Вазъи номуносиби паноҳҷӯён дар хоки Аврупо
Ба гузориши Рarstoday, кишварҳои аврупоӣ ба рағми ҳамаи шиорҳои инсондӯстона ва иддаоҳое дар мавриди риояти ҳуқуқи башар, акнун бори дигар ҳамаи усулро нисбат ба паноҳчӯён зери по гузошт ва тамҳидоти бисёре барои муқобила бо онҳо вазъ кардаанд.
Афзоиши ноамнӣ ва ҷанг дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, бахусус кишварҳои ғарби Осиё, Африқо ва шароити Украина сабаб шуда то мавҷи ҷадиде аз паноҳҷуён роҳии Аврупо шаванд, ин дар ҳолест, ки кишварҳои аврупоӣ марзҳоро баста ва садҳо паноҳҷӯ бо шароити дарднок дар марзҳо ва кампҳо рӯ ба рӯ ҳастанд.
Аз тарафи дигар, кишварҳои Юнон ва Италия расман марзҳои дарёии худро баста ва ҳатто киштиҳои ҳомили паноҳҷӯёнеро, ки аз обҳои Мадитарона наҷот ёфтаанд, низ ба бандарҳо роҳ намедиҳанд.
Бар ҳамин робита, СММ бо ишора ба гузоришҳои бозмондагон эълом кардааст, ки гумон меравад, ҳадди ақал 225 нафар дар натиҷаи “ба ақаб рондани паноҳандагон” тавассути марзбонони аврупоӣ, ҷони худро аз даст додаанд.
Бӯҳрони паноҳҷӯён дар Аврупо дар моҳҳои ахир, дар паи ҷанги Украина ташдид шудааст. Ба ҷуз садҳо паноҳҷӯи афғон ва сурӣ ва африқоӣ, ки дар паи сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи кишварҳои аврупоӣ дучори ноамнӣ ва таниш шуда ва роҳии Аврупо ҳастанд, акнун ҳазорон украинӣ низ вориди марзҳои Аврупо шудаанд.
Бар асоси тозатарин гузориши Ожонси паноҳандагони СММ: “Аз замони оғози ҷанг дар Украина, беш аз 6 миллион нафар ин кишварро тарк кардаанд, ба гуфтаи коршиносон, муҳоҷирати шаҳрвандони украинӣ, бузургтарин мавҷи ҷо ба ҷои дар Аврупо аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум дониста мешавад.
Дар ҳоле ки ҳар рӯз бар шумори паноҳҷӯёне, ки ба кишварҳои Иттиҳодия Аврупо мераванд, гуфта мешавад, мақомоти аврупоӣ, танҳо аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд, аммо амалан аз ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо ҳеч хабаре нест ва паноҳҷӯён бо камтарин ҳуқуқи инсонӣ раҳо шудаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн