Бо ин равиш Ҷулонӣ наметавонад Сурияро мудирият кунад
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ҳамоқат аз ин бештар намешавад!
Алъон Сувайдо дар ҷануби Сурия, тақрибан дар дасти Исроил аст, дар воқеъ дар дасти дурзиҳо аст, ки аз Исроил итоат мекунанд. Исроил ба унвони ноҷӣ яъне наҷотдиҳандаи ин мардум талаққӣ мешавад; мардуме, ки дар гузашта дар озодсозии кишварҳои арабӣ аз чанголи истеъмори ғарбӣ нақши басазое доштанд; мардуме, ки ҳукумати Ҷулонӣ ва аъвонаш, ба ҷойи дарафтодан бо онҳо, мебоист ононро ҷалб мекард, аммо коре кард, ки онҳо ба домани саҳюнистҳо афтоданд.
Хуб, чаро наафтанд вақте зишттарини таҳқирҳо ва тавҳинҳо аз сӯйи аъвону ансори Ҷулонӣ бо онон мешавад, фақат ба ин далел, ки мазҳабу маслаки дурзиҳо дигар аст, онҳо мисли ансори Ҷулонӣ намеандешанд, ба гунае дигар меандешанд.
Ин ки гуфтам, ҳамоқат аз ин бештар намешавад, шумо алъон ба расонаҳо ва хусусан телевизионҳои таҳти идораи Ҷулонӣ ва аъвонаш назар андозед! Ҳарфҳое дар бораи дурзиҳо мезананд, ки шумо ҳақ медиҳед ба домани Исроил биафтанд – аз такфиру тафсиқу ҳар чи ба даҳони “муборакашон” ояд, нисори дурзиҳо мекунанд.
Асосан, на танҳо дурзиҳо, балки ҳар дигармазҳаб ва дигарандеш ва касоне, ки ба гунаи дигар ба ғайр аз он чи Ҷулонӣ меандешад фикр мекунанд, аз назари ҷулониҳо кофир ҳастанд, бояд ришу мӯилабашон тарошида шавад, таҳқир гарданд, чӣ дурзӣ бошанд ва чӣ ғайри он.
Оё бо ин наҳва ин ҷамоати аблаҳ яъне ансори Ҷулонӣ, метавонанд Сурияро идора кунанд?!
Ҳаргиз ва абадан!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн