Шоҳроҳи фатҳи иззатбори Қудс

Адаб
Шоҳроҳи фатҳи иззатбори Қудс
(Устод Насибулло Умаров)
Ғазза, эй ту модари пар-паршуда бо кудакон!
Ғазза, эй ту сарзамини нолаву хуну фиғон!
Ғазза, эй ту парварандай марду занҳои ғаюр!
Ғазза, эй ту маҳди танҳои шаҳиди қаҳрамон!
Ғазза, эй модар, падар, фарзанди гулгун зери хок!
Ғазза, эй хоҳар, бародар, ҳамсари ҷон зери хок!
Ғазза, эй ҳамсоя, ҳамкор, ошнои ҳар пагоҳ!
Ғазза, эй арвоҳи поки паркашон аз зери хок!
Ғазза, эй ту ашк андар ашки ҳар озодае!
Ғазза, эй ту ҳанҷари фарёди ҳар озодае!
Ғазза, эй ту дар дили ҳаро шиқи инсоният!
Ғазза, эй ту қалб, андар қалби ҳар озодае!
Ғазза, эй ту қиблаи уммед, намозу рози Қудс!
Ғазза, эй ту остони ҳар шаҳид дар роҳи Қудс!
Ғазза, эй ту он нигини хотами дасти шаҳид!
Ғазза, эй ту шоҳроҳи фатҳи иззатбори Қудс!
(Насибулло Умаров, 17-октябри 2023; 25-меҳри 1402 шамсӣ; 1-рабиуссонӣ, соли 1445 ҳиҷрӣ)
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амрико фармондеҳии ҷанги Ғаззаро бар ӯҳда гирифтааст
Абдулборӣ Атвон: “Ҳамос Арабистони Саудиро аз тангнои оддисозии равобит наҷот дод”

Матолиби пурбоздид