Вақте Тромп ба истиқболи Си Тзинпин то фурудгоҳ меояд…

Таҳлили хабарӣ

Вақте Тромп ба истиқболи Си Тзинпин то фурудгоҳ меояд…

 Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба истиқболи мақоми як кишвар то фурудгоҳ омадан, дар ҳеч кишваре расм нест – то чӣ расад ба Омрико – ва маъмулан як вазир ва ё як мақоми пойинтар меояд ҳатто агар меҳмон раисиҷумҳур ё подшоҳ ва ё мақоми аввали кишваре бошад, магар ба нудрат, ки далел дорад.

Ва далелаш ҳам ин аст, ки меҳмон, раисиҷумҳури як кишвари абарқудрат бошад масалан Тромп ё Путин дар рӯзгори мо ба кишваре “қадам ранҷа фармуда бошанд”. Дар ин сурат, мақоми аввали кишвари мизбон шахсан ба истиқболи ӯ меояд, албатта ин ҳам на ҳамеша.

Ҳол, мизбон бо ба истиқбол омадан, мехоҳад ин паёмро ба меҳмон бирасонад, ки ту назди мо хеле ҷойгоҳ дорӣ ва мӯҳтарам ҳастӣ ва мо бароят фавқулъода эҳтиром қоилем!

Ба назарам, ин барои аввалин бор дар таърихи Омрикост (шояд дар гузашта будааст намедонам), ки раисиҷумҳури Омрико шахсан – он ҳам ба иттифоқи ҳамсараш – ба истиқболи мақоми меҳмон ба фурудгоҳ омада бошад; Омрикое, ки раисони ҷумҳураш бо меҳмонҳо дар Кохи сафед – он ҳам бо хоҳиши меҳмон – дидор мекунанд.

Хуб, ҳоло чаро Тромп ҳозир шуд тан ба ин кор бидиҳад ва шахсан ба фурудгоҳ биёяд, оё ошиқи чашму абрӯи Си Тзинпин аст масалан?! Чине, ки имрӯзҳо метавон гуфт яке аз рақибон ва душманони сарсахти Омрико маҳсуб мешавад. Чине, ки Омрико ва Урупо ҳамвора ба он ба унвони як кишвари “поймолкунандаи ҳуқуқи башар” нигоҳ ва муомила кардаанд.

Далелаш, танҳо ҷойгоҳи Чин дар ҷаҳони имрӯз нест, балки беш аз он, ба хотири ҷанги ахир аст яъне ҷанги Омрико ва Исроил алайҳи Эрон ва пирӯз ва сарбаланд берун омадани Эрон аз ин ҷанг ва хору залил шудани Омрикост. Зеро Чин – ва ҳамчунин Русия – аз муттаҳидони бисёр муҳимми Эрон ба шумор мераванд ва Омрикои Тромп, ки мехоҳад бо андак обрӯе аз ботлоқи ин ҷанг берун ояд, ба Чин ва Русия бисёр ниёзманд аст, то аз тариқи онҳо “имтиёзаке” ба даст оварад.

Бинобар ин, Чин ва Русия дар воқеъ дар ин ҷойгоҳе, ки имрӯз ёфтаанд, марҳуни Эрони Исломӣ ҳастанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фарзанди сафири Исроил дар Амрико бо мошин зер гирифта шуд
Арзиши одамӣ

Матолиби пурбоздид