Лавров: Аврупо истиқлоли худро аз даст додааст

Таҳлили хабарӣ

Лавров: Аврупо истиқлоли худро аз даст додааст

Ахбори минтақа

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия бо баёни ин ки НАТО аз тариқи Украина бо Русия вориди ҷанг шудааст, таъкид намуд, Аврупо дар баробари иродаи Амрико, истиқлоли худро комилан аз даст додааст.

Лавров дар ин баёноти худ гуфтааст: Ончӣ дар Украина иттифоқ меафтад, натиҷаи омодагии Амрико барои ҷанги таркибӣ ва наёбатӣ алайҳи Русия аст. Вай таъкид мекунад, Иттиҳодияи Аврупо истиқлоли худро аз даст дода ва комилан тобеи дастуроти Амрико шудааст.

Лавров таъкид дорад, Амрико ва ғарб барои ҷилвагирӣ аз ҷаҳони чандқутбӣ дар ҳоли талош ҳастанд ва Амрико агар эҳсос кунад, манофеаш дар ҳар гушае аз ҷаҳон дар маърази хатар аст, бидуни касби ҳеҷ гуна мувофиқате, ҳанҷорҳо ва қавонинро канор мегузорад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Узбекистон содироти барқ ба Афғонистонро мутаваққиф намуд
Коршиносон: Далели тӯлонӣ шудани ҷанги Украина – бемайлии Киев ба музокира

Матолиби пурбоздид