Ваҳдати уммати исломӣ

Ваҳдати уммати исломӣ

Зарурати ваҳдати уммати исломӣ

Яке аз бузургтарин орзуҳои мусулмонон, ваҳдат ва якпорчагии уммати исломист. Зеро ҳар мусулмоне медонад, ки агар мусулмонон бо ҳам иттиҳод намоянд, на фақат ҳеҷ душмане метавонад бар онҳо ғалаба ёбад, балки бузургтарин қудрат дар минтақа ва ҷаҳон хоҳанд буд. Ин худ сабаб хоҳад гардид то замина барои интишори дини мубини Ислом фароҳам ёбад. Баръакс агар мусулмонон аз ҳам пароканда ва бо ҳам дар ҷанҷолу низоъ басар баранд, ҳам ғалабаи душманони Ислом бар онҳо осон хоҳад гардид ва ҳам аз интишори таълимоти дини мубини Ислом дар ҷаҳон коста хоҳад шуд.

Қуръони Карим бар якпорчагии мусулмонон таъкид карда ва онҳоро шадидан аз тафриқа ва парокандагӣ барҳазар медорад:

وَاعْتَصِمُواْ بِحَبْلِ اللّهِ جَمِيعًا وَلاَ تَفَرَّقُواْ وَاذْكُرُواْ نِعْمَةَ اللّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنتُمْ أَعْدَاء فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُم بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَكُنتُمْ عَلَىَ شَفَا حُفْرَةٍ مِّنَ النَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنْهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ.

Ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед. Неъмати Худоро бар худ ёд кунед он гоҳ ки бо якдигар душман будед, пас миёни дилҳои шумо ҳамдамӣ ва пайванд дод, он гоҳ ба неъмати Вай бо ҳам бародар гаштед. Шумо бар лабаи партгоҳе аз оташ будед, пас шуморо аз он раҳонид. Худо инчунин оятҳои худро барои шумо равшан баён мекунад то роҳ ёбед. (1)

Ҳамчунин дар ҷои дигаре мефармояд:

وَلاَ تَنَازَعُواْ فَتَفْشَلُواْ وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ

Бо якдигар ситеза ва кашмакаш макунед, ки суст мешавед ва нерў ва ҳайбататон меравад. (2)

Хатари тафриқа ва парокандагӣ ба дараҷаест, ки ҳатто баъзе аз паёмбарони илоҳӣ барои ин ки миёни қавмашон тафриқа ҳосил нашавад, аз порае рафторҳои ширколуди онҳо чашмпўшӣ мекарданд. Достони ҳазрати Мўсо ва Ҳорун (алайҳимас‒салом) бо Бани Исроил беҳтарин намунаи чунин рафтор аст. Он гоҳ ки ҳазрати Мўсо (алайҳис‒салом) ба миқоти Парвардигори ҷаҳон раҳсипор мешавад, зимоми идораи қавми Бани Исроилро дар набуди худ барои бародари худ Ҳорун (алайҳис‒салом) вомегузорад. Бо рафтани Мўсо (алайҳис‒салом) ба миқот, қавм рўй ба гўсолапарастӣ меоваранд. Ҳорун (алайҳис‒салом) онҳоро аз чунин кор барҳазар медорад, вале қавм гўш ба ў намесупоранд. Он гоҳ Ҳорун (алайҳис‒салом) чорае ҷуз ин ки сукут ихтиёр намояд намебинад. Вақте ҳазрати Мўсо (алайҳис‒салом) аз миқот бармегардад, бо дидани чунин вазъият сахт ба ғазаб омада, аз ришу сурати бародари худ Ҳорун (алайҳис‒салом) гирифта, аз ў мепурсад:

قَالَ يَا هَارُونُ مَا مَنَعَكَ إِذْ رَأَيْتَهُمْ ضَلُّوا أَلَّا تَتَّبِعَنِ أَفَعَصَيْتَ أَمْرِي.

Гуфт: Эй Ҳорун! Вақте инҳоро дидӣ, ки гумроҳ шуданд, чӣ чизе туро боздошт (аз ин ки онҳоро аз гўсолапарастӣ боздорӣ) ва аз ин ки маро пайравӣ кунӣ? Оё фармони маро нофармонӣ кардӣ?

