудааст. Аммо, Ансоруллоҳ ин хабарро дурӯғ номид ва Пентогун низ баъд аз 24 соат, ночор ба такзиби хабари қаблии худ шуд.
Ба яқин мақсуди Пентогун аз ҷаъли ин хабар, он будааст, ки нерӯи дарёии Омрикоро қодир ба муқобила бо инқилобиҳои Яман қаламдод кунад, ки ин хабарсозиро метавон нишонаи дигаре аз истисоли (решакан шудани) ҳариф донист. Ин нукта низ гуфтанӣ аст, ки фосилаи Яман то шаҳри бандарии Илот дар ҷануби Фаластини ишғолӣ, ки борҳо ҳадафи мушакҳои болистики инқилобиҳои Яман қарор гирифтааст, ҳудуди 1800 километр аст ва ин фосила то савоҳили Баҳрайн, ки маҳалли истиқрори новгони панҷуми дарёии Омрикост камтар аз 1400 километр аст… Ва ҷо дорад хитоб ба инқилобиҳои Яман гуфт:
Бизан, ки хуб мезанӣ!
8 ) Беинсофӣ аст агар ҳузури оқои Амирабдуллоҳиён, вазири мӯҳтарами умури хориҷаи кишварамон дар сафорати Яман ва қадрдонӣ аз иқдомоти инқилобии давлати Яман дар ҳимояти ҷонона аз мардуми мазлуми Ғаззаро ҳушмандона ва иқдоме инқилобӣ ва бархоста аз масъулиятшиносии эшон талаққӣ накунем.”
Хабаргузории Форс
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷанги Ҳамос ва Исроил -дар воқеъ се ҷанг аст!
Зарурати ваҳдат ва якпорчагии уммати исломӣ – II

Матолиби пурбоздид