Бозии хатарноки Исроил бо Эрон

Таҳлили хабарӣ

 

Бозии хатарноки Исроил бо Эрон

Таҳлиле дар нашрияи Economist

Сахт метавон гуфт кадом як муҳимтар будаанд: касоне, ки кушта шудаанд ё ҷойе, ки ҳадаф қарор гирифта? Дар рӯзи аввали апрел ҳамлаи ҳавоии Исроил ба сохтмони мутаъаллиқ ба маҷмӯаи сафорати Эрон дар Димишқ ин сохтмонро ба таври комил тахриб кард. Дар ин инфиҷор 7 тан кушта шуданд, ки дар миёни онҳо номи чанд афсари олирутбаи Сипоҳи Қудси Эрон дида мешавад.

Ин ҳамла як иқдоми танишзои ҷиддӣ дар ҷанги сояи тӯлонӣ байни Эрон ва Исроил ба шумор меравад ва аз ин ҷиҳат аҳаммият дорад, ки маконе мавриди исобат қарор гирифта, ки бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал бояд масун аз ҳар гуна газанд бошад. Акнун суол ин аст, ки Эрон дар мавриди наҳваи посухгӯӣ ба ҳамла чӣ тасмиме хоҳад гирифт ва оё мустақиман Исроилро ҳадаф қарор хоҳад дод ё аслитарин ҳомии хориҷии он, Иёлоти Муттаҳидаро?

Дар ин ҳамла женерол Муҳаммадризо Зоҳидӣ, масъули амалиёти нерӯи Қудси Сипоҳ дар Сурия ва Лубнон ҷони худро аз даст дод; фарде, ки ба гуфтаи таҳлилгарони араб ва исроилӣ, ба Сайидҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон наздик буд. Муовини вай ва панҷ афсари дигари нерӯи Қудс низ дар ҳамлаи Димишқ кушта шуданд. Вай олирутбатарин фармондеҳи эронии теруршуда аз замони ҳадаф қарор гирифтани женерол Қосим Сулаймонӣ дар соли 2020 ба шумор меравад.

Мақомҳои исроилӣ ба сурати аланӣ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтаанд, аммо исроилиҳо истидлол мекунанд, ки ҳар касе, ки ба сохтмони сафорати Эрон ҳамла карда ҳаққи ин корро доштааст. Донил Ҳогорӣ, сухангӯи артиши Исроил ин сохтмонро як “сохтмони низомӣ, ки ба унвони як сохтмони ғайринизомӣ ҷо зада шуда буд” тавсиф кардааст.

Дуруст аст, ки афсарони Сипоҳ барои музокира бар сари корҳои сиёсӣ дар Димишқ ҳузур надоштанд ва шунидани ин ки мақомҳои эронӣ ба масунияти амокини консулӣ истинод мекунанд, дар ҳоле, ки аввалин иқдоми умдаи Ҷумҳурии Исломӣ пас аз таъсисаш гаравгонгирӣ дар сафорати Омрико дар Теҳрон дар соли 1979 буд, озордиҳанда аст.

Аммо ба ҳар ҳол масунияти амокини диплумотик як меъёри байналмилалии решадор ва дерина аст. Агар сирфи ҳузури афроди низомӣ барои зери по гузоштани ин масуният кофӣ бошад, бархе аз сафоратхонаҳои худи Исроил низ ба аҳдофи машрӯъ табдил хоҳанд шуд. Ҳатто Арабистон, ба унвони яке аз руқабои дерини Эрон ба суръат ин ҳамларо сарзаниш намуд, ҳарчанд ки дар баёнияи худ ба номи Исроил ишорае накарда буд.

Аз замони ҳамлаи 7 октябри Ҳамос, Исроил дар ду ҷабҳа даргир набард будааст: алайҳи Ҳамос дар Ғазза ва алайҳи гурӯҳҳои ниёбатии таҳти ҳимояти Эрон дар кулли минтақа. Қудратмандтарини ин нерӯҳо Ҳизбуллоҳ аст, ки тақрибан ҳар рӯз ҳамалоти мушакӣ ба шаҳрҳо ва пойгоҳҳои низомии мустақар дар шимоли Исроил анҷом медиҳад. Аммо ин гурӯҳ аз таҳрики оғози як ҷанги тамомаёр имтиноъ кардааст. Аксари шаҳрвандони лубнонӣ хостори кашида шудани пойи кишварашон ба ҷанг нестанд ва Эрон дар хусуси ба хатар андохтани муассиртарин нерӯи ниёбатии худ мӯҳтотона амал мекунад.

Исроил ҳам ба навбаи худ аз ҳамалоти бисёр амиқ ба хоки Лубнон имтиноъ карда, мабодо, ки сабаби шаклгирии як вокуниши сангинтар аз ҷониби Ҳизбуллоҳ шавад. Телавив бомбборони манотиқи ҷануби Лубнонро маҳдуд карда, аммо дар ҳафтаҳои ахир ҳамалоти бештареро ба самти дохили хоки Лубнон ва дараи Биқоъ, яъне ҷойе, ки Ҳизбуллоҳ ҳузури пурранге дорад анҷом додааст.

Аммо Исроил дар мавриди ҳамла ба хоки Сурия чунин мулоҳизоте надорад. Пас аз як даҳа ҷанги дохилӣ, низоми Башшор Асад шиканандатар аз он аст, ки битавонад муқобила ба мисл намояд ва гурӯҳҳои шибҳинизомии таҳти ҳимояти Эрон дар Сурия низ аз зарродхонаи қобили таваҷҷӯҳе монанди Ҳизбуллоҳ бархӯрдор нестанд.

Сурия феҳристи баландболои аз аҳдофро муқобили рӯйи нерӯҳои исроилӣ қарор медиҳад: афсарони эронӣ, низомиёни муттаҳиди Теҳрон ва маҳмулаҳои силоҳ ба мақсади Ҳизбуллоҳ. Хоки Сурия ба як минтақаи оташ-озод барои Исроил табдил шуда ва Телавив аз 7 октябр то кунун бо анҷоми даҳҳо ҳамла бисёре аз фармондеҳони аршади Сипоҳро терур кардааст.

Дар рӯзи крисмас, Исроил як женероли эрониро дар Димишқ терур кард. Дар миёнаҳои моҳи январ низ 5 афсари дигар кушта шуданд, ки номи раиси бахши иттилоотии Сипоҳ дар Сурия дар миёни онҳо дида мешуд. Дигар ҳамалот низ Ҳизбуллоҳро ҳадаф қарор дода, ки шомили як ҳамла ба фурудгоҳи Ҳалаб дар 29 март буда, ки мунҷар ба кушта шудани 7 узви ин гурӯҳ ва даҳҳо сарбози Сурия шудааст.

Пас аз терури женерол Сулаймонӣ, Эрон даҳҳо мушаки болистик ба самти пойгоҳҳои Омрико дар Ироқ шиллик кард, ки бузургтарин ҳамла дар навъи худ то ба имрӯз ба шумор меравад. Аммо ин вокунише набуд, ки бисёре аз тундравҳои дохили Эрон интизорашро доштанд. Мумкин аст ин бор низ фишори дохилӣ бар рӯйи давлат барои иқдоми интиқомҷӯёна вуҷуд дошта бошад.

Эрон моҳҳо ҳамалоти исроилиҳоро таҳаммул карда ва акнун Телавив бо ҳамла ба як сохтмони консулӣ, дар амал хоки Эронро ҳадаф қарор додааст. Сарони Эрон гуфтаанд, ин бор мумкин аст Эрон мустақиман ва на аз тариқи гурӯҳҳои ниёбатиаш посухи Исроилро бидиҳад.

Аммо мумкин аст ин ваъда муҳаққақ нашавад. Эрон ҳамвора тарҷеҳ медиҳад аз тариқи дигарон дар набардҳо ширкат кунад. Шаби қабл аз ҳамла ба сафорат, як ҳамлаи паҳподӣ аз Ироқ ба самти як пойгоҳи нерӯи дарёии Исроил дар шаҳри Илот дар ҷануби Исроил анҷом гирифт. Эътилофе аз шибҳинизомиёни ҳомии Эрон масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифтанд. Акнун мумкин аст Эрон бо анҷоми ҳамалоти бештаре аз ин ҷинс мувофиқат кунад.

Ҳарчанд Омрико ба сароҳат эълом карда, ки дахолате дар ин ҳамла надоштааст, аммо зоҳиран эрониҳо қонеъ нашудаанд. Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, як рӯз пас аз ҳамла гуфт: “Омрико бояд посухгӯ бошад.” Алӣ Шамхонӣ, мушовири раҳбари Эрон ҳам гуфта, ки омрикоиҳо “масъулияти мустақим”-и ин ҳамларо бар ӯҳда доранд. Чанд соат пас аз ҳамла ба сафорат, нерӯҳои омрикоӣ як паҳподи муҳоҷимро, ки дар наздикии пойгоҳи омрикоии Аттанаф дар шарқи Сурия парвоз мекард, соқит карданд. Мақомҳои омрикоӣ мутмаин нестанд, ки оё ин паҳпод қасд дошт пойгоҳро ҳадаф қарор диҳад ё на. Бо ин ҳол ин аввалин ҳодисаи инчунинӣ аз аввалҳои моҳи феврал ба шумор меравад.

Исроил дар ҳоли анҷом як бозии хатарнок дар Сурия аст. Телавив фикр мекунад, мавқеияти камназире барои зарба задан ба нерӯҳои ниёбатии Эрон дар минтақа ба даст оварда ва ин ки Эрон беш аз ҳадд нигарони як ҷанги густурда аст, ки битавонад ин иқдомотро ба шакли қобили таваҷҷӯҳе талофӣ кунад. То кунун ин қимори хатарнок дуруст аз об даромадааст. Аммо амалкарди гузашта тазмине барои ба бор омадани натоиҷи мушобеҳ дар оянда нест. Агар Исроил беш аз ҳадд дар ин бозӣ пеш биравад, минтақа мумкин аст худро даргири як ҷанги ҳавлноктар бибинад.

Economist

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оҳиста ва равишманд
Сайидҳасан Насруллоҳ: “Посухи Эрон ба ин таҷовуз ҳатмӣ аст”

Матолиби пурбоздид