Боздиди майдонии Яҳё Синвор аз манотиқи даргирӣ дар Ғазза

Боздиди майдонии Яҳё Синвор аз манотиқи даргирӣ дар Ғазза

Ахбори байналмилал

Farsnews

Ба гуфтаи яке аз аъзои аршади Ҳамос, дастикам 30 женерол ва афсари аршади исроилӣ дар Ғазза асир ҳастанд ва алорағми иддаъои Натонёҳу ва ниҳодҳои амниятии ӯ дар бораи ҳузури Яҳё Синвор дар тенулҳои Ғазза, ӯ ба тозагӣ боздиде майдонӣ аз манотиқи даргирӣ доштааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, як мақоми аршади Ҳамос, ба рӯзномаи Алаърабӣ ал-ҷадид гуфт, ки кобинаи Исроил ба сурати созмонёфта дар талош аст, то афкори шаҳракнишинон ва хонаводаҳои асирони исроилиро гумроҳ кунад.

Ин мақоми Ҳамос гузориши расонаҳои исроилӣ дар бораи пешниҳоди Ҳамос барои озодии 20 асир ба ҷойи 40 асир дар марҳилаи нахусти тавофуқи табодули асиронро такзиб кард; пешниҳоде, ки ба гуфтаи расонаҳои исроилӣ, ахиран дар даври ҷадиди музокироти Қоҳира ба он пардохта шудааст.

Манбаъи ёдшуда ҳамчунин гуфт, ки бар хилофи иддаъои расонаҳои исроилӣ дар бораи зинда мондани танҳо 20 асири исроилӣ дар Ғазза, шумори асиронро дақиқан наметавон эълом кард ва Ҳамос ба танҳоӣ 30 женерол ва афсари Шобок (Созмони амнияти дохилии режими Исроил) аз фармондеҳон ва мақомоти низомии ягонҳои манотиқ ва ҷойгоҳҳои ҳассоси артиши Исроилро ҳамчунон дар асорат дорад.

Ӯ ишора кард, ки ин афрод дар макони бисёр дур ва дар ҷойе, ки ба шиддат таҳти муроқибати вежа қарор доранд, нигаҳдорӣ мешаванд ва дасти артиши Исроил ба онҳо намерасад.

Ин мақоми Ҳамос ҳамчунин гуфт, кобинаи Натонёҳу ҳувияти бархе аз асирони низомиро барои ҷилавгирӣ аз барангехта шудани хашми артиши худ пинҳон нигоҳ доштааст.

Ин узви аршади Ҳамос ҳамчунин хабар дод: “Яҳё Синвор – раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Ғазза, ки артиши Исроил ба дунболи терури ӯст, ба рағми ҷанг ва амалиётҳои иттилоотии артиши Исроил, аз вақойеъи ҷангӣ дур нест.”

Ӯ тавзеҳ дод: “Сӯҳбат аз ин ки Синвор дар тенулҳо ҳузур дорад, танҳо иддаъои Натонёҳу ва дастгоҳҳои ӯст, то ингуна дар баробари исроилиҳо ва муттаҳидонаш рӯйи шикасти худ дар таҳаққуқи аҳдофи эъломшудаашон сарпӯш бигузоранд.”

Ин мақоми Ҳамос идома дод, ки Яҳё Синвор “ахиран аз манотиқи даргирӣ миёни муқовамат ва артиши Исроил боздид карда ва бо бархе аз размандагони ҷунбиш рӯйи замин дидор кардааст.”

Ӯ дар поён изофа кард: “Дар гуфтугӯҳое, ки ахиран миёни сарони Ҳамос дар дохил ва хориҷ (аз Фаластин) сурат гирифта, Синвор сарони аршади ҷунбиши Ҳамосро дар ҷараёни вазъияти муқовамат дар навори Ғазза қарор дода ва бо ироаи омор ва гузоришҳои майдонии дақиқ, бар вазъияти хуби муқовамат ва салобат ва тавони он дар тақобул бо нерӯҳои ишғолгар таъкид кардааст.”

Ба дунболи интишори ин мусоҳиба, манобеъи исроилӣ шомгоҳи дирӯз (чаҳоршанбе) хабар доданд, даҳҳо шаҳракнишин муқобили хонаи Натонёҳу дар Қудс тазоҳурот барпо кардаанд ва алайҳи ӯ ва кобинааш шиор сар додаанд.

Тазоҳуроткунандагон Натонёҳу ва кобинаи ӯро масъули шикасти тавофуқи табодули асирон донистанд.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтимоли судури ҳукми боздошти Натонёҳу аз сӯйи Додгоҳи Лоҳа
Чанд ҷумла дар бораи китоби “Нақди ақли амалӣ”

Матолиби пурбоздид