Давлати Амрико эътимоди мардумашро аз даст додааст

Таҳлили хабарӣ

Давлати Амрико эътимоди мардумашро аз даст додааст

Таҳлил

Бар асоси таҳқиқоти анҷомгирифта, давлати Амрико эътимоди мардумашро аз даст додааст.

Назарсанҷии муассисаи  Галлуп  ҳикоят аз он даоад, ки дусеввуми мардуми Амрико, ба Ҷу Бойден, раиси ҷумҳури кунунӣ ва тими иқтисодии ӯ беэътимод ва нисбат ба амалкарди иқтисодии давлаташон нигарон ҳастанд.

Натоиҷи пажуҳише, ки мунташир шуд, нишон медиҳад эътимоди мардуми Амрико ба давлаташон дар миёни кишварҳои санъатӣ, дар поёнтарин сатҳ қарор дорад. Муасисаи назарсанҷии Галлуп эълом кард, танҳо 31 дарсади амрикоиҳо дар соли 2022 эълом кардаанд, ба давлаташон эътимод ва итминон доранд.

Ҷойгоҳи давлати Амрико дар соли 2022 бисёр мутафовиттар аз ҷойгоҳе буд, ки дар соли 2006 дошт. Дар назарсанҷии мушобеҳе, ки дар соли 2006 анҷом шуд, 56 дарсад аз бузургсолон дар Амрико дар посух ба ин пурсиш, ки оё  ба давлататон этминон доред, посухи мусбат дода буданд.

Дар он сол Амрико дар ҷойгоҳи нахуст қарор дошт. Додаҳои Галлуп нишон медиҳад, эътимод ба давлат дар миёни бузургсолони амрикоӣ факат як сол, соли 2009 ба 50 дарсад расид ва дар соли 2020 ҳам 46 дарсад буд. Эътимоди дохилӣ ба давлати Амрико дар солҳои ахир чандин бор дар камтарин рақам қарор доштааст, аз ҷумла дар соли 2018, ин рақам 31 дарсад буда, дар соли 2016 мелодӣ 30 дарсад ва дар соли 2013  ҳам 29 дарсад сабт шудааст.

Далоили мухталифе барои беэътимодии мардуми Амрико ба давлати ин кишвар вуҷуд дорад. Аз ҷумлаи муҳимтарин маврид дар  ин замина метавон ба бӯҳрони нокоромадии давлати федерол ва иттихози иқдомоти мағоир бо манофеъ ва масолеҳи бештари мардуми ин кишвар донист.

Ин масъала бавижа дар давраи  раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп раиси ҷумҳури собиқи Амрико, бо мухолифати шадид ва талош барои лағви барномаи беҳдоштӣ ва дармонии Обама раиси ҷумҳури асбақи ин кишвар, пайдо кард. Дар ҳоле, ки ҳадаф аз ин барнома, пӯшиши шумори  бештаре аз амрикоиҳо дар бимаҳои дармонӣ буд;  бавижа бо таваҷҷӯҳ ба ин ки тибқи оморҳо, ҳудуди 40 миллион шаҳрванди амрикоӣ фоқиди бимаҳои дармонӣ буданд, дар ҳоле ки ҷумҳурихоҳон аз ҷумла Трамп асосан эътиқоде ба ин барномаи давлатис Обама надошта ва ҳанӯз ҳам дар ростои лағви он дар Конгресси Амрико талош мекунанд.

Ҳамчунин назарсанҷии муассисаи  Галлуп  ҳокист, ду севвуми мардуми Амрико, ба Ҷу Бойден раиси ҷумҳури кунунӣ ва тими иқтисодии ӯ беэътимод ва нисбат ба амалкарди иқтисодии давлаташон нигарон ҳастанд.

Далели дигари беэътимоди мардуми Амрико ба давлатҳои ин кишвар, масъалаи фасоди ахлоқӣ ва молии мақомот, бавижа руасои ҷумҳури ин кившар аст. Дар ин замина Доналд Трамп на фақат дар давраи раёсати ҷумҳурии худ бо иттиҳомоти мухталифи молӣ ва ахлоқӣ мувоҷеҳ буд, балки дар бурҳаи кунунӣ низ парвандаҳои зиёде дар заминаи фасоди ахлоқӣ ва пардохти ҳаққи сукут ба заноне, ки бо онҳо робита дошта ва низ парвандаҳои амниятӣ ва тарҳҳои иттиҳом алайҳи вай дар заминаи ҳифзи асноди маҳрамона дар виллои шахсии худ, пас аз поёни давраи раёсати ҷумҳуриаш мувоҷеҳ шудааст.

Зимни ин ки алайҳи бунёди Трамп, ки тавассути фарзандони Доналд Трамп идора мешавад, иттиҳомоти зиёде, аз ҷумла дар заминаи фасоди молӣ матраҳ аст.

Алайҳи Ҷу Байден раиси ҷумҳури кунунӣ ва хонаводаи вай низ, иттиҳоми зиёде  аз ҷумла суистифода  аз қудрат дар ростои манофеи  хонаводагӣ, бавижа дар давраи муовинати  раиси ҷумҳурии вай, матраҳ шудааст.

Акнун бо таваҷҷӯҳ ба мавориди мутааддиди лағзишҳои забонӣ ва рафторҳои Ҷу Бойден ва ифшои ин сир, ки ӯ шабҳо бо дастгоҳҳои кумакии танафусӣ мехобад, масъалаи саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ ва омодагии зеҳнии вай барои тадовуми тасаддии масъулияти ҳассоси раёсти ҷумҳурӣ ва муҳимтар аз он, эъломи омодагӣ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 башиддат зери савол рафтааст.

Масъалаи дигаре, ки эътимоди амрикоиҳоро ба нафъи  давлати ин кишвар балки Конгресси Амрико низ зери савол бурдааст, ҷанҷолҳо ва бӯҳронҳои сиёсии солҳои ахир, бавижа ҷанҷоли пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 ва эъломи пирӯзии  Ҷу Бойден ва шикасти Доналд Трамп бо адами пазириши натиҷаи интихобот ва иддаоҳои тақаллуби густарда дар он, ҳаводорони худро ба барпоии эътирозот бо баргузории тазоҳурот ва таҷаммуот дар эътироз ба натиҷаи интихобот барангехт.

Нуктаи дигар ин ки беэътимодии амрикоиҳо сирфан ба давлати ин кишвар маҳдуд намешавад, балки беэътимодии бештаре нисбат ба Конгресси Иёлоти Муттаҳида дар байни мардуми ин кишвар ба чашм мехурад. Мардум муътақиданд, ки давлати Амрико қобили такя нест ва пояҳои устувори мардумии худро аз даст додааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон ва Покистон – ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ
Чаро Омрико душманони худро муттаҳид мекунад?

Матолиби пурбоздид