Буҳрони ҳувият

Буҳрони ҳувият

Мабоҳиси иҷтимоӣ

Ҳамзамон бо истилои рус бар сарзамини Осиёи Миёна, ҷараёни ҳувиятзудоӣ аз мардуми ин сарзамин оғоз шуд. Аввал хатту алифбои моро тағйир доданд, то иртиботи мо бо пешинаи фарҳангӣ ва ҳувиятиамон қатъ бишавад.

Сипас саъй карданд мутобиқ бо идеулужии ҳоким пешинаи моро бознависӣ кунанд.

Дар қадами баъдӣ, аз кӯдакистон гирифта то мактабу донишгоҳу академия, ба мо талқин карданд, ки шумо то омадани рус ҳечу пуч будед ва ҳар чи доред ба баракати бародари русатон будааст.

Чунин буд, ки дар тӯли 70 сол моро аз дарун туҳӣ намуда ва бароямон як ҳувияти ҷаълии вобастагуна ва худкамтарбинона сохтанд.

Мебоист пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ ин ҳувияти ҷаълӣ низ кам-кам фурӯ нишинад ва бо дастёбӣ ба истиқлоли сиёсӣ, ҳувияти асил ва мустақилли мо низ аз нав эҳё шавад.

Вале бо камоли таассуф, ин муҳим мавриди ғафлат қарор гирифт ва бо гузашти наздик ба 30 сол аз фӯпошии Шӯравӣ ҳанӯз ҷомеаи фарҳангии мо бо ҳувияти сохти Шӯравӣ нафас мекашанд.

Эҳёи ҳувият пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, бар дӯши зиёиён ва масъулони фарҳангии ҷомеа аст. Вале аз он ҷое, ки ҳувияти зиёиёни мо худ дар даврони Шӯравӣ шакл гирифта, қатъан анҷоми ин рисолати муҳим аз эшон интизори беҷоест.

Аммо инак, ки насли нав по ба арса гузоштанд ва дигар узри пешиниёнро надоранд, муҳимтарин вазифаи фарҳангашон, зудудани ин ҳувияти ҷаълӣ ва эҳёи ҳувияти асили ин мардум аст. Зеро то он даме, ки ҳувияти ҷаълии худкамтарбинӣ ва русбартарбинӣ аз ҷомеа рахт барнабандад ва мо ба истиқлол ва истиғнои ҳувиятӣ даст наёбем, ҳаргиз дар ҳеч арсае ба худкифоӣ нахоҳем расид ва ҳамеша вобаставу вомонда хоҳем монд.

Ногуфта намонад, ки ин муҳим бо шиору қарор ва тасмимоти бе пуштвонаи фарҳангии ҳукуматӣ ҳосил нахоҳад шуд. Шиорҳои сиёсии бе пуштвонаи фарҳанӣ дар ин арса, бештар шабеҳи шӯхӣ мемонад.

Маҳмудхон Бурҳонов

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Офриқои Ҷанубӣ хостори боздошти Натонёҳу шуд 
Ҷузъиёти тавофуқ миёни Исроил ва Ҳамос

Матолиби пурбоздид