“Нерӯҳои ниёбатӣ” нирӯҳои ниёбатӣ нестанд

Таҳлили хабарӣ

“Нерӯҳои ниёбатӣ” нирӯҳои ниёбатӣ нестанд

Таҳлиле бисёр хондагӣ дар нашрияи Time

Тазаккур: Ҳарчанд бо порае аз гуфтаҳои ин мақола мувофиқ нестам ва мӯътақидам, ин таҳлил ва амсоли он ношӣ аз адами шинохти лозим аз ислом ва мусалмон ва мӯъмин аст, вале нишондиҳандаи тарзи тафаккури ҷаҳони ғарб аз Меҳвари Муқовамат аст, бо ин ҳисоб, донистани андешаи онҳо дар ин замина холӣ аз фоида нест. (Сайидюнуси Истаравшанӣ).

Инак таҳлили ин нашрия:

Ҷек Салливан, мушовири амнияти миллии Омрико, дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии NBC Омрико гуфта: “Ҳамалоти ҳавоии рӯзи ҷумъаи Иёлоти Муттаҳида ба 85 ҳадаф дар Ироқ ва Сурия ва ҳамчунин ҳамлаи рӯзи шанбе ба мавозеъи Ҳусиҳо дар Яман, “оғоз ва на поёни посухи мо” ба ҳамлаи паҳподӣ дар охирҳои моҳи гузашта буд, ки мунҷар ба кушта шудани 3 сарбози омрикоӣ дар Урдун шуд. Ин мақоми аршади давлати Бойден ҳамчунин дар ин мусоҳиба эҳтимоли анҷоми ҳамалоти ҳавоӣ ба даруни хоки Эронро рад накард.

Бо ин ҳол, ин ҳамалоти талофиҷӯёна ҳеч натиҷаи амалӣ дарбар надошта ва шикаст мехӯранд, бавежа ба ин далел, ки ба назар мерасад давлати Бойден як воқеияти ошкорро дарк намекунад: гурӯҳҳои мухталиф, ки Меҳвари Муқоваматро ташкил медиҳанд, сирфан гурӯҳҳои ниёбатии Эрон нестанд, ки ба майл ва ҳаваси Теҳрон амал кунанд.

Ҳимояте, ки Эрон аз ин гурӯҳҳо мекунад – маъмулан таслеҳот ва тавсияҳое дар мавриди наҳваи истифода аз онҳо – ба навъи қудрат ва контроле, ки ҳомиёни молӣ маъмулан бар намояндагони худ доранд, табдил намешавад.

Амир Саъид Ирвонӣ, сафири Эрон дар Созмони Милал, ахиран дар мусоҳиба бо NBC ба ин нукта ишора карда ва гуфт, дар ҳоле, ки Эрон бархе муттаҳидони худро таслеҳ ва таъмини молӣ мекунад, аммо “мо онҳоро ҳидоят намекунем. Мо ба онҳо фармон намедиҳем. Мо танҳо ройзании муштараке бо якдигар дорем.” Ирвонӣ, робитаи Эрон бо ин бозигаронро “паймони дифоъӣ” тавсиф ва онро ба НАТО ташбеҳ кард.

Монанди аксари иттиҳодҳои дифоъӣ, ҳар як аз аъзои Меҳвар дорои ҳошияи бузурге аз худмухторӣ ҳастанд. Ба унвони мисол, Ҳизбуллоҳи Лубнон, ба унвони қудратмандтарин бозигари ғайридавлатии Меҳвари Муқоваматро дар назар бигиред.

Ҳусайн Ҳамадонӣ, сардори фақиди Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, дар хотироти худ навишта, ки Сайидҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон “масъули тамоми сиёсатҳои Меҳвари Муқовамат дар Сурия” пас аз дахолати ин меҳвар дар ҷанги дохилии ин кишвар дар соли 2013 буд.

Ҳамоси суннимазҳаб низ ҳамеша худмухтории худро аз Эрон ҳифз кардааст, ҳатто дар мақтае робитаи Ҳамос бо Эрон ба далели ҳимояти ин гурӯҳ аз мухолифони мусаллаҳи Башшор Асад дар Сурия, тира шуда буд.

Ҳусиҳои Яман низ ба навбати худ истиқлоли худ аз Теҳронро дар замоне, ки дар соли 2014 пойтахти Яман, яъне шаҳри Санъоро бидуни таваҷҷӯҳ ба тавсияҳои Эрон дар он замон тасарруф карданд, ба намоиш гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол, Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ ба унвони қудратмандтарин гурӯҳ дар даруни ташкилоти нерӯҳои “Ҳашдуш-шаъбӣ” (Басиҷи мардумӣ), ахиран ба далели фишори давлати Ироқ, амалиёти низомии худ алайҳи нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқро ба ҳолати таълиқ даровард.

Бо ин ҳол ин воқеият, ки пас аз эъломи таълиқи ҳамалоти Катоиби Ҳизбуллоҳ, дигар гурӯҳҳои Ҳашдуш-шаъбӣ ҳамчунон ба ҳадаф қарор додани нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ ва Сурия идома додаанд, тасмимгирии мустақилли ин бозигарон, ҳатто онҳоеро, ки зери чатри муштараки Басиҷи мардумии Ироқ ҳастанд нишон медиҳад.

Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, Ҳусиҳо ё соири гурӯҳҳои Меҳвари Муқовамат, ҳар кадом ба унвони шибҳидавлатҳо вазоифи калидии ҳукуматиро анҷом медиҳанд ва мухтасси ҷавомеъ ва кишварҳои маҳаллии худ ҳастанд.

Монанди соири ҷунбишҳои иҷтимоии мардумӣ, ин бозигарон наметавонанд ба тарҷеҳоти Эрон ба қимати эҷоди ҳазина барои мардуми худашон амал кунанд. Иттифоқан манбаи аслии машрӯияти ин гурӯҳҳо аз ифои нақш дар чорчӯби муқовамати мусаллаҳонаи онҳо дар дохили кишварашон сарчашма мегирад – ва ин аҳдоф ағлаб, ҳарчанд на ҳамеша, бо манофеи стратегии Эрон ҳамхонӣ доранд.

Маншаи шаклгирии аъзои мухталифи Меҳвари Муқоваматро метавон ба халаъҳои амниятии бар ҷой монда аз давлатҳои марбутаашон радёбӣ кард.

Дар Ғазза, гурдонҳои Қассоми Ҳамос ба унвони посухе ба мушорикати созмони озодибахши Фаластин (СОФ) дар тавофуқномаи сулҳи Осло дар соли 1993, ки натавонист ормони ташкили кишвари мустақилли фаластиниро муҳаққақ кунад, падид омад.

Артиши Лубнон аз назари таърихӣ дар баробари таҳоҷумҳои мутааддиди Исроил нотавон буд ва ҳамин масъала боис шуд гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар соли 1982 дар халаи ношӣ аз ин нотавонӣ дар баробари Исроил, шакл бигирад.

Дар Яман, Ҳусиҳо халаи қудрати боқимонда дар марҳилаи интиқолӣ пас аз баҳори арабиро, ки аз соли 2013 то 2014 идома дошт, пур карданд. Нерӯҳои “Ҳашдуш-шаъбӣ”-и Ироқ ҳам дар вокуниш ба аз даст додани контроли шаҳрҳои калидии Мавсил ва Фаллуҷа аз сӯйи нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ ва афтодани ин ду шаҳр ба дасти ДОИШ дар соли 2014 шакл гирифт.

Бинобар ин, ҳангоме, ки Иёлоти Муттаҳида, Исроил ё ҳар тарафи дигаре, ин гурӯҳҳо ва сарзаминҳои онҳоро ҳадаф қарор медиҳанд, дар воқеъ далели вуҷудии онҳоро эҳё мекунанд ва эътибори муқовамати онҳоро тақвият мекунанд.

Бар асоси назарсанҷии моҳи декабри “Маркази таҳқиқоти сиёсӣ ва назарсанҷии Фаластин”, ин мавзӯъ ахиран дар Ғазза бо ду баробар шудани ҳимоят аз Ҳамос аз 22 дарсад ба 43 дарсад мушоҳида шуд.

Дар Яман, машрӯияти болои Ҳусиҳо бо фирор теъдоде аз шибҳинизомиёни таҳти ҳимояти Арабистони Саудӣ ва Аморот нишон дода шуд. Ҳар ду кишвар (Арабистон ва Аморот) вориди ҷанги дохилии Яман алайҳи Ҳусиҳо шуданд, аммо шибҳинизомиёне, ки аз онҳо ҳимоят мекарданд, акнун ҳамзамон бо ҳаракати Ансоруллоҳи Яман (Ҳусиҳо) дар ҳадаф қарор додани киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх, дар канори Ҳусиҳо қарор гирифтаанд.

Ҳизбуллоҳ низ аз замоне, ки дар 8 октябри 2023 “ҷабҳаи ҳамбастагӣ” бо Ғаззаро алайҳи Исроил гушуд ва ҳатто бисёре аз сунниҳоро, ки қаблан мухолифи ин гурӯҳи шиъаи лубнонӣ буданд, гирди ҳам овард, афзоиши мушобеҳе дар ҳимояти мардумиро таҷриба кард.

Ба ҳамин тартиб, гурӯҳҳои Ҳашдуш-шаъбӣ дар пайи ҳамалоти рӯзи ҷумъаи Иёлоти Муттаҳида ба Ироқ, ки мунҷар ба кушта шудани теъдоде аз нерӯҳои онҳо шуд, машрӯъияти зиёде дарёфт карданд ва давлати Ироқ 3 рӯз азодорӣ барои “шуҳадо” эълом кард.

Ҳам Ҳизбуллоҳи Лубнон ва нерӯҳои Ҳашдуш-шаъбии Ироқ аз намояндагоне қонунӣ дар порлумонҳо ва давлатҳои марбутаашон бархӯрдоранд ва шохаҳои мусаллаҳи онҳо таҳти пӯшиши қонунии давлат қарор доранд.

Ҳамос пас аз пирӯзӣ дар интихоботи соли 2006, ки Иттиҳодияи Урупо онро мунсифона медонист, давлат ташкил дод, ки дар соли 2007 тавассути Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгурдони Фаластин, алайҳи онҳо кудато сурат гирифт. Дар пайи адами пазириши натоиҷи интихобот аз сӯйи Ташкилоти Маҳмуд Аббос буд, ки Ҳамос бо аз даст додани ҳукумат дар каронаи Бохтарӣ, контроли навори Ғаззаро ба даст гирифт ва худро ба унвони давлати билфеъл тасбит кард ва аз он замон то кунун ин минтақаро идора мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ҳусиҳои Яман на танҳо дар вазъияти ҳукумати “де-факто” нестанд, ки бар аксарияти кишвар ҳукумат мекунанд, балки пас аз ба контрол даровардани контроли нерӯҳои мусаллаҳ ва пойтахти Яман дар охирҳои соли 2014, онҳо ба давлати де-фактои Яман табдил шудаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба набуди гузинаҳои давлатии муносиб барои ҷойгузинии ин бозигарон, ба роҳ андохтани муборизоти низомӣ алайҳи онҳо, танҳо мунҷар ба ташдиди шароити сиёсӣ ва амниятие мешавад, ки дар аввал боиси эҷоди ин гурӯҳҳо шуда ва мавҷудияти онҳоро тасбит кардааст.

Бо ин васф, ормони Фаластин инак барои ҳар як аз аъзои Меҳвари Муқовамат на танҳо як сутуни идеологияи марказӣ, балки ҳовии як гузораи амнияти миллӣ барои онҳост.

Ҳизбуллоҳ Лубнон оташбас дар Ғаззаро хидмат ба манофеъи миллии Лубнон аз тариқи мумонаъат аз густариши ҷанги Исроил ба Лубнон таъриф кардааст.

Ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз ҷанги Исроил алайҳи Ғазза, Ҳашдуш-шаъбӣ ва Ҳусиҳоро бар он доштааст, то манофеъи миллии Ироқ ва Яманро дар таҳаввулоти ҷорӣ дар Фаластин ва Ғазза бибинанд.

Агарчӣ гурӯҳҳои Ҳашдуш-шаъбӣ қабл аз ҷанги Ғазза низ ба пойгоҳҳо ва корвонҳои омрикоӣ ҳамла мекарданд, аммо ҷанги Ғазза ба онҳо ангезаи бештаре барои берун рондани нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ ва Сурия додааст.

Ба навбати худ, Ҳусиҳо низ дар пайи мушорикаташон дар ҷанги Ғазза (аз тариқи ҳамла ба киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх) дар баробари Арабистони Саудӣ ва Иёлоти Муттаҳида дар остонаи касби дасти болотаре дар музокироти ояндаи Яман ҳастанд.

Иддаои ин ки ин бозигарони амиқан решадор ва шибҳидавлатӣ сирфан абзори дасти Эрон ҳастанд, танҳо заминаро барои танзими стратегияи фоҷеабори Иёлоти Муттаҳида дар посух ба онҳо фароҳам мекунад. Омрико беҳтар аст ба ҷойи ин ки аз Эрон бихоҳад, ки “нерӯҳои ниёбатӣ”-ашро маҳор кунад, агар воқеан моил аст аз густариши ин ҷанг ҷилавгирӣ кунад, бояд бо маҳори Исроил шурӯъ кунад.

Time

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ривояти зебое аз Имом Ҳусейн
Абӯбоқир ал-Соъидӣ кӣ буд?

Матолиби пурбоздид