Онгоҳ ҳазрати Ҳорун (алайҳис‒салом) дар посух ба бародари худ ва дар тавҷеҳи сукути худ дар баробари гўсолапарастии қавм мегўяд:

قَالَ يَا ابْنَ أُمَّ لَا تَأْخُذْ بِلِحْيَتِي وَلَا بِرَأْسِي إِنِّي خَشِيتُ أَن تَقُولَ فَرَّقْتَ بَيْنَ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَلَمْ تَرْقُبْ قَوْلِي.

Ҳорун гуфт: Эй писари модарам! Ришу сари маро магир. Ман аз ин тарсидам, ки бигўӣ миёни Бани Исроил ҷудоӣ андохтӣ ва супориши маро нигоҳ надоштӣ. (3)

Равшан аст, ки супориши ҳазрати Мўсо (алайҳис‒салом) барои бародараш, тафриқа ва ҷудоӣ наафтодан миёни Бани Исроил буда. Ҳамин супориш боис гардида ҳазрати Ҳорун (алайҳис‒салом) дар баробари гўсолапарастии қавм сукут ихтиёр кунад. Ба сухани дигар, тафриқа ва ҷудоӣ, дар назди ҳазрати Мўсо (алайҳис‒салом) аз гўсолапарастии қавм (албатта то баргаштани ў аз миқот) бадтар ва хатараш бештар буд.

Нигоҳе ба садри Ислом

Баъд аз вафоти ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), саҳобагон дар мавриди ин ки чӣ касе баъд аз он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҷонишин ва халифаи ў бошад, ба ду даста тақсим шуданд. Дастае аз саҳобагон ҷаноби Абўбакр ибни Абўқаҳофа (разияллоҳу анҳу)‒ро ба унвони халифа интихоб карда ва бо ў байъат карданд. Аммо Алӣ ибни Абўтолиб (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ба ҳамроҳи Бани Ҳошим ва гурўҳе аз саҳобагон, ки ба шиаи Алӣ шўҳрат доштанд, бар ин буданд, ки хилофат ва ҷонишинии он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) баъд аз ў ҳаққи Алӣ ибни Абўтолиб (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) аст. Ба ҳамин ҷиҳат, ин гурўҳ дар оғози кор бо ҷаноби Абўбакр (разияллоҳу анҳу) байъат накарданд.

Гурўҳе аз муртаддон ва аз дин баргаштаҳо, ин фурсатро ғанимат ёфта, даст ба шўриш алайҳи давлати навпои исломӣ заданд. Дар ин ҷо ҳазрати Алӣ ибни Абўтолиб (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) бо ин ки хилофатро ҳаққи машрўи худ медонист, вале ба хотири ин ки дудастагӣ ва ихтилофи мусулмонон дар мавриди хилофат, сабаби сустӣ ва заъфи ҷабҳаи дохилӣ дар баробари душманони Ислом нашавад, дасти ёрӣ ба ҷаноби Абўбакр ибни Абўқаҳофа (разияллоҳу анҳу) дароз карда ва бо ў байъат намуд. Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) худ дар ин бора мегўяд:

“Ба Худо савганд ҳаргиз фикр намекардам ва ба хотирам хутур намекард, ки араб баъд аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) амри имомат ва раҳбариро аз аҳли байти ў бигардонанд (ва дар ҷои дигар қарор бидиҳанд ва бовар намекардам) онҳо онро аз ман дур созанд…”

Он гоҳ мефармояд:

“Вале вақте бо чашмони худ дидам гурўҳе аз Ислом бозгашта ва мехоҳанд дини Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро нобуд созанд, (дар ин ҷо буд), ки тарсидам агар Ислом ва аҳлашро ёрӣ накунам, бояд шоҳиди нобудӣ ва шикоф дар Ислом бошам, ки мусибати он бар ман сахттар аз маҳрум мондан аз хилофат ва аз даст рафтани ҳукумат бар шумо буд; он ҳам ҳукумате, ки андак рўзҳое беш напояд ва ҳамчун сароб зоил ва нобуд гардад, ё ҳамонанди абрҳое, ки ҳанўз ба ҳам напайваста пароканда шаванд. Он гоҳ барои дафъи ин ҳаводис бапо хестам то ботил аз миён рафт ва нобуд шуд ва дин побарҷо ва устувор гардид.” (4)

Ҳатто он замоне ки Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) баъд аз вафоти халифаи дуюм ҷаноби Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) бо Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) байъат мекунад, дар тавҷеҳи байъати худ мефармояд:

“Ба Худо савганд модоме ки кори мусулмонон ба сомон бошад ва ҷуз бар ман бар дигарон ситаме наравад, онро вогузошта ва мухолифат намеварзам.”(5)

Муҳимтарин натиҷае, ки метавон аз ин мавзеъгирӣ ва рафтори Алӣ ибни Абўтолиб (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ба даст овард ин аст, ки ҳифз ва нигаҳдории ваҳдат ва якпорчагии уммати исломӣ, муҳимтарин вазифа ва таклифи мусулмонон будааст. Ихтилофи мусулмонон дар масъалаи хилофат ва ҷонишинии ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ҳаргиз боиси тафриқа, парокандагӣ ва ҷудоӣ миёни онҳо шуда ва дар натиҷа ба кашмакаш ва даргирӣ миёни онҳо мунҷар нагардид.

Зарурати ваҳдат ҳатто бо вуҷуди ихтилофот

Оре, он чи мо мусулмонон бояд аз мавзеъгирӣ ва рафтори Алӣ ибни Абўтолиб (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) биомўзем ин аст, ки вуҷуди ихтилоф миёни мусулмонон дар баъзе аз масоили динӣ, сабаб намегардидааст, ки аз якдигар ҷудо ва пароканда шаванд. Ҳамон тавре ки мулоҳиза кардем, ихтилофи назар аз ҳамон оғоз ҳатто миёни саҳобагон вуҷуд доштааст. Масъалаи хилофат ва ҷонишинӣ танҳо мисоле буд, ки овардем, вагарна таърихи Ислом ҳикоят аз вуҷуди ихтилофҳои гуногуне миёни мусулмонони садри Ислом дар масоили динӣ мекунад, ки қобили шумориш нест. Вале ин ихтилофот ҳаргиз монеи ваҳдат, ҳамкорӣ ва якпорчагии онҳо набудааст.

Мусулмонон аз ҳамон оғози беъсат дар партави таълимоти ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омўхта буданд, ки ҳаргоҳ касе калимаи шаҳодатайн ба забон оварад (яъне Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун Расулуллоҳ бигўяд), мусулмон ҳисобида шуда ва рехтани хуну моли ў барои дигар мусулмонон ҳаром мегардад ва дигар ҷоиз нест касе ўро кофир хонад, ҳатто агар пойбанд ба анҷоми баъзе аз маросими динӣ монанди намоз хондан ва ё рўза гирифтан набошад.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки донишмандон ва мутафаккирони исломӣ, бо ин ки қабул доранд миёни мусулмонон дар порае аз масоили динӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале таъкиди фаровон бар ваҳдат ва якпорчагӣ намуда ва мусулмононро шадидан аз тафриқа ва парокандагӣ барҳазар медоранд. Онҳо мўътақид ҳастанд, ки вуҷуди ихтилофи назар дар баъзе аз масоил, зараре бар Исломи банда надорад модоме ки калимаи шаҳодатайн бар забон ҷорӣ созад. Аз дидгоҳи онҳо кофир донистани ҳеҷ як аз пайравони мазоҳиби исломӣ, модоме ки Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун Расулуллоҳ бигўяд, дуруст нест.

1 ‒ Сураи Оли Имрон, ояти 103.

2 ‒ Сураи Анфол, ояти 46.

3 ‒ Сураи Тоҳо, оятҳои 92 то 94.

4 ‒ Наҳҷ‒ул-балоға, номаи 62.

5 ‒ Наҳч‒ул-балоға, хутбаи 73.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хушгуфторӣ ва хушкаломӣ бо дигарон
Ошноӣ бо Наҳҷулбалоға – II

Матолиби пурбоздид