Бузургтарин неъмати илоҳӣ
Мактаби инсоният
Рӯзе подшоҳе ба Баҳлул гуфт: Бузургтарин неъмати илоҳӣ кадом аст?
Баҳлул ҷавоб дод: Бузургтарин неъмати илоҳӣ ақл аст.
Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ низ дар муноҷоти худ гӯяд: Худовандо! Он киро ақл додӣ, чӣ надодӣ ва он киро ақл надодӣ, чӣ додӣ?
Илмандӯзӣ
Луқмони Ҳаким ба фарзандаш фармуд: Бо донишмандон ҳамнишинӣ кун! Ҳамоно Худованд дилҳои мурдаро ба ҳикмат зинда мекунад, чунон ки заминро ба оби борон.
Қаламонлайн
qalamonline.net